КоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ МУДИРИ ЗАГС ҲАНГОМИ ГИРИФТАНИ ПОРА БА МАБЛАҒИ 1450 СОМОНӢ

Мудири  ЗАГС, бахши асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Н.Хусрав, зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе  ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 16 август барои фавран иваз намудани ному насаб аз як зани 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Фирӯза  ҳамчун пора 2 450 сомонӣ  талаб карда, худи ҳамон рӯз дар ҳуҷраи кориаш ҳангоми аз ҷабрдида гирифтани 1 450 сомонӣ дастгир карда шуд. Ба зидди ӯ бар асоси моддаҳои 319 қисми 1 ва 32 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  бо иттиҳоми қасди гирифтани пора аз ҷониби мансабдор парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

хххххххххххххххх

Ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, савдогари мағозаи хӯроквории бо номи “Умед”, ба он гумонбар мешавад, ки моҳи август бо роҳи пинҳонӣ аз ин мағозаи мутааллиқ ба соҳибкорзани 57-солаи сокини пойтахт, ба маблағи 26 ҳазор сомонӣ маҳсулоти хӯрокаро дуздидааст.

хххххххххххххх

Марди 42-солаи сокини ноҳияи Сино ба он гумонбар мешавад, ки 1 феврали соли ҷорӣ аз марди 33-солаи сокини пойтахт мошини тамзаи “Тойота Кемри” ва  рӯзи 2 феврал аз марди 30-солаи сокини Душанбе 59 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 19 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо гумони гирифтани пора

Ба ШВКД дар ноҳияи Н.Хусрав бо ариза зани 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми августи соли 2021, барои ивази ному насаб ба мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандии ҳамин ноҳия зани 37-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.
Номбурда, ӯро ба ҳуҷраи кориаш даъват намуда, ба ӯ пешниҳод менамояд, ки барои фавран иваз намудани ному насаб ба ӯ 2 ҳазору 450-сомонӣ пардохт намояд.
Гумонбаршаванда худи ҳамон рӯз дар ҳуҷраи кориаш аз ҷабрдида ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ гирифта, боз маблағи 1 ҳазору 450-сомонӣ талаб кардааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия гумонбаршаванда дар ҳуҷраи кориаш ҳангоми гирифтани 1 ҳазору 450-сомонӣ ҳамчун пора дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаҳои 319 қисми 1 ва 32 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, савдогари мағозаи хӯроквории бо номи “Умед”, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи августи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз мағозаи мазкур, ки ба соҳибкор зани 57-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, маҳсулоти хӯрокаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 26 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 2-юми феврали соли 2021, дар кӯчаи Самад Ғании пойтахт, марди 42-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 59 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, номбурда 1-уми феврали соли 2021, дар кӯчаи А.Ғуломов бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ-4”, ки арзишаш 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button