Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

АЗ АВВАЛИ МОҲИ АВГУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАРИБ 1300 КАС ГИРИФТОРИ КОРОНАВИРУС ШУДААНД

Бар асоси охирин омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки шоми 20 август нашр шуд, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 48 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар ин муддат 53 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд ва хушбахтона, касе нафавтидааст. То шоми 20 август, бар асоси омори расмии вазорат, дар Тоҷикистон 144 нафар дар хона ё бемористон аз коронавирус табобат мегирифтанд.

Аз аввали моҳи август дар кишвар 1292 ҳолати нави сироят ба коронавирус ва се ҳолати марг аз ин беморӣ сабт шудааст, ки назар ба моҳи июл, ки нуқтаи авҷи мавҷи ахири пандемия дар Тоҷикистон шуд, хеле камтар аст. Моҳи июл аз коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, 31 нафар ҷон бохта буд ва шумори онҳое, ки таҳти табобат қарор доштанд, аз 400 нафар бештар буд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то шоми 20 август дар кишвар 16 374 нафар ба коронавируси нави COVID-19 гирифтор шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 106 нафар (98,4%) шифо ёфтаанд ва 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Бисёриҳо ба омори расмии вазорати тандурустӣ бо назари шубҳа менигаранд ва бар инанд, ки ин омор вазъи воқеии паҳншавии пандемияро дар кишвар мунъакис намекунад. Вале сокинон ва табибон низ ҳоло эътироф мекунанд, ки нисбат ба моҳи июл миқёси паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон хеле камтар ба назар мерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button