ВидеоҶомеа

ДАР ДУШАНБЕ ЯК ҶАВОНЗАН ЯК МАРДРО ЛАТТУКӮБ КАРДА, БА ДАСТИ ЧАПАШ КОРД ЗАДААСТ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намуда, аз он шикоят кардааст, ки шаби 11-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 03:00, дар хонаи истиқоматиаш ҷавонзани 22-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо корд ба ӯ ҳамла намуда, дасти чапашро захмӣ намудааст. Мувофиқи натиҷаҳои ташхиси судӣ-тиббӣ, ҷабрдида ҷароҳати сабук бардоштааст.  Сабаби чунин бархӯрди хашмгинонаи ин ҷавонзан гуфта нашудааст. ВКД танҳо гуфт, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Тибқи моддаи 112 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ), расонидани зарари сабук ба саломатӣ, ки боиси ба мӯҳлати кӯтоҳ хароб шудани саломатӣ ё андаке ба таври устувор аз даст додани қобилияти меҳнат гардидааст, бо корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 80 то 160 соат ё бо ҷарима ба андозаи то 300 нишондиҳанда  барои ҳисобҳо (як  нишондиҳанда = 60 сомонӣ) ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати то 2 сол ҷазо дода мешавад.

Ин нахустин ҳодисаи аз тарафи занон латтукӯб шудани мардон дар Тоҷикистон нест.

Як зани 39-солаи сокини Шӯроб дар Исфара аз ҷониби кормандони милитсия дар аввали моҳи июн  бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуда буд. ВКД гуфт, ин зан, ки пеш бо моддаи 237, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои авбошӣ суд шудааст,  шаби 1 июн, тахминан соати 22:00, дар хонаи истиқоматиаш  дар ҷараёни муноқиша бо корди хоҷагӣ ба китф ва шиками ҳамзисташ, марди 28-солаи сокини шаҳраки Шӯроб ду зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, мардро бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона карда, ба зидди зан бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Ба ин зан бар асоси ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекард, вале то кунун дар бораи то ба куҷо расидани тафтиши ин парванда гузорише ба даст нарасидааст. Сабаби ба сари ҳамзисташ корд кашидани ин зани сокини Шӯроб низ гуфта нашудааст.

Ҳамин тавр, бино ба иттилои ВКД, як зани 28-солаи зодаи ноҳияи Восеъ, муввақатан сокини шаҳри Душанбе нимаи дуюми рӯзи 2 июн, тахминан соати 18:00, дар хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Р.Амакии пойтахт дар ҷараёни муноқиша бо шавҳари 21-солааш шишаи оинаи хонаро шикаста, 2-маротиба ба бадани шавҳараш задааст. Сабаби муноқишаи хунини зану шавҳар ошкор карда нашуд, вале дар натиҷаи ин ҷанҷол, ҷабрдидаро бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда, завҷаашро ба ҳабс гирифтанд. Ба ин зан низ то 8 соли зиндон таҳдид мекард, вале то ҳол хабаре ба даст нарасидааст, ки оё тафтиши ин парванда ба анҷом расид ё зану шавҳар баъди муддате боз оштӣ карда, аз баҳри  даъво гузаштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button