Хабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ ҚАЛЛОБИҲО БА МАБЛАҒҲОИ БУЗУРГ: 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ВА 1,2 МИЛЛИОН РУБЛ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза мардони 46 ва 35-солаи сокинони шаҳрҳои Бохтару Ҳисор муроҷиат намудаанд, ки моҳи марти соли 2020 дар кӯчаи Айнии пойтахт марди 40-солаи сокини шаҳри Ҳисор, бо роҳи фиреб ба бовариашон даромада, аз онҳо барои равнақ додани тиҷораташ 1 милиону 273 ҳазору 380 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз 1-сол маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки дар давоми солҳои 2020-2021, дар суроғаи хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар чанд лаҳза аз ӯ 1 миллиону 250 ҳазор рубли русиро гирифта, ваъда додааст, ки хонаашро фурӯхта маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои мазкурро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 22-солаи шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки дар давоми солҳои 2020-2021 дар суроғаи хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, зани 59-солаи сокини ноҳияи Варзоб, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар чанд лаҳза аз ӯ 320 ҳазор рубли русиро гирифта, ваъда додааст, ки автомашинаашро фурӯхта маблағҳои гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button