ИқтисодЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ БОНКДОРИ ТОҶИК ХАЙЁМ ХУДОЙДОДОВ ДАР СИННИ 39

Хайём Худойдодов, муовини мудири кулли ташкилоти қарздиҳии хурди “Оксус” ва писари адабиётшиноси шинохта Аъзамҷон Худойдодов, рӯзи 6 август, ҳамагӣ 4 моҳ қабл аз ҷашни чилсолагиаш аз олам чашм пӯшид.

 Иллати марги бонкдори шинохта дар чунин синни ҷавон гуфта нашудааст.

“Оксус” дар номаи таслияташ” аз Хайём Худойдодов ба унвони беҳтари мутахассиси ин ташкилот тавсиф карда, навиштааст: “Саҳми Хайёмҷон дар рушду фаъолияти ташкилот хеле боарзиш ва назаррас буд. Истеъдоди фавқулодаи ӯ ҳамчун ташкилотчии варзида, коршинос, мураббии ҷавонон боиси эҳтиром ва муҳаббати амиқи ҳамкорон гардида буд. Хайёмҷон дар баробари некхоҳ, масъулиятшинос ва ошкорбаён будан, намунаи кордониву инсондӯстии баланд ва шахсияти наҷиб буд. Хотираи Ӯ дар қалби мо ҳамкорон ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Субҳон Аъзамзод, дӯсти хонаводагии Худойдодовҳо низ марҳумро “яке аз мутахассисони варзидаву кӯшои соҳаи бонкиву қарздиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” номида, рафтани ӯро талаф ҳам барои пайвандон ва ҳам барои Тоҷикистон хондааст.

Субхон Аъзамзод 

ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ БА АЪЗАМҶОН ХУДОЙДОДОВ

Дар фавти фарзанди 40-солаи адабиётшинос

Ин рӯзҳо хабари фавти яке аз мутахассисони варзидаву кӯшои соҳаи бонкиву қарздиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ХАЙЁМ ХУДОЙДОДОВ – писари адабиётшиноси шинохта АЪЗАМҶОН ХУДОЙДОДОВ расонаӣ шуд. Ӯ 13-уми декабр, ҳамин наздик ба синни 40-солагӣ мерасид (солзодаш 1981). Ростӣ хеле вазнину ҷонкоҳ аст, ки дар ин синну сол падару модар дар ғами писари дилбанд марсиясаро шаванд. Фавти мутахассиси варзида Хайём Худойдодов сабаб гаршт, ки аз як манбаи хеле муҳим ҳолномаи зиндагиву фаъолияташро биёбам. Бо бархе аз ҳамкорони фавтида бо телефон ҳамсуҳбат шудам, ки аз ин шахсият ба сифати кошиноси бонуфуз ва менеҷери бисёр баэътибори бонкӣ ёд карданд.

Хайём Худойдодов баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, баъди дарёфти ихтисоси иқтисодӣ муддате дар Федератсияи Русия ба кор пардохта ва сипас дар Тоҷикистон чун банкир ва иқтисодчӣ ба фаъолият оғоз намуда будааст. Дар озмуни Тоҷикпромбанк ҳамчун мутахассиси қарзӣ ба кор қабул шуд.

Дилбандӣ ба тахассус ва қобилияти хуби кориаш имкон фароҳам овард, ки сардори маркази хизматрасонии Тоҷикпромбонк дар ноҳияи Фирдавсии Душанбе баргузида шавад. Сипас муовини аввали директори Тоҷикпромбонк дар вилояти Суғд интихоб гардид ва дар ташкили пурсамари беш аз даҳ маркази хизматрасонии бонкӣ дар ин минтақа саҳми расову муносиб гузошт. Бо ташаббус ва иродаи бисёр қавиву устувори ташкилии Хайём ҷуғрофияи фаъолияти бонкӣ дар ин қаламрав вусъати зиёде дарёфт.

Пас аз анҷоми бомуваффақияти кори бонкӣ дар вилояти Суғд ба вилояти Хатлон низ сафарбар гардид ва ба сифати менеҷери минтақавӣ оид ба рушди қарзҳо дар ин қаламрав барои ташаккули фаъолияти бонкӣ саҳми муносиб гузошт. Ӯ директори филиали Бонки ЭСХАТА дар ноҳияи Ёвон низ буд. Дар озмуни ин соҳа ба сифати “Беҳтарин директори сол”-и бонки ЭСХАТА баргузида гардид. Баъди ин ба сифати директори минтақавии Бонки ЭСХАТА дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон барои вусъати кори бонкии ин минтақа низ ҷону тавонашро дареғ надоштааст. Дар вазифаи мушовири калони ташкилоти хориҷии Микро Капитал Консалтинг низ хидмати Хайём назаррас аст. Солҳои охир ба вазифаи баланди муовини директори генералии Ташкилоти қарзии хурди ОКСУС-и Тоҷикистон расида буд.

Ҳамин тавр, тамоми фаъолияти заҳматиаш ба пешрафти кори бонк ва ташкили муназзами фаъолияти бонкӣ нигаронида шуда, мардуми корафтода аз ин гуна хидматҳо хеле зиёд баҳра бардошта будаанд. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи пурсамари донишманди соҳаи қарздиҳӣ ва соҳиби қобилияти баланди кории бонкӣ доштани ӯ будааст. Ҳамкоронаш ҳам бар ин назаранд, ки ҳамчун мухтахассиси варзида ном бароварда, зеҳни тезе барои таълими муаммои бонкиву қарзӣ доштааст. Қобилияти назарраси парвариши кормандони соҳаро низ дошта, андарин роҳ беш аз 100 шогирд омода кардааст, ки ҳамагӣ дар митақаҳои мухталифи хизматрасонии бонкӣ ба фаъолият машғуланд.

Гузашта аз ин дили тозаву соф ва одамияти баланд доштааст. Чун дар хонаводаи олими хуб парвариш ёфтааст, суннатҳои хоси хонаводагӣ ҳам дар рушди қобилият ва одамияту корбарии ин шахсияти номвари соҳаи бонкӣ таъсири хосе доштааст.

Аммо чӣ кунем, бармаҳал аз дунё рафт. Рафтанаш талаф ба Тоҷикистон ва падару модару пайвандону фарзандон аст.

Ҷуз он ки зикри хайре кунем, дигар кор аз дасти мо намеояд.

Ёди Хайём Худойдодови 40-сола ба хайр ва ҷояш ҷаннат бошад!…

Ба Устоди арҷманд ва Бародари гиромиям Аъзамҷон Худойдодов ва дигар пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонам!…

oxus.tj

❗️😢 Фоҷиаи нобаҳангом: даргузашти Худойдодов Хайёмҷон, 😔
Боз як хуршед моро тарк гуфт….

Дирӯз яке аз беҳтарин мутахассиси Ташкилоти қарздиҳии хурди “ОКСУС” – и Тоҷикистон, муовини Директори генералӣ – Худойдодов Хайёмҷон Аъзамович, дунёи фониро падруд гуфт. Саҳми Хайёмҷон дар рушду фаъолияти ташкилот хеле боарзиш ва назаррас буд. Истеъдоди фавқулодаи ӯ ҳамчун ташкилотчии варзида, коршинос, мураббии ҷавонон боиси эҳтиром ва муҳаббати амиқи ҳамкорон гардида буд. Хайёмҷон дар баробари некхоҳ, масъулиятшинос ва ошкорбаён будан, намунаи кордониву инсондӯстии баланд ва шахсияти наҷиб буд. Хотираи Ӯ дар қалби мо ҳамкорон ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Мо – кормандони ОКСУС ба аҳли хонавода, наздикон ва хешовандони Хайёмҷон изҳори ҳамдардии амиқ карда, барои онҳо сабри ҷамил таманно дорем. Мо бо шумоён ғамшарикем.
Рӯҳи Хайёмҷон шод ва хонаи охираташ обод бошад!!!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button