САД ДАРЕҒ… МАРГИ УСТОДИ ДОНИШГОҲИ ХУҶАНД МУБИНА НЕЪМАТОВА ДАР СИННИ 30
Мубина Неъматова, устоди кафедраи технологияхои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз олам чашм пӯшид. Ӯ ҳамагӣ 30 сол дошт.
Дар бораи даргузашти Мубина Неъматова (Мубина Нематова) дар ФейсбукХайёмиддин Исмоилов хабар дод. Ӯ навиштааст:
“Сад дареғ, ки риштаи ҳаёти боз як инсони нек канда шуд. Мегӯянд, ки марг гулчин аст. Воқеан имрӯз аз боғи ҳаёти мо гулеро барчинд, ки ба атроф фақат зебоӣ ва тароват мебахшид.
Ғамгинӣ ва дарди дӯстонро бо сухан тасвир намудан душвор аст. Имрӯз аз хурд то калон ҳама дар фироқи марги ин зани фарзона хун мегирянд.
Худо кунад, ки хонаи охирати Мубина Нематова обод ва ҷояшон аз боғҳои Ҷаннат бошад бод.
Ба аҳли пайвандонашон Офаридгор сабри ҷамил ато фармояд.”
Дар бораи иллати марги Мубина Неъматова чизе гуфта нашудааст.