КоррупсияНомаҳо ба президентТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР ДЕҲАИ СӮФӢ ОРИФ ҲАР ВАКСИНАРО 10 СОМОНӢ “НАРХ” ГУЗОШТААНД. ОЁ ИН ҚОНУНИСТ?

БА ТАВАҶҶУҲИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА

Як гуруҳи сокинони деҳаи Сӯфӣ Орифи ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” муроҷиат карда, хабар доданд, ки  дар бунгоҳи тиббӣ (амбулатория)-и деҳаи Сӯфӣ Ориф бо фармони раҳбараш Раҳмонов Хушбахт барои ҳар ваксинае, ки ба бадани сокинон мегузаронанд, 10 сомонӣ талаб мекунанд. Яъне агар аз як оила 5 нафар ваксина бигиранд, бояд ба ҳамшираи тиббӣ Раҳбар Аҳророва, ки сӯзандоруҳоро бо ваксина ӯ мегузаронад, 50 сомонӣ бидиҳанд.

“Барои мисол, агар шумо 10 сомонӣ нею 5 сомонӣ диҳед, мегираду таъкиди дар таъкид мекунад, ки нархаш 10 сомонӣ аст, 5 сомонии боқимондаашро бояд биоред”, – нақл карданд сокинони Сӯфӣ Ориф.

Сокинон мегӯянд, дар ҳама ҷо мардумро ба гирифтани ваксина даъват мекунанд ва таъкид мекунанд, ки ваксинаҳо ройгон аст, вале дар бунгоҳи тиббии деҳаи Сӯфӣ Ориф бо супориши сардухтураш ваксинаҳоро 10 сомонӣ нарх кардаанд.

Барои ваксина задани аҳолӣ ба Сӯфӣ Ориф ваксинаҳои амрикоии “Модерна” фиристодаанд. 1,5 миллион мояи ваксинаи “Модерна” рӯзи 26 июл ҳамчун кумаки Амрико ба Тоҷикистон оварда шуд. Ҳамин тавр, Чин  моҳи июн ба Тоҷикистон ба таври ройгон 300 ҳазор ваксинаи “КоронаВак” дод ва рӯзи 28 июл боз 2 миллион ваксинаи дигари ин тамғаро ба Тоҷикистон туҳфа кард. Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳудуди 200 ҳазор ваксинаи “АстраЗенека” гирифт ва боз садҳо ҳазор ваксинаи дигар ҳамчун кумаки ройгон барои Тоҷикистон дар роҳанд.

Сокинон мегӯянд, барояшон қобили фаҳм нест, ки агар ваксинаи зидди коронавирус дар Тоҷикистон ройгон эълон шудааст ва то имрӯз ҳамаи ваксинаҳои ба кишвар аз хориҷ овардашуда ҳамааш ҳамчун кумак ва бепул ба Тоҷикистон дода шудаанд, пас 10 сомонӣ нархи он аз куҷо пайдо шуд? Оё ин ташаббуси шахсии раҳбари бунгоҳи тиббии деҳаи онҳост ваё дар ҳақиқат дар тамоми Тоҷикистон ваксинаро чунин нарх мондаанд?

Деҳаи Сӯфӣ Ориф дар тақрибан панҷкилометрии шаҳри Истаравшан ҷойгир шуда, наздики 8 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар Тоҷикистон гирифтани ваксина барои тамоми сокинони синнашон аз 18 боло ҳатмӣ эълон шудааст ва дар Сӯфӣ Ориф, ба ин тартиб, бояд қариб 4 ҳазор нафарро ваксина бизананд. Яъне дар сурати аз ҳар сокин гирифтани 10 сомонӣ, танҳо аз ҳисоби ваксиназанӣ бунгоҳи тиббии ин деҳа ягон 40 ҳазор сомонӣ “кор” мекунад. Вале суол ин аст, ки ин пул ба ҷайби давлат меравад ваё ба ҷайби касе, ки ин схемаи пулканиро бофта баровардааст?

Сокинони Сӯфӣ Ориф умедворанд, ки вазорати тандурустӣ ва шахсан вазир Ҷамолиддин Абдуллозода мӯро дар ин қазия аз хамир ҷудо мекунанд ва рӯшан мекунанд, ки оё ваксина дар Тоҷикистон бепул аст ё пулакӣ ва нархаш ҳам  – 10 сомонӣ?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Ба этибори сокинони дехаи Суфи Ориф ин гуфтахоро хонда ангушти хайрат газидам ки наход, ки рахмати сокинон ба кормандони тиб хамин бошад. Кормандони маркази саломати аз мохи феврали соли 2020 инчониб барои пешгири ва табобати бемори шабу руз хизмат карданд то хатто худи кормандон низ ба ин бемори дучор шуданд вале аз хизмат саркаши накарданд ин гуфтахо дар хакки онхо ба чои хизмат тухмат шудааст. Шарм доред касе, ки ин гапхоро баровардааст. Сокинони ба ору номуси дехаи Суфи Ориф оё метавонед як соат ба чойи онхо кор кунед?

    1. Як чизро надониста гап назанед, мумкин сокинони деҳа ҳақ бошанд, шумо аз куҷо медонед? Ё шумо ҳам яке аз онҳо ҳастед?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button