МУСОДИРАИ 64 КИЛО НОС АЗ МУСОФИРОНИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ БАРНАУЛ
Аз аввали соли 2021 кормандони гумрук дар фурудгоҳи шаҳри Барнаули Русия 64 кило носро мусодира кардаанд. Алёна Кекина, сухангӯи гумруки минтақаи Олтой гуфт, ин миқдори нос аз мусофироне ёфта шуд, ки аз Тоҷикистон тавассути Барнаул вориди Русия мешуданд.
Ба гуфаи ӯ, ин миқдор нос аз бағочи 72 мусофир ёфт шуда, дар 52 маврид ташхиси маводи мусодирашуда ба анҷом расида, муайян кардаанд, ки он дар ҳақиқат нос будааст. Нисбат ба “қочоқбарони нос” бар асоси қисми аввали моддаи 16,2 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия алакай 52 парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд. Ба онҳо ҷарима таҳдид мекунад. Онҳо ҳамчунин аз носи худ маҳрум мешаванд, чунки тибқи қонун, маводи мусодирашуда бояд ҳамчун моли қочоқӣ нобуд карда шавад.
Сардори нуқтаи гумрукии фурудгоҳи Барнаул Виталий Пеледов гуфт, ба Русия бо худ овардани танҳо то 250 грамм нос иҷозат дода мешавад: “Маҳсулоти тамоку ба андозаи беш аз 250 грамм барои ҳар нафари синнаш аз 18 боло, дигар моли барои истеъмоли шахсӣ ҳисоб намешавад ва ворид карданаш ба қаламрави ЕАЭС манъ аст.”
Нос як навъи тамокуест, ки бо иловаи оҳак ва бархе маҳсулоти дигар тайёр карда мешавад. Нос дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва бархе дигар кишварҳои Шарқ харидори зиёд дорад, вале солҳои охир тавассути муҳоҷирон ин навъи тамоку дар байни як қисми ҷавонон дар Русия низ тарафдори зиёд пайдо кардааст. Зоҳиран баъди дидани ин тамоюл мақомоти Русия фурӯши носро манъ карданд.
Қаблан гузориш шуда буд, ки кормандони гумруки ду фурудгоҳи Астрахан ва Волгоград дар ду моҳи май ва июн аз мусофироне, ки аз Тоҷикистон меомаданд, беш аз 117 кило нос пайдо ва мусодира кардаанд. Татяна Полякова, сухангӯи гумруки Астрахан гуфта буд, “ба таркиби нос гоҳо поруи уштур ё мурғ ва хокистарро ҳам илова мекунанд. Истеъмоли нос шахсро нафақат муътоди никотин мекунад, балки аз лиҳози равонӣ низ муътод карда, сабабгори бемориҳои сангини даҳону гулӯ мешавад.”