ИқтисодТиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ҲОҶӢ МӮСО БАРОТОВ, СОБИҚ ВАЗИРИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод, ки Мӯсо Баротов, вазири собиқи кишоварзӣ рӯзи 23 август дар синни 78 аз олам чашм пӯшид. Вазорат дар номаи таслияташ Мӯсо Баротовро арбоби шоистаи давлатӣ ва “яке аз ин фарзандони барӯманди ҷумҳурии мо, марди забардаст, инсони ҳалим, нексиришт, хайрхоҳ ва меҳрубон” ном бурда, гуфт,  “истеъдоди фавқуллодаи табиӣ, меҳнатқаринӣ ва хислатҳои наҷиби инсонӣ, хайрхоҳӣ, фурӯтанӣ, ботамкинӣ ва хоксории ин кас ҳамеша дар назди дӯстон ҷилвагар мебошад.”

Вазорати кишоварзӣ дар номаи таслияташ дар бораи иллати марги Мӯсо Баротов чизе нагуфтааст,  вале яке аз наздикони марҳум ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки “Мӯсо Баротович чанд рӯзи охир бо бемории коронавирус мубориза мебурданд. Мутаассифона, беморӣ ғолиб омад ва мо як шахсияти хидматнишондодаи Тоҷикистонро аз даст додем. Бисёр инсони шоиста буданд Ҳоҷӣ Мӯсо…”

Хабари даргузашти Ҳоҷӣ Мӯсо Баротов аз коронавирус дар ҳолест, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон дар рӯзҳои охир ягон мавриди фавти шаҳрвандон аз ин бемориро тасдиқ накардааст.

 Мӯсо Баротов 17 феврали соли 1943 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, соли 1966 риштаи агрономии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи  Тоҷикистон ва солҳои 1980-1982 Академияи илмҳои ҷамъиятии шаҳри Москваро  хатм кардааст. Ӯ аз  соли 1968 узви КПСС (Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) буд.

Мӯсо Баротов солҳои зиёде дар шуъбаҳои кишоварзии кумитаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявии ҳизби коммунист кор кард, аз соли 1978 то 1980 котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияи Қумсангир буд.Солҳои 1988-1990 ӯ дар мақоми котиби ҳизби коммунисти вилояти Хатлон кор карда, солҳои 1991-92 котиби якуми ҳизби коммунисти вилояти Қӯрғонтеппа  буд.

Мӯсо Баротов аз соли соли 1995 то 1998 вазири кишоварзии Тоҷикистон буд ва сипас дар дастгоҳи президент ва корпоратсияи “Мадад” кор кард ва соли 2006 ба нафақа баромад.

Тоҷикистон бо фарзандони худ, ки дар рушду инкишофи кишвар саҳми намоён доранд фахр мекунад. Яке аз ин фарзандони барӯманди ҷумҳурии мо Баротов Мӯсо Баротович буданд. Вақте сухан аз боби кишоварзӣ меравад дар қатори аввал симои намоёни кишвар – марди забардаст, инсони ҳалим, нексиришт, хайрхоҳ ва меҳрубон Баротов Мӯсо Баротович пеши назар ҷилвагар мешавад. Мӯсо Баротов аз зумраи он шахсоне мебошад, ки ҳанӯз дар солҳои 60 -70 – уми асри гузашта дар соҳаи кишоварзӣ хизматҳои шоиста кардаанд. Он кас роҳи пуршараф, аз агрономи оддӣ то вазири кишоварзии ҷумҳуриро тай намудаанд.  Обрӯ ва эҳтироми Баротов М. дар Вазорати кишоварзӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дониши амиқу фарох, меҳнатдӯстӣ ва хислатҳои наҷиби инсониаш хеле баланд мебошад”, гуфта мешавад дар номаи таслияти вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Ҳоҷӣ Мӯсо Баротов соли 2017 дар нашриёти “Бухоро” китоби хотираҳояшро бо номи “Ёди он рӯзҳо” дар 440 саҳифа нашр карда буд. Қироншоҳ Шарифзода дар шарҳи ин китоб навишта буд: Ба тафовут аз силсилаёддоштҳои худтавсифкунӣ, муаллиф кӯшидааст, дар бораи дигар ҳамкасбону ҳамкоронаш дар арсаи идораи ҳукуматӣ, ба хусус соҳаи кишоварзӣ, суханони неки воқеӣ бигӯяд. Бояд ёдрас шавам, ки Мӯсо БаротовКорманди шоистаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1966 то ба солнишастаи сазовор шудан, баҳри рушду нумуъи кишвари азизамон, ба хусус кишоварзии он софдилонаю фидокорона заҳмат кашидааст. Дар китоби мазкур лаҳзаҳое хонданӣ аз ҳамкасбону ҳамкорони муаллиф аз Қумсангир то Кӯлобу Роштқалъаву Душанбе ҳаккокӣ шудааст, ки хонанда метавонад аз таърихи даҳсолаҳои рӯзгори Тоҷикистон огоҳӣ ёбад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button