Нуқтаи назарФарҳанг

ҲАФИЗ РАҲМОН: ВАҚТЕ НАВИШТАМ, КИ НАНАВИШТАН ИМКОН НАДОШТ…

Адиби тоҷик Ҳафиз Раҳмон:  Чаро ба адиб унвон медиҳанд ва меъёраш чӣ бошад? Шумораи китобҳо? Эътирофи адиб дар хориҷи кишвар? Натиҷаи ягон назарпурсӣ? Хулосаи мутахассисони нақди адабӣ? Натиҷаи раъйпурсии ҳама аъзои Иттифоқи нависандагон? Боз чӣ?…

Шояд вақташ расида, ки ба моҳияти ин масъала аз мавқеъҳои дигар нигариста шавад, низоми ин кор – унвону мукофот додан ба адибон таҷдиди назар шавад… Ордену медал ё нишонҳои дигар додан аз ҷониби ҳукуматҳо ба афроде, ки хидмати шоиста кардаанд, номи нек бар ивази корҳои нек ба даст овардаанд, дар бисёр кишварҳо ҳаст, тақрибан дар ҳама давлатҳо, аммо иттилоъ надорам, ки унвони “Шоири халқӣ” ё “Нависандаи халқӣ” ғайр аз ду-се кишвар боз дар куҷоҳо роиҷ бошад… Намедонам ва донистан ҳам намехоҳам, чунки дар худи ин ибора мантиқ намебинам: агар вожаи калидӣ халқ бошад, пас, дар асоси кадом раъйпурсӣ муайян шудааст, ки инаш халқист ва дигараш не…

Ё оморе (статистикае) ҳаст, ки аз натиҷаи он мушаххас шавад: чанд фоизи мардум ин ё он шоиру нависандаро мехонанду эътирофаш мекунанд… Медонам, ки “шоиру нависандаи халқӣ” ба маънои асл нест, маҷозист, аммо ба ҳар ҳол…

Хафиз Рахмон

ВАҚТЕ НАВИШТАМ, КИ НАНАВИШТАН ИМКОН НАДОШТ…

(Чанд андешаву пешниҳод)

Адиби маъруфи амрикоӣ, ки хеле ва хеле дӯсташ медорам – Теодор Драйзер, як гуфтори зоҳиран одӣ, вале зебое дорад: “ҳақиқат то он даме ҳақиқат мемонад, ки дар муқобилаш чизи дигаре гуфта нашавад”. Агар, фаразан, дар муқобилаш сухани нодуруст ҳам баён шавад, дар тафаккури ашхоси дигар шубҳа пайдо мешавад. Хеле аз бузургони илму фалсафаи Шарқу Ғарб шубҳаро чизи ниҳоят лозим дар фаро гирифтани дониш, фаҳму дарки масъалаҳои илмӣ эътироф кардаанд…

Ҳадаф аз ин муқаддима он нест, ки ҳатман дар муқобили андешаҳои банда сухане гуфта шавад, не, ин як нуқтаи назар, мулоҳизаест, ки гуфтанашро лозим шумурдам, бидуни баҳсу гуфтумонҳо…

Ба ин кор номаи шоири хушному нависандаи хуби муосирамон Ато Мирхоҷа водорам кард, аввал дар вуҷудам ҳайрат омад, ки чаро чунин шахсияте маълуму машҳур масъалаи шахсиашро расонаӣ кард… Баъдан ҷойи ҳайратро андӯҳ гирифт: то ба ин дараҷа расидани кор инсон бояд хеле азияти фикрӣ кашида бошад, таконеро аз муҳити фаъолият ва фазои ҷомеа ба рӯҳу равонаш эҳсос карда бошад, вагарна, чӣ зарурате буд ифшои дарду алами ботинӣ… Ба иборате дигар, нависанда вақте менависад, ки дигар нанавиштан барояш имкон надорад…

Аз гуфтумони касоне, ки дар рӯзҳои ахир дучорашон омадам, ҳадди ақал се мавқеи фикрии ба ҳам мухолиф ҳосил шуд: иддае мегуфтанд, ки “адиб набояд иззатталабӣ кунад, мардум худаш баҳо медиҳад, барои нависанда муҳаббати мардум беҳтарин подошу мукофот аст”… ва ба ҳамин монанд андешаҳо…

Иддае дигар: “чаро ин кас сазовори унвон асту надоданд, бояд медоданд, синнаш ҳам калон аст, ҳозир надиҳанд, дигар кай медиҳанд, воқеан, хуб нашудааст, дар қиёс бо фалону бисмадониҳо ин кас сад бор беҳтар-ку, ҳаққашро талаб кардааст” ва бад-ин минвол…

Назари гурӯҳи сеюм аҷиб намуд: “ба шоиру нависанда унвону мукофот додан хоҳу нохоҳ, дониставу надониста миёни онҳо ва мухлисонашон тафриқа андохтан аст… Ку санги маҳаки баҳо, канӣ ҳамон меъёрҳое, ки як адиберо аз адиби дигар болову поин ва сазовори подош гардонад?”

Шояд навъи чаҳоруму панҷуми андешаву дидгоҳҳо бошанд, ростӣ, намедонам, он чи ки ба гӯшам расид, ҳамонро овардам…

Ва ҳамин андешаи гурӯҳи чаҳорум ба назарам қобили мулоҳиза намуд: чаро ба адиб унвон медиҳанд ва меъёраш чӣ бошад? Шумораи китобҳо? Эътирофи адиб дар хориҷи кишвар? Натиҷаи ягон назарпурсӣ? Хулосаи мутахассисони нақди адабӣ? Натиҷаи раъйпурсии ҳама аъзои Иттифоқи нависандагон? Боз чӣ?…

Суоли дигаре пешорӯи тафаккур меояд: чаро унвону мукофотҳоро ба адибон давлат диҳад? Шояд барои он ки маоши масъулинаш аз буҷаи давлат аст? Чаро чунин як коре, ки махсусият ва моҳияти эҷодӣ дорад, яъне ба эҷоди адабию бадеӣ дахл дорад, дар худи Иттифоқ ҳал нашавад? О, неку бад ва ҳусну қубҳи эҷодиёти ин ё он адибро магар аз суханшиносони даруни ҳамин иттифоқ беҳтару хубтар боз киҳо муайяну мушаххас карда метавонанд?

Шояд вақташ расида, ки ба моҳияти ин масъала аз мавқеъҳои дигар нигариста шавад, низоми ин кор – унвону мукофот додан ба адибон таҷдиди назар шавад… Ордену медал ё нишонҳои дигар додан аз ҷониби ҳукуматҳо ба афроде, ки хидмати шоиста кардаанд, номи нек бар ивази корҳои нек ба даст овардаанд, дар бисёр кишварҳо ҳаст, тақрибан дар ҳама давлатҳо, аммо иттилоъ надорам, ки унвони “Шоири халқӣ” ё “Нависандаи халқӣ” ғайр аз ду-се кишвар боз дар куҷоҳо роиҷ бошад… Намедонам ва донистан ҳам намехоҳам, чунки дар худи ин ибора мантиқ намебинам: агар вожаи калидӣ халқ бошад, пас, дар асоси кадом раъйпурсӣ муайян шудааст, ки инаш халқист ва дигараш не…

Ё оморе (статистикае) ҳаст, ки аз натиҷаи он мушаххас шавад: чанд фоизи мардум ин ё он шоиру нависандаро мехонанду эътирофаш мекунанд… Медонам, ки “шоиру нависандаи халқӣ” ба маънои асл нест, маҷозист, аммо ба ҳар ҳол…

Дар вохӯрие бо чанд нафар толибилмони яке аз мактабҳои пойтахт писараке суолам медиҳад: дар номинаи адабиёти муосири тоҷик иштирок карданиам (озмуни “Фурӯғ”-ро дар назар дошт), ҳифзи шеърро аз осори шоирони халқӣ сар кунам, ё фарқе надорад? Мепурсамаш: чаро ин тавр мегӯӣ? Посух медиҳад, ки “муаллимамон гуфт, ки шоирони халқӣ аҳаммият доранд, дигаронаш бефоида…”. Хеле асабӣ шудаму гуфтам: муаллиматро мешиносам, одами хуб, аммо бемор аст. Аз номи ман расон, ки каме сарашро табобат кунад… Дигар чӣ ҳам мегуфтам, айб аст, ки ба талаба гӯям: муаллимат садқаи номи муаллим шавад…

Акнун мегузарам ба масъалаи дигаре, ки муҳимтар аст. Сиёсат дар ҳама давру замон ба сари адабиёт соя дошт. Устод Рӯдакӣ, ки ба истеъдоди малакутиаш касе сари хасе шубҳа надорад, шоири дарбор буд, Унсуриву Манучеҳрӣ ҳам… Боз садҳо ва ҳазорон шоири дигар. Дар ҳавзаи адабии Ҳирот, дар аҳди Ҳусайни Бойқаро садҳо шоироне гирд омада буданд, ки гулҳои сари сабади шеъри форсии тоҷикӣ буданд. Ҳаракати аробаи зиндагии онҳоро дарбор таъмин мекард ва хеле ҳам шоиста. Меъёри асосии ба дарбор ҷалб шуданашон танҳо як чиз буд – ҳунар… Ҳатто дар мадҳиясароӣ ҳам ягона меъёр ҳунари шоирӣ буд, Анварӣ бузургтарин қасидасаро ва аксари қасоидаш мадҳӣ буданд, аммо дар ин навъи шеър ҳам доди сухан медод… Шоири беҳунарро на ба дарбор мехонданд, на миёни мардум эътиборе дошт.

Дар даврони шӯравӣ вазъ билкул тағйир ёфт: адабиёт чун донаи гандум зери санги осиёби сиёсат куфта мешуд, адиб ҳаққу ҷуръате надошт, ки як қадам аз фармудаҳои сохтор берун равад, агар мерафт, ҷазо медид. Адабиёт ба василаи “установка”-ҳои ҳизбӣ “пеш” мерафт ва “гул-гул” мешукуфт. Ҳатто устод Айнӣ маҷбур шуда буд, ки тавассути номае аз устод Турсунзода хоҳиш кунад, то ки “установкаи партия”-ро дар мавриди “термин”-и адабиёт (яъне истилоҳи “форс-тоҷик”) барояш дақиқ намояд…

Холиқ Мирзозода барои ба хрестоматияи адабиёти синфи 8-ум дохил кардани шеъри устод Рӯдакӣ “Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме” аз ҷониби устод Турсунзода сахт танқид шуд (манзур – чаро ба ҷойи ин шеър ягон шеъри фошкунандаи шоҳро интихоб накардед… Ниг.:“Тоҷикистони сурх, 11.10.1950).

Ғазалиёти истамбулии устод Лоҳутӣ чеҳраи воқеии шоиронаи ӯро менамояд, аммо сухансанҷе бо чунин кӯлбори каломи ҳунарӣ бо таъсири мафкураи замона маҷбур буд шеърҳое аз ин қабил бисарояд:

Духтарак, эй духтарҷон,

Духтари Тоҷикистон.

Пахта ба фабрик додӣ,

Газвора кардӣ, арзон.

Ҷони манӣ ту…

Хуллас, адабиёт ба сохтори ҳокими шӯравӣ “маҳсулоти адабӣ”-и лозимро медод ва меъёри унвону подошгириҳо аз ҷониби давлат асосан сифати ҳамин “маҳсулот” ва барилова садоқати шоир ба идеалҳои партияи коммунистӣ буд. На саросар, на мутлақо чунин буд, истисноҳое низ буданд, албатта…

Аз сӯйи дигар, дар шуҳраи офоқ шудани бархе адибони воқеан суханвар, аз қабили устод Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзода ва чанде дигар давлати шӯроӣ мусоидати комил кард, пуле устувор миёни онҳо ва мардум сохт, барои нашри осори ин адибон маблағ дареғ намедошт… Аз ин ҷиҳат, агар низоми шӯравӣ намебуд, аз куҷо кашфи истеъдод ва нубуғи ин шуаро муяссар мешуд?

Аз фурсат истифода карда, онҳо ҳам ашъори явмияи ба талаботи идеологияи ҳамонвақта посухгӯ эҷод карданд, ҳам осоре барҷой гузоштанд, ки дар ҳама давру замонҳо арзиш гум намекунанд… Устодон Қаноат ва Лоиқу Бозор маҳбубияти харизматикӣ доштанд, ҳатто дар дурдасттарин деҳкадаҳо, агар осорашонро нахонанду надонанд ҳам, ҳамчун шоир онҳоро мешинохтанд… Як ҳиссаи бузурги умри инҳо ҳам дар низоми пешин гузаштааст. Аз ин се тан Бозор Собир камтар шеър гуфт, аммо ҳар касе, ки ба мулки сухан қадам мегузошт, номи ин шоир вирди забонаш буд…

Ҳадди ақал ду адиберо метавон ном гирифт, ки дар тағйир додани роҳу равиши насри мо инқилоб карданд: Баҳманёру Сайф Раҳимзод. Инҳо насрро аз шоҳроҳи реализм берун оварданд, дунёи рангини дигаргунаеро манзури хонанда карданд. Баҳманёр бо ҳамон шукуҳу шаҳомати насраш на “адиби халқӣ” буду на садрнишини маҳофил, ғарқи дунёи эҷоди худаш буд. Сайф Раҳим авохири умр ба сиёсат пайваст, аммо ба гумонам, ӯ ҳам “нависандаи халқӣ” набуд…

Адабиёт дар шароити кунунӣ, агар тарғибу ташвиқ нашавад, ҳамчун як шакли ҳунар рӯ ба коҳиш меорад, адибони баркамол дар ҳамин пойтахт дар инзиво қарор мегиранд, охир, Тоҷикистон фақат аз Душанбе иборат нест-ку… Аксар нишасту тадобири адибон дар пойтахт мегузарад, толорҳо асосан аз ҳисоби донишҷӯён пур карда мешаванд. Ниҳояти хавф ин аст, ки ҳатто донишомӯзоне, ки ба донишкадаҳои забону адабиёт ворид мешаванд, адибонро намешиносанд, чеҳраҳошонро боре надидаанд… Шояд ҳамон ҳазлгуфторе, ки вирди забонҳост, дуруст бошад: дар кишвари Русия як гурӯҳ намояндагони сохторҳои гуногун барои суҳбат бо муҳоҷирон мераванд ва миёнашон кадом шоире будааст. Ҷавоне аз як намоянда оҳиста мепурсад: “Рудакӣ мегӯянд, Рӯдакӣ мегӯянд, Рӯдакиаш ҳамин кас бошад?”…

Ё манзараеро дар озмуни китобхонии “Фурӯғ” мушоҳида кардам: аз ду-се нафар хоҳиш мекунанд, ки аз шоирони дӯстдоштаашон шеър хонанд, онҳо аз шоирони маҳаллаҳояшон намунаҳо қироат мекунанд… Шеърҳои хому ноқис, ба қавле суханпораҳо. Ин ҳодиса ҷузъӣ ҳам нест: дар аксар ноҳияҳо шоир гуфта наврасону ҷавонони ноогоҳ ҳамон навқаламу куҳнақалами деҳу ноҳияро мешиносанд… Чунки дар оғози чашмкушоӣ ба оламу одам ҳамонҳоро мебинанд…

Барои тағйир ёфтани вазъ шояд аз таҷрибаи дигар кишварҳо истифода кардан муфид бошад: дар аксар кишварҳо мисли мо Иттифоқи адибон нест, аммо кори адабӣ дар авҷ аст, ассосиатсияҳои мухтори қаламкашон амал мекунанд, онҳо сарпарастон доранд, китобҳояшон садҳо ҳазор нусха чоп мешавад. Вазифаи муҳаққиқони фарҳанг аст, ки ин падидаҳоро омӯзанд ва роҳҳали масъалаҳоро пешниҳод кунанд.

Дар масъалаи мукофоту ҷоизаҳо ҳам бояд ҳатман усули демократӣ ба кор равад. Наход шоистагии ин ё он кас ба унвону мукофот, фаразан агар мактаби олӣ бошад, танҳо ба воситаи роҳбари факултаву иттифоқи касаба, ё дар ҷаласаи хурде, ки ҳама бо якдигар ёру рафиқу ҳамқадаҳу ошноянд, ҳаллу фасл шавад? Ҳамин аст, ки баъди эълони мукофот гапу калоча сар мешавад: ин мардак чӣ коре карда бошад, ки якбора соҳиби унвон шуд, о, мо мешиносамаш-ку…

Банда ягон “ресепт”-и дақиқ надорам, ки вазъ чӣ гуна беҳ шавад, аммо метавон аз ҳамин навиштаи пареш ҳам чанд хулоса баровард: масалан, тағйир додани технологияи пешниҳод барои мукофоту ҷоизаҳо тавассути иштироки ҳама алоқамандон, на як гурӯҳ. Ҳатман бо овоздиҳии пинҳонӣ, баъди таҳлили коршиносонаи муҳаққиқони баинсоф ва бо тарзу усуле, ки барои он муҳаққиқон “бехатар” бошад…

Дигар – ҳамасола баргузор намудани назарпурсиҳо аз ҷониби Оҷонсии омори ҷумҳурӣ дар мавриди эътирофи адибон дар ҷомеа ва ҳамчунин кам ё зиёд шудани китобхонӣ.

Дар хулоса мехоҳам ду ҷумлаи устоди равоншодам Худоӣ Шарифзодаро биёрам. Хеле такондиҳанда аст барои андеша ва як навъ ҳушдорест барои аҳли фаҳм. Иқтибос аз мақолаи “Шоир ва шеър”-и устод: “Гап сари он аст, ки шеъри шоир фақат ду шакли мавҷудият дорад: яке сабти он дар дафтару китоб ва дигаре – вуҷудаш дар ёду хотираи мардум. Вақте шеъри шоирро намехонанду намешиносанд, маҳкуми нестӣ мешавад…”.

Ва дар охир: умри банда ба ҷойе расиду на орден дораму на медал, на унвон. Дар тӯли сӣ соли фаъолият. Аҷиб, ки орзу ҳам надорам ва хуб медонам, ки касеро парвои ман нест…

Ҳамин беорзуӣ ё набудани чунин орзуро ба ҳама орзу мекунам. Бовар кунед, ин беҳтарин вазъи равонист!

P.S. То анҷоми ин навишта Алекс аз ман чашм наканд, даъвои ғизо ҳам накард, гумонам, ҳамфикрам буд. Аз куҷо фаҳмидам мегӯед? Ин сиррест миёни ману Алекси ман, дар ин бора дафъаи дигар…

ҲАФИЗ РАҲМОН,

21.08.2021.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button