ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ДУ ҚОТИЛИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БА ЗИНДОН АНДОХТААНД

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3 август хабар дод, ки бо мусоидати ин ниҳод қотилони ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия бо муҳлати 8 ва 8 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Додситонии кул, аз ҷумла  15 декабри соли 2019 аз Русия ҷасади зодаи шаҳри Норак Довудов Гулаҳмад Тағойевич, санаи таваллудаш 17 июли 1963, бо аломатҳои марги маҷбурӣ ба Тоҷикистон оварда шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон аз Додситонии кулли Русия хостори ба ҷавобгарӣ кашондани қотили ин шаҳрванди тоҷик шуд ва дар натиҷа, гумонбар Брежнева Л.В. боздошт шудааст. Дар  ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки ин зан дар натиҷаи муноқишаи ба вуҷудомада, бо корд ба шиками Довудов Г.Т. чор зарба задааст ва Довудов ба иллати ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ҷон бохтааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Звенигород вилояти Москва аз 13 апрели соли 2021 Брежнева Л.В. ба  8 солу 6 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудааст.

Ҳамин тавр,  17 сентябри соли 2019 аз Русия ҷасади зодаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд Каримов Эркинҷон Абдураҳимович, санаи таваллудаш 07 феврали 1970,  бо аломатҳои марги маҷбурӣ ба Тоҷикистон оварда шуд. Бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванд Канназаров Ш.Т. боздошт шуда, ӯ бо ҳукми суди ноҳияи Симонови шаҳри Маскав аз 08 апрели соли 2021 ба  8 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карда шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри ин ду хабар гуфт,  аз ҷониби ин ниҳод “ҳар як ҳодисаи бо аломатҳои марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷа таҳти назорати махсус гирифта шуда, дар оянда низ тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида мешаванд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button