АфғонистонВидеоСиёсат

ПАЁМИ АҲМАД МАСЪУД: ПАНҶШЕР ТО АЛҲОЛ МАҲКАМ ИСТОДААСТ!

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар саҳифаҳояш дар Твиттер ва Фейсбук хабари ба дасти Толибон афтодани дараи Панҷшерро овозаи беасос номид ва навишт, “Панҷшер то алҳол маҳкам истода”.  

 Ин баёнияи Аҳмад Масъуд дар посух ба иддаоҳои Толибон аст, ки тарафдоронаш шаби гузашта дар Кобул бо тиру мушакандозӣ пирӯзиашон дар Панҷшерро ҷашн мегирифтанд.

Матни пурраи паёми Аҳмад Масъуд чунин аст:

Ҳеҷ гоҳе аз мубориза барои Худо, озодӣ ва адолат даст намекашем. Мубориза чи мисли Панҷшер, ки то алҳол маҳкам истода ва чи мисли хоҳарони боғайрати Ҳироти мо, ки фарёди ҳақхоҳиро шуҷоъона баланд карданд, нишондиҳандаи ин аст мардум аз хостаи бар ҳаққи хеш хаста намешаванд ва аз ҳеҷ таҳдиде намеҳаросанд.

Шикаст вақте иттифоқ меафтад, ки аз муборизаи бар ҳаққи хеш даст бикашед ва хаста шавед.

Мардуми мо ҳеҷ вақт ба таваккали Худо хаста намешаванд ва то сохтани Афғонистони ободу озод ва мустақил ба пеш хоҳанд рафт.”

Генерал Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири дифои Афғонистон дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ, низ дар Твиттераш навишт, “Толибон то ҳол Панҷшерро нагирифтааст. Хоҳиш мекунам, бо овозаҳои беасос рӯҳияи нирӯҳои муқовиматро нашиканед. Ғуломони Покистон агар Панҷшерро ишғол кунанд, Панҷшер гӯри онҳо хоҳад шуд.”

Толибон шаби 3 сентябр эълон кард, ки пас аз 5 рӯзи ҷангҳои шадид ҷангиёнаш тавонистанд вориди дараи Панҷшер шаванд ва маркази Париён, бузургтарин вулусволии вилояти Панҷшерро ишғол кунанд.

Бино ба хабарҳо, ҷангиёни Толибон шаби 3 ба 4 сентябр ин пешравии худ дар Панҷшерро бо тирпаррониву мушакандозиҳо дар Кобул таҷлил мекарданд.

Манобеи хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” дар Панҷшер хабари тасарруфи маркази вулусволии Париёнро тасдиқ кардаанд. Париён зодгоҳи Мавлавӣ Абдулалӣ, нафарест, ки Толибон волии Панҷшер таъйин кардааст.  Манобеи “Спутник” ба дасти Толибон афтодани Париёнро ба ҳамин далел рабт додаанд, вале гуфтаанд, ки ҷанги онҳо идома дорад.

Толибон ҳамчунин иддао кардаанд, ки Амруллоҳ Солеҳ, ноиби аввали раисиҷумҳури Афғонистон, ки ба Панҷшер паноҳ бурда буд, ба Тоҷикистон фирор кардааст. Бархе расонаҳо аз фирори Аҳмад ӣМасъуд, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ хабар додаанд.

Аммо манобеи наздик ба Аҳмади Масъуд дар суҳбат бо “Спутник Тоҷикистон”  ин хабарро дуруӯ номида, гуфтаанд: “Ин дурӯғ аст. Ишғоли Панҷшер рӯзи охирини мо дар зиндагӣ хоҳад буд. Ин ҳарфи раҳбари мост”.

Амруллоҳ Солеҳ низ дар як навори видеоӣ хабарҳо дар бораи фирорашро рад кард ва гуфт, дар дараи Панҷшер қарор дорад.

Дар ҳафтаи ҷорӣ намояндагони Толибон изҳор доштанд, ки азбаски музокираҳо бо Панҷшер натиҷа надод,  ҷангиёни ин ҳаракат бо ҷанг Панҷшерро хоҳанд гирифт. Чанд рз боз дар бораи ҷангҳои сахт дар марзи Панҷшер гузоришҳо ба даст мерасанд.

Дар ҳоли ҳозир вилояти Панҷшер танҳо вилоят аз 34 вилояти Афғонистон аст, ки ба Толибон таслим нашуд. Дар инҷо чанд ҳазор нафар ҷамъ омада, Ҷабҳаи муқовимати миллиро ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд шакл додаанд.

Хабари ба дасти Толибон суқут кардани вулусволии Париён дар ҳолест, ки қаблан дар бораи дар Тоҷикистон доир шудани музокироти ояндаи Толибон бо Аҳмади Масъуд хабарҳо ба даст расида буд. Нашрияи муътабари ғарбии  Financial Times  бо нақли қавл аз ду нафари огоҳ аз ҷараёни музокироти байни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат хабар дод, ки интизор меравад, ду ҷониб дар Тоҷикистон дар бораи шеваи тақсими курсиҳои ҳукумат гуфтугӯ кунанд.

Шабакаи Al Jazeera хабар дод, ки  Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, аз Толибон 30%-и ҳукуматро талаб дорад.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия рӯзи 2 сентябр дар Екатеринбург гуфт, Маскав байни Толибон ва панҷшериҳо миёнаравӣ карданӣ нест, вале дар ин маврид нақши муҳимро, ба ақидаи ӯ,  метавонад Тоҷикистон бозӣ кунад, чунки муҳраи асосии нирӯҳои муқовимат дар дараи Панҷшерро тоҷикони Афғонистон ташкил медиҳанд. 

Ҷунбиши Толибон дар аввали моҳи август дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ тавонист дар байни ҳамагӣ 10 рӯз қариб тамоми қаламрави Афғонистонро тасарруф карда, рӯзи 15 август вориди пойтахт, шаҳри Кобул шавад. Аксари шаҳру вилоятҳо, аз ҷумла Кобул, ба Толибон тақрибан бидуни ҷанг таслим шуданд. Вале вилояти Панҷшер ба Толибон таслим нашуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button