ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ ДУ БАРОДАР ДАР РОҲ БА СӮИ КӮЛОБ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 3 август, тахминан соати 06:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳоҷихони Шайдулло, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Кӯлоб бо ҳамроҳии бародараш Исломов Ҳакимхӯҷа, соли таваллудаш 1988, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҳамадонӣ ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ҷамоати деҳоти А.Авазови ноҳияи Восеъ, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа бародари ронанда Исломов Ҳакимхӯҷа ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат  расидааст.

Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

ВКД қаблан хабар дода буд, ки дар поёни ҳафтаи гузашта дар 5 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон дастикам 6 нафар, аз ҷумла як тифли дусола ва як кӯдаки нӯҳсола ба ҳалокат расида, чанд тани дигар маҷруҳ шуданд.   Ҳамин тавр, як зани дигар рӯзи 2 август дар як садама дар канори шаҳри Турсунзода ҷон бохт.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button