ВидеоМуҳоҷирон

МОҶАРОИ ХУНИН ДАР ПЕТЕРБУРГ: ҶАМШЕД РАЙҲОНРО БАРОИ 20 ҲАЗОР РУБЛ ҚАРЗАШ КУШТ (ВИДЕО)

Шаҳрванди 42-солаи Тоҷикистон Ҷамшед Сулаймоновро дар Петербурги Русия бо иттиҳоми куштор барои ду моҳ ба ҳабс гирифтанд. Ӯ дар қатли ҳамватанаш Райҳон, зани 39-солаи модари ду фарзанд, айбдор мешавад. Бино ба фарзияи тафтишот, Ҷамшед Райҳонро барои ҳамагӣ 20 ҳазор рубл пули қарзаш куштааст. Ин ҳатто камтар аз 300 доллар аст.

Тафтишот мегӯяд, Ҷамшед Райҳонро дар ҷои кораш: як коргоҳи қаннодӣ  дар кӯчаи Комсомоли ноҳияи Калинини шаҳри Петебург бо роҳи буғӣ кардан ва чанд зарбаи корд ба қатл расонда, сипас ба фурудгоҳ рафтааст, то ба Тоҷикистон фирор кунад ва аз ҷавобгарӣ гурезад. Вале мақомот тавассути сабти видеокамераҳои назоратӣ ва телефони мобилаш, ки ҳангоми куштани Райҳон дар ҷои ҳодиса аз дасташ афтода, шикастааст, шахсияти қотилро хеле зуд муайян карданд ва Ҷамшедро замоне дастгир карданд, ки аз фурудгоҳи Пулковои Петербург алакай ба Маскав парвоз карда, акнун дар фурудгоҳи Маскав барои парвози ниҳоӣ ба Тоҷикистон омодагӣ медид. Ба Сулаймонов бар асоси моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Ӯ дигар солҳои наздик Тоҷикистонро нахоҳад дид…

Шабакаи телевизионии “Санкт-Петербург” ( TOPSPB.TV ) дар як гузориши видеоӣ тафсилоти қатли як зани муҳоҷиро дар Петербургро нашр кард.  Хабарнигори шабака Анна Кострова мегӯяд, “одатан бӯи шоколад дар инсон ҳисси ваҷду ҳатто хушбахтиро бедор мекунад, вале бӯи хуши мағозаи қаннодӣ дар кӯчаи Комсомол натавонист ин мардро аз қатли зани қаннод боздорад.”

Бино ба ин гузориш, Райҳон, зани 39-солаи модари ду фарзанд аз Ҷамшед Сулаймонов 20 ҳазор рубл қарздор будааст.  Роман, як ҳамкори Райҳон мегӯяд, “ӯ як зани орому боадабу меҳрубон  а комилан беҷанҷол буд. Дар бораи Райҳон ман ягон ҳарфи бад гуфта наметавонам. Инҷо мушкил дар сари мардест, ки он рӯз пеши ӯ омад.”

Ҷасади ба хун оғӯшта ва банд дар гардани Райҳонро дугонааш, ки баъди кор ба мағозаи ӯ даромада буд, пайдо кардааст. Чӣ гуна куштани ӯро касе надид, вале дар сабтҳои видеокамераҳои назоратӣ дида мешуд, ки як марди либоси сиёҳ дар тан бошитоб тарки мағозаи қаннодӣ мекунад.

“Ӯ 13 сол боз дар ҳудуди ноҳияи Калинин ба таври ғайрирасмӣ мардикорӣ мекард: партовҳоро мебаровард, саҳни ҳавливу биноҳоро тоза мекард. Дар ҳамаи мағозаҳои ин минтақа ӯро мешинохтанд”, — нақл кард раҳбари шуъбаи тафтишоти ноҳияи Калинин Александр Несвит.

Ҷамшед Сулаймонов аввал муддате ба ҷои ҳодиса, ба мағозаи қаннодӣ омадани кормандони мақомотро тамошо карда, сипас ба ҳамаи корфармоёнаш рафта, маошашро гирифтааст ва дар охир чизу чораашро ҷамъ карда, ба фурудгоҳ рафтааст. Ӯ аз фурудгоҳи Пулково то Маскав парвоз кард, вале кормандони пулис ба вай имкон надоданд, ки аз онҷо ба Тоҷикистон фирор кунад.

Сергей Капитонов, сухангӯи раёсати тафтишоти шаҳри Петербург гуфт: “Дар натиҷаи чорабиниҳои тафтишотӣ ва фаврию ҷустуҷӯӣ, ки дар сатҳи баланди касбӣ анҷом дода шуданд, дар як муддати кӯтоҳ ин шаҳрванди 42-сола дар фурудгоҳи Маскав дастгир шуд.”

 Ҷамшедро ба Петербург бо дастони завлонапеч оварданд. Ӯ базудӣ тавассути тарҷумон ба муфаттишон нақл кард, ки шоми шанбеи 28 август ду маротиба ба ҷои кори Райҳон омада буд. Бори якум бо талаби баргардондани пули қарзаш ва бори дуюм барои куштани зани қарздор.

Ӯ мегӯяд: “Райҳон ба ман оби ҷӯшро дароз кард ва бо тамасхур гуфт:”Обро нӯшу рав аз инҷо.”

Ҷамшед аз ин ба хашм омада, ба хонааш дар кӯчаи Михайлов рафта, аз онҷо бо худ корд гирифт. Дар роҳ дар назди як қуттии партов як пора арғамчинро ҳам пайдо карда, онро ҳам бо худ гирифт ва ба ҷои кори Райҳмон баргашт.

Александр Несвит мегӯяд: “Аз баёноташ бармеояд, ки ӯро ба куштор на пули қарз, балки тарзи муносибати зан тела додааст. Ӯ мегӯяд, ки ба вай ваъда дода буданд, ки пулашро медиҳанд, вале ваъдахилофӣ карданд ва ба болои ин нисбат ба вай мисли бо ҳайвон муносибат карданд. Ӯ инро ҳамчун беҳурматӣ нисбат ба худаш қабул карда, аз хашм даст ба куштор задааст.”

Ҷамшед Сулаймонов дар рафти тафтишот нақл кард, ки вақте ба гардани Райҳон арғамчинро андозт, ҷабрдида хеле муқовимат нишон додааст. “Баъди онки қувватам дигар нарасид барои буғӣ кардан, ман кордро баровардам ва як зарбааш задам. Вақте афтид, боз як зарбаи дигараш задам бо корд”, нақл кард ӯ.

Ҷамшед баъди куштани Райҳон ба чизу чораи ӯ даст нарасондааст, пули кассаи мағозаро ҳам нагирифтааст. Ҳатто арғамчинро дар гардани ҷабрдида боқӣ гузошта, танҳо кордро бо худ бурдааст ва дар партовгоҳ партофтааст.

Александр Несвит мегӯяд: “Кордро ёфтан барои мо имкон надошт. Вале арғамчин ва изи ангуштонашро ӯ дар ҷои ҳодиса боқӣ гузоштааст. Гузашта аз ин, ӯ дар ҷои ҳодиса ҳатто телефонашро партофта рафтааст. Телефони вай ҳангоми куштор афтида, шикаста буд ва ӯ онро чунон сахт лагад задааст, ки он зери пештахтаи дӯкон ғелида рафтааст.”

Додгоҳи ноҳияи Калинин ахиран Ҷамшед Сулаймоновро барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Ба ӯ барои қатли модари ду фарзанд то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button