ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ЗАНИ ТОҶИКРО ДАР МАСКАВ БО АФСОНАИ 2 МЛН $ БАРОИ КӮДАКОНИ ТОҶИК ФИРЕБ ДОДАНД (ВИДЕО)

Нашрияи русии “Комсомолская правда” қиссаи чӣ гуна дар поёни моҳи август ба доми шабакаи қаллобони байналхалқӣ афтодани як оилаи зодагони Тоҷикистон дар шаҳри Маскавро нақл кардааст. Анзори 33-сола ва ҳамсари 30-солааш Амира (номи ҳарду иваз карда шудааст) дар Маскав дар кӯчаи Святоозерская зиндагӣ мекунанд. Анзор дар як ширкати яклухтфурӯшӣ намояндаи тиҷоратӣ буда, аксари вақт дар ҷои кор аст, Амира бошад ба корҳои хона машғул аст.

Дар поёни моҳи август Амира ба шавҳараш занг зада, зорӣ кард, ки барои табобати хоҳараш дар Душанбе оҷилан 135 ҳазор рубл бидиҳад. Анзор бе ягон неву нестон ба рақаме, ки ҳамсараш гуфт, ин маблағи пурсидаи ӯро гузаронд.

Баъди чанд соат Анзор хост аз ҳамсараш фаҳмад, ки аҳволи хоҳараш чӣ гуна аст ва оё ӯ пулро гирифт ё на? Амира ба вай иқрор кард, ки фиребаш додааст ва дар асл ин пулро барои як кори хайр аз вай пурсида буд, вале маълум шуд, ки ба доми қаллобон афтодааст.

Амира гунаҳкорона ба Анзор нақл кард, ки чанде пеш дар Фейсбук бо Ирина ном ҷавонзане шинос шуд, ки дар Бритониё зиндагӣ мекардааст. Ирина ба Амира нақл кардааст, ки чанде пеш шавҳари миллионераш вафот кард ва ба вай 2 миллион доллар мерос боқӣ гузошт.

Ирина гуфтааст, ки тасмим гирифтааст, то ин ду миллионро барои корҳои хайр ва мушаххасан барои кӯдакони ятим дар Тоҷикистон сарф кунад. Ӯ Амираро бовар кунонд, ки як одам ин ду миллионро дар ҷомадон ба шакли нақд аз Бритониё ба Душанбе мебарад. Амира, қарори маълум, аз ин дасти хайри Ирина ба ваҷд омад ва ӯро сипоси зиёд гуфт.

Баъди чанд рӯз бо Амира “курйер”, ки мебоист ду миллион доллар пули нақдро ба Тоҷикистон мерасонд, дар тамос шуда, хабар дод, ки ҷомадони пулҳоро аз Лондон баровард, вале дар хатти марзи Тоҷикистон ӯро барои қочоқи маблағи бузурги нақд дастгир кардаанд. Ӯ бо изҳори ташвиш аз тақдири пулҳои хайрия ва таҳдиди мусодира шудани онҳо гуфт, танҳо Амира метавонад ин пулҳо ва амри хайрро наҷот диҳад. “Курйер” гуфтааст, ки гӯё бо марзбонҳои тоҷик маслиҳат кардааст ва онҳо розӣ шудаанд, ки дар сурати пардохти 135 ҳазор рубл “ҷарима” ба вай иҷозати ворид кардани ду миллионашро бидиҳанд. Он мард гуфтааст, ки ҷомадони пулҳои вайро мусодира кардаанд ва ӯ бо худ пули нақд надорад, ки ин ҷаримаро пардохт кунад ва аз ин рӯ, тамоми умедаш ба Амира аст.

Амира ба ин афсона бовар карда, дар воқеъ бо итминон ба инки ба кори хайр кумак мекунад, аз шавҳараш хост, ки 135 ҳазор рублро ба ҳисоби қаллобон гузаронад.

Баробари гирифтани пул на Ирина дигар аз худ дарак дод ва на он марде, ки гӯё барои кӯдакони ятим ба Тоҷикистон пул мебурд.Манбаи “Комсомолская правда” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯяд: “Ба пулис Анзор З., ки 33 сол дорад, муроҷиат кард. Ӯ нақл кард, ки ҳамсараш ба доми фиреби қаллобон афтодааст. Афроди ношинос бо як баҳонаи бофта занро мутақоид кардаанд, ки ба ҳисоби гуфтаи онҳо 135 ҳазор рубл гузаронад.  Азбаски зан худаш чунин пул надошт, шавҳарашро фиреб додааст, то ин маблағи лозимро ба он ҳисоб гузаронад. Баъди ошкор шудани қаллобиашон, қаллобон ғайб заданд ва дигар ба алоқа набаромаданд. Қаллобон ин дафъа як афсонаи комилан навро барои фиреб додани шаҳрвандон истифода бурданд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button