ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК СОКИНИ ДУШАНБЕРО ДАР ГИПРОЗЕМ ЛАТТУ КӮБ КАРДААНД

Марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 4 август, соати 14:30 дар кӯчаи Гипрозем  марди 53-солаи сокини  пойтахтро бе ягон асос ӯро латту кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдидаро бо  ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи вазнин дар беморхона бистарӣ  кардаанд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

хххххххххххх
Марди 26-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи сентябри соли 2020 дар кӯчаи Р.Набиеви бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 48 ҳазор сомонӣ гирифтааст ва  ваъда додааст, ки барояш мошини тамғаи «Опел-Астра» медиҳад. Аммо бо гузашти қариб як сол ӯро фиреб дода, на мошин медиҳад ва на пулашро бармегардонад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 6 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Расонидани ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи вазнин

Ба ШКВД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 53-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 4-уми августи соли 2021, тахминан соати 14:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Гипроземи пойтахт қарор доштанаш, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бе ягон асос ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи вазнин ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бо роҳи фиреб аз худ намудани 48 ҳазор сомонӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2020 дар кӯчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе, марди 26-солаи сокини пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 48 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки барояш 1-адад автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» медиҳад, аммо ӯро фиреб дода, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button