Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК МОДАР ДАР ҲИСОР ПИСАРИ ХУДАШРО БА ДУЗДИИ ПУЛҲОЯШ АЙБДОР КАРДААСТ

Як зани 50-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ҳисор писари 28-солаашро ба он айбдор кардааст, ки ӯ моҳи июл аз хонаи истиқоматиашон 114 ҳазору 320 сомониро дуздидааст.

хххххххххх

Ҷавони 18 ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳрҳои Роғуну Душанбе ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 21 август, соати 10, дар шаҳраки Оби Гарм як ҷавони 19-солаи сокини ин шаҳракро аз ҳиссиёти авбошӣ лату кӯб намуда, ноболиғи 17-сола иба ба тарафи рости шикамаш  корд задааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Шикояти модар аз болои писар

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза зани 50-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ҳисори шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2021, писараш марди 28-солаи сокини ҳамон ҷо, аз хонаи истиқоматиашон 114 ҳазору 320 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо корд захмӣ гардидани ҷавони 19-сола аз ҷониби ноболиғи 17-сола

Ба ШВКД дар шаҳри Роғун бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Оби-Гарми шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21-уми августи соли 2021, тахминан соати 10:10-дақиқа, ҳангоми дар ҷамоати шаҳраки Оби-гарм қарор доштанаш ҷавони 18 ва ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳрҳои Роғуну Душанбе, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, ноболиғи 17-сола бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи рости шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button