АфғонистонВидеоҲуқуқи инсон

ГЕНЕРАЛ РАҲИМЗОДА: ТОҶИКИСТОН ИМКОНИ ҚАБУЛИ ГУРЕЗАИ ЗИЁДРО АЗ АФҒОНИСТОН НАДОРАД

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 1 сентябр дар мулоқот бо роҳбари Намояндагии Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди вохӯрӣ масоили таҳкими ҳамкориҳо дар самти кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯ аз Афғонистон ва роҳҳои муфиди ҳифз ва кумак ба ин гурӯҳи осебпазири аҳолиро баррасӣ кардааст.

Раҳимзода гуфт, ҳоло дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон80 оила бо фарзандони худ ҷамъ шуда, аз тарсу ваҳми қасди кушторашон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.

Ӯ гуфт, вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун субъекти амалинамоии қабули гурезаҳо онҳоро қабул, омӯзиш ва ба қайд мегирад, аз ташхиси коронивирус мегузаронад, бо онҳо сӯҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад, шахсияти онҳоро муайян мекунад, то аъзои созмонҳои террористӣ зери ниқоби паноҳанда вориди Тоҷикистон нашаванд.

Генерал Раҳимзода бо изҳори  нигаронӣ аз вазъи Афғонистон гуфт, номуайянии қудрати сиёсӣ, надоштани назорати пурра аз болои гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳолати бади башардӯстона дар ин кишвар заминаҳои мусоидро барои ноором сохтани вазъ дар минтақа фароҳам овардааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ба ҳисоби ӯ, танҳо дар 15 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 оилаҳои гурезаҳо аз Афғонистон сабт шудаанд, ки шумораи аҳли оилаи онҳо 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Инчунин дар давраи ғасби Афғонистон аз сӯи Толибон  5000 хизматчии ҳарбӣ ба қаламрави Тоҷикистон ақибнишинӣ карда, давоми як ҳафта дар дохили Тоҷикистон бо шароити мусоид таъмин карда шуда, сипас бо роҳи осоишта онҳо ба ватан баргардонида шуданд.

Бо мақсади сохтани лагерҳо ҳанӯз аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули гурезагон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Фархор, Ш.Шоҳин ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 га замин, ки сохтани инфрасохтори мутобиқро тақозо менамояд, ҷудо карда шуда, ба ташкилоту созмонҳои дахлдор барои кумак пешкаш шуда буд.

Аммо, гуфтааст Рамазон Раҳимзода,  дар давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст. Бинобар ин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯён вуҷуд надорад.

Раҳимзода хостори кумаки Комиссариати олии паноҳандагон барои таъмиру таҷдиди «Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда», воқеъ дар ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабул ва ҷобаҷокунии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯ шуд.

Баррасии масоили гурезаҳо дар вохӯрӣ бо Роҳбари Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо

1-уми сентябри соли 2021 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) ҷаноби Мулугета Зевди вохӯрӣ доир намуд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва роҳҳои муфиди ҳифзи ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ва расонидани кӯмак ба онҳо табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро қайд кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ масъалаҳои ба танзим даровардани кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯяндаро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ менамояд. Мушкилоти гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба мушкилоти глобалӣ табдил шуда, яке аз масъалаҳои душвор дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар робита ба ин Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Танҳо дар 15 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 оилаҳои гурезаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи аҳли оилаи онҳо 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Инчунин дар давраи ғасби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 5000 хизматчии ҳарбӣ ақибнишинӣ карданд, ки давоми як ҳафта дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити мусоид таъмин карда шуда, сипас бо роҳи осоишта онҳо ба ватан баргардонида шуданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар минтақаи дахлнопазири сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 80 оила бо фарзандони худ ҳузур дошта, аз тарсу ваҳми қасди кушторашон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шуданро доранд.

Вазири корҳои дохилӣ вобаста ба ҳодисаҳои охири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нигаронӣ намуда, изҳор дошт, ки номуайянии қудрати сиёсӣ, надоштани назорати пурра аз болои гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳолати бади башардӯстона дар ин кишвар заминаҳои мусоидро барои ноором сохтани вазъ дар минтақа фароҳам овардааст. Илова бар ин қайд гардид, ки дар ин замина имконоти таҳдидҳои террористӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва тарканда, инчунин интиқоли ҷалбгарони терроризм ба дигар давлатҳо афзоиш меёбад. Ин далелҳо ба амнияти натанҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балкӣ барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад.

Бо мақсади сохтани лагерҳо ҳанӯз аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули гурезагон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Фархор, Ш.Шоҳин ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 га замин, ки сохтани инфрасохтори мутобиқро тақозо менамояд, ҷудо карда шуда, ба ташкилоту созмонҳои дахлдор барои кӯмак пешкаш шуда буд.

Аммо дар давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст. Бинобар ин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад.

Дар мадди аввал барои таъмиру таҷдиди «Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда», воқеъ дар ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабул ва ҷобаҷокунии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда Вазир қайд намуд, ки кӯмаки Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид зарур аст.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун субъекти амалинамоии қабули гурезаҳо онҳоро қабул, омӯзиш ва ба қайд мегирад, аз ташхиси коронивирус мегузаронад, бо онҳо сӯҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад, шахсияти онҳоро муайян мекунад, то аъзои созмонҳои террористӣ зери ниқоби паноҳанда вориди Тоҷикистон нашаванд.

Дар ин ҷода мақомоти корҳои дохилӣ омода аст бо Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҳамкорӣ намояд.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ҳамкориҳоро дар самти кор бо гурезаҳо, паноҳҷӯяндагон ва шахсони бешаҳрванд густариш хоҳанд дод.

Гул Маҳбуба

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button