ДАР ҶАМОАТИ ДАР-ДАР ЯК ҶАВОН ҲАМДЕҲААШРО 11 ЗАРБАИ КОРД ЗАДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 9-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 02:00, марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба хонаи истиқоматии марди 26-солаи сокини ҳамин ҷамоат рафта, аз сабаби мунақишаи ба миён омада, бо корди бо худ дошта 11-маротиба ба аъзои гуноогуни бадани ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси қисми 3 моддаи 32 ва қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафишот идома дорад.
Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Сабаби муноқишаи байни ду ҳамдеҳа, ки бо чунин оқибати хунин анҷом ёфт, гуфта нашудааст.