МАРГИ ДУ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ҶОЙҲОИ КОРАШОН ДАР МАСКАВ
Дар ҳафтаи равон дар Маскав дар натиҷаи фалокатҳо дар ҷои кор ду муҳоҷири тоҷик ҷон бохтанд. Якеи онҳо ҳамагӣ 20 сол ва дуюмӣ 63 сол доштанд.
Муҳоҷири солхӯрдаи тоҷик рӯзи 2 сентябр ба ҳалокат расидаааст. Додситонии шаҳри Маскав дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки “дар як сохтмон дар кӯчаи Рябиновая экскаватор ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ бо ковши худ як коргарро зер кардааст. Дар натиҷаи марди 63-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Санҷиши додситонӣ идома дорад. Муовини прокурори прокуратураи байниноҳиявии Никулино Михаил Калгин ба ҷои ҳодиса рафтааст”.
Қаблан хабар дода буданд, ки рӯзи 31 август як ҷавони 20-сола аз Тоҷикистон ҳангоми тоза кардани дег тасодуфан нафасгир шуда, ҷон додааст. Ин ҳодиса дар як сохтмон дар кӯчаи Летная, ки ҷавони тоҷик онҷо кор мекард, рӯй додааст.
Бино ба хабарҳо, ҷавони тоҷик барои тоза кардани дег аз болгарка истифода бурда, ҳангоми кор ба хотири онки шарораҳои болгарка ба рӯяш нападаранд, рӯю гарданашро бо як рӯймонл пӯшондааст. Вале аз қазо болгарка ногаҳон як гӯшаи рӯймолро мепечонад ва чунон тоб медиҳад, ки рӯймол гулӯи ҷавони бечораро буғӣ мекунад. Ҷавон дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.
Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун, аз ҷумла бар асари фалокатҳо дар ҷои кор, беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд.
Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ин тақрибан нисфи тамоми аҳолии қобили кори Тоҷикистон мебошад.