АфғонистонВидеоКоррупсия

АКСИ НАВИ АМРУЛЛОҲ СОЛЕҲ ДАР КӮҲҲОИ ПАНҶШЕР ВА ДАЪВОИ ТОЛИБОН ДАР БОРАИ ЁФТАНИ ХИШТҲОИ ТИЛЛО ВА 6,5 МЛН $ АЗ ХОНАИ Ӯ (ВИДЕО)

Рӯзи 13 сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси нави Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон дар давраи президентии Ашраф Ғанӣ, ки баъди аз кишвар гурехтани Ғанӣ худро сарпарасти мақоми раисиҷумҳури Афғонистон эълон кард,  нашр шуд. Дар ин акс Солеҳ дар як мавзеи кӯҳистонӣ дар ҳоле сабт шудааст, ки дар сар кӯлоҳ ва дар китф халтаи рюкзак дорад ва тарафи теппаи кӯҳ меравад. Дар канори ӯ зоҳиран муҳофизи ӯ роҳ меравад, чунки  дар тан либоси низомӣ ва ҷавшан (бронежилет) ва дар дасташ автомат дорад.

Муаллифи акс мегӯяд, ки ин акси Амруллоҳ Солеҳ дар кӯҳҳои Панҷшер гирифта шудааст. Тафтиши воқеияти ин тавассути манобеи дигар имкон надорад.

Амруллоҳ Солеҳ инак 10 рӯз боз дар маҳзари ом зоҳир нашуда буд. Ӯ бори охир рӯзи 3 сентябр дар як видео овозаҳо дар бораи фирораш аз Панҷшер ба Тоҷикистонро рад карда буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 13 сентябр Толибон тавассути саҳифаҳои афроди ба ин гуруҳ наздик дар Интернет видеоеро нашр карданд, ки лаҳзаи дар як хона дар рӯи фарш нишастану, пулу ҷавоҳиротро баршумурдани чанд мардро нишон медиҳад. Муаллифон иддао доранд, ки ин сабти лаҳзаҳои кофтукови хонаи Амруллоҳ Солеҳ аст ва гӯё мақомоти амниятии Толибон аз хонаи ӯ 6,5 миллион доллар пули нақд ва миқдори зиёди хиштҳои тилло пайдо кардаанд. “Ва танҳо рӯи ин айсберг аст”, – навиштааст яке аз корбароне, ки ин видеоро дар Твиттер нашр кардааст.

Худи Амруллоҳ Солеҳ ба ин иддао то ҳол вокуниш накардааст ва маълум нест, ки оё  ин дар ҳақиқат хонаи ӯст ва ин ҳама пулу тиллои ёфтшуда ба вай тааллуқ доранд? Тавассути манобеи мустақил санҷидани воқеияти ин хабар имконпазир ба назар намерасад.

Ҳафтаи гузашта хабар омад, ки ҷангиёни Толибон хешовандони зиёди Амруллоҳ Солеҳро дар Кобул боздошт карда, Ҳоҷӣ Рӯҳуллоҳ Солеҳ, бародари калонии  ӯро куштаанд.

Аммо дар мавриди чӣ гуна кушта шудани ӯ ду фарзия баён мешавад. Сокинони Панҷшер гуфтанд, ки Ҳоҷӣ Рӯҳуллоҳ чанд рӯз пеш дар як задухӯрд бо ҷангиёни Толибон ба ҳалокат расид. Вале бархе манобеи наздик ба Ҷабҳаи муқовимат гуфтанд, ки Ҳоҷӣ Рӯҳуллоҳро дар роҳ ба Кобул ҷангиёни Толибон шинохта, асир гирифтаанд ва ӯро азобу шиканҷаи зиёде дода, куштаанд.

https://twitter.com/Salemalmas4/status/1436263522409885727

Амруллоҳ Солеҳ дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ мақоми муовини аввали раисиҷумҳурро дошт. Баъди аз Афғонистон фирор кардани Ашраф Ғанӣ, Амруллоҳ Солеҳ, ки аз пойтахт, шаҳри Кобул ба зодгоҳаш, дараи Панҷшер  паноҳ бурд, худро раҳбари аввали кишвар эълон кард.  Ӯ ҳамчунин гуфт, аз Аҳмади Масъуд ба ҳайси раҳбари муқовимати зидди Толибон пуштибонӣ мекунад.

Дар як моҳи охир алакай чанд маротиба боз овозаҳо дар бораи гӯё ба Тоҷикистон фирор кардани Солеҳ паҳн мешаванд.

Амруллоҳ Солеҳ бори охир аз худ рӯзи 3 сентябр дарак дод ва бо нашри як видео сарусадоҳо дар бораи тарки Панҷшер карданашро рад кард. Баъди он боз хабарҳое нашр шуд, ки Амруллоҳ Солеҳ рӯзи 5 сентябр ба Душанбе омадааст, то заминаро барои музокироти байни Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон дар пойтахти Тоҷикистон омода кунад. Сафири Афғонистон дар Душанбе Зоҳир Ағбар тасдиқ кард, ки Амруллоҳ Солеҳ Душанбе омада буд, вале ба гуфтаи сафир, ӯ алакай ба Афғонистон баргаштааст. Бо ин вуҷуд, маҳалли будубоши кунунии Амруллоҳ Солеҳ аниқ нест ва рӯшан нест, ки оё ӯ дар Панҷшер аст ё берун аз Афғонистон?

Амруллоҳи Солеҳ 48 сол дошта, мисли Аҳмадшоҳи Масъуд зодаи дараи Панҷшер аст. Ӯ 15 октябри соли 1972 ба дунё омада, солҳои 90 дар Душанбе намояндаи бахши амниятии Эътилофи шимол буд ва масъулияти ҳамоҳанг сохтани кумакҳои Тоҷикистону Русия ва Эрону Ҳинду кишварҳои дигари пуштибонии ин эътилофи зидди Толибон ба раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъудро ба дӯш дошт.

 Дар даврони президентии Ҳамиди Карзай аз соли 2004 то 2010 Амруллоҳи Солеҳ роҳбарии Раёсати амнияти Афғонистонро бар уҳда дошт ва дар давраи Ашраф Ғанӣ то расиданаш ба мақоми ноиби президент дар соли 2019 вазири корҳои дохилӣ буд.

Дар интихоботи ахири президентии Афғонистон Амруллоҳи Солеҳ ғайричашмдошт аз доктор Абдуллоҳ бурида, ба тими Ашраф Ғанӣ пайваст. Баъдан маълум шуд, ки ин муомила дар ивази  тақдими курсии ноиби  президент ба Амруллоҳи Солеҳ сурат гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button