ВидеоТоҷикистонҶомеа

ВИДЕО +18: “БО ОИЛАИ МАН МЕГАШТ…” ТАФСИЛОТИ ҚАТЛИ ПУРСАРУСАДОИ 4 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР ҶАЙҲУН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” дар як гузориши муфассали видеоӣ бо нашри тасвирҳои дару девор ва кӯрпаву болиштҳои оғӯштаи хун аз ҷои ҳодиса  бархе тафсилоти тафтиши парвандаи қатли пурсарусадои падар ва се фарзанди хурдсолаш дар деҳаи Меҳнатобод (Тарғок)-и ҷамоати Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун ва ному видео ва баёноти гумонбаршавандагон дар ин куштори ваҳшиёнаро нашр кард. ВКД гуфт, ҳамаи фарзияҳои дигар, аз ҷумла фарзияи аз дасти ягон гуруҳи террористии аз Афғонистони ҳамсоя убуркарда кушта шудани ин 4 узви як оила ботил баромад ва маълум шуд, ки Аҳлиддин Маҳмадов ва се фарзанди ӯро дар заминаи рашк куштаанд.

Ҷасадҳои бо як бераҳмии махсус кушташудаи Аҳлиддин Маҳмадов, сокини 39-солаи деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳун ва се фарзанди ӯ: Саломатхонаи 14-сола, Саодати 13-сола ва Аминҷони 8-соларо субҳи 12 июн аз манзили зисташон пайдо карданд. Ҳамсари ӯ Латофат Азизоваро бо захмҳои зиёд дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон бурданд.

ВКД ин кушторро “барқасдона, бераҳмона, ноҷавонмардона ва разилона” номид ва гуфт, “ҷинояткорон барои пӯшондани изи ин ҷинояти мудҳиш хонаро оташ зада, гумон доштанд, ки оташ ҷасадҳо ва ба ин тартиб, ҳама изи ҷинояти онҳоро аз байн бурда, аз кирдори ҷиноятии онҳо нақше боқӣ нахоҳад монд. Вале чунин нашуд.”

Бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят ду  ҳамдеҳаи  ҷабрдидаҳо дастгир шудаанд.

ВКД гуфт, барои муайян ва боздошт кардани гумонбаршавандагон шоҳидии Латофат Азизова, ягона шоҳиди айнии ҳодиса, ки тасодуфан зинда монда буд, нақши муҳим дошт.  Ӯ қотилони шавҳар ва фарзандонашро шинохт  ва ба зиддашон баёнот дод.

ВКД гуфт, баъди ин муфаттишон воситаҳои куштор: табар ва табарчаи қассобиро ҳам пайдо карда, исбот карданд, ки  гумонбаршавандагони куштори Аҳлиддин Маҳмадов ва се фарзанди ӯ Насриддинов Қиёмиддин Давлатёрович, с.т. 1984, сокини деҳаи Суғдиён, ва Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр Абубакрович, с.т. 1988, сокини деҳаи Орзу, ҷамоати Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун будаанд.

Қиёмиддин Насриддинов дар баёноташ гуфт, аз сари рашк ин корро кардааст: “Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев ба ман гуфт, ки Аҳлиддин Маҳмадов бо оилаи ман мегардад. Аз сари рашк аҳли оилаи ӯро ба қатл расондем… Ҳамон рӯз оилаи ман қаҳр карда, ба хонаи хушдоманам рафт. Ман ҳам аз пасаш рафтам ва онҷо ҷанҷол шуд байнамон. Ман рафтам, Аҳлиддинро фарёд кардам ва бо ҳам ҷанҷолу “разбор” кардем. Баъд Аҳлиддинро оилааш кашиду бурд, оилаи ман ҳам хонаашон рафту ман ба хонаи худам омадам.  Соати дуи шаб хестаму либосҳоямро пӯшидам, табарро гирифтем ва ҳамроҳи Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев ба хонаи Аҳлиддин рафтем. Ба хонааш даромада, аввал Аҳлиддинро ҳамроҳи занаш ва як бачааш задем. Баъд ба хонаи дигар даромада, кӯдакони дигарашро ҳам задем. Баъд соляркаро пошида, даргирондем хонаҳоро…”

Ҳайбуллоев Маҳмадғаюр ҷараёни корро дар барномаи “Ахбори ВКД” чунин нақл кард: “Вақте рафтем, Қиёмиддин мардакро зад, ман занакро задам. Ба бари рӯи занак задам. Баъд дар хонаи дигарӣ кӯдаки якумашонро ӯ худаш зад, дуюмашро ман задам, сеюм кӯдакро боз ӯ худаш зад.  Баъд баромадем, рафтему табару мабарро тоза шустем дар лаби дарё ва омадем ба хонаи Қиёмиддин. Ӯ гуфт, бар, парто табарҳоро. Ман гирифтам, бурдам, дар пеши хонааш як ғор буд, дар ҳамон ғор дангалаашон кардам. Гуфт, инҷо мусор мепартоянд, таги мусор мешавад, меравад, гуфт. Бо ҳамин, вай ба хонааш рафту ман ҳам ба хонаам рафтам…”

Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев (аз чап) ва Қиёмиддин Насриддинов

Вале  дар ҳоле ки ВКД он ду сокини ҷамоати Қумсангирро яқинан гунаҳкор мешуморад, пайвандони Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов иддао доранд, ки онҳо шиканҷа шудаанд ва эҳтимол зери фишор гуноҳро ба гардан бигиранд.

Адолат Шерматова, ҳамсари Қиёмиддин Насриддинов, ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омада, шикоят кардааст, ки маъмурони милиса аз ӯ хостаанд, ба зидди шавҳараш баёнот диҳад.

“Таъкид карданд, ба гардан гир, ки ҳамроҳи шавҳарат рафта, пушти дар нишастӣ ва дидӣ, ӯ ҳамин ҷиноятро кардааст. Дашном мекунанд, азоб медиҳанд, ки ба калла гир. Дар асл чизеро надидаам, шаби ҳодиса дар хонаи модарам будам”, — нақл кард ӯ дар суҳбат бо Озодӣ.

Адолат Шерматова мегӯяд, “як дафъа бо шавҳарам рӯ ба рӯ карданд. Дар болои биниву даҳон ва пояш пайи латукӯб ҳаст. Куртааш дарида ва пур аз хун буд. Гуфт, ман ин корро накардаам”.

Вале Адолат Шерматова дар бораи ин ки овозаҳо дар бораи гӯё бо Аҳлиддин Маҳмадов муносибат доштани ӯ сабаби куштор шудааст, дар шикояташ ба Озодӣ чизе нагуфта буд.

Қумрӣ Ҳайбуллоева, модари гумонбаршавандаи дигар Маҳмадғаюр Ҳайбуллоев, ба Озодӣ гуфт, бо сабаби тангдастӣ натавонист барои ҳимояти фарзандаш адвокат бигирад, вале як бор ӯро дид: “Писарамро дидам. Ҳар қадар пурсидам, мегӯяд, чизе нагӯед. Пас аз рафтани Шумо боз маро мезананд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button