БА АЁДАТИ МОДАРАШ ОМАДУ… СОҲИБКОРИ ТОҶИКИ МУҚИМИ МАСКАВ ДАР ВАТАН ТӮЪМАИ ВИРУС ШУД
Сураташ бехабар аст аз маргаш,
Сураташ бин, чӣ қадар механдад…
Хабаргузории русии “Sputnik Тоҷикистон” бо такя ба яке аз наздикони Ҳоҷӣ Зикрулло Шарипов хабар дод, ки ин соҳибкори тоҷики муқими Русия дар Душанбе вафот кардааст , Зикрулло Шарипов, молики тарабхонаи “Старий дуб”, силсилаи мағозаҳо ва ширкати “Алиса” дар Маскав, барои кумакҳояш ба муҳоҷирон ӯро “Ёрии таъҷилии муҳоҷирон дар замони коронавирус” меномиданд, барои аёдати модари бемораш ба Тоҷикистон омадааст, вале худ дар ин ҷо бемор шудааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Спутник”, ӯ то охир иродаи қавӣ дошту умедвор буд, ки ба пой мехезад. Манбаъ афзудааст, ки модари Зикрулло Шарипов рӯзи 23 июл бандагӣ кард, аммо ба далели бад будани вазъи саломатии соҳибкор, дар бораи даргузашти модараш ӯ хабар надоданд.
Гулчеҳра Холмирзоева, аз наздикони Зикрулло Шарипов изҳор доштааст, ки Ҳоҷӣ Зикрулло барои ҳама бародар буд ва умед дошт, чун падараш, ки ба сад даромада буд, умри дароз бинад.
“Рӯзи рафтанаш хушҳол буд, ки назди модар меравам, каме бемор шудааст. Гуфт падар то синни сад расиду баъд рафт, аз модарам хавотирам. Модари меҳрубонат фарзанди азизашро бо худ бурд. Дидор ба қиёмат додари азизам”, – навиштааст Холмирзоева.
Маҳкам Маҳмудзода, собиқ раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон низ изҳор доштааст, ки бо Шарипов зиёда аз 30 сол робитаи дӯстӣ дошт.
“Дирӯз барои дуо ба деҳаи Кангурт рафтам. Ҳама гирён буданд. Ба назарам кӯча мегирист. Хона гирён буд. Деҳа мотам гирифта буд”, – тасвир кардааст ҳолро Маҳмудзода. Ӯ афзудааст, ки Зикрулло Шарипов барои хизматхои арзандааш сазовори пешниҳод ба мукофоти давлатист.
Зикрулло Шарипов дар Маскав тарабхонаи “Старий дуб”, як силсила мағозаҳо ва ширкати “Алиса” – ро мечархонд. Ин ширкат аз соли 1992 дар бозори амволи ғайриманқул фаъолият доштааст.
Расман дар бораи иллати марги Зикрулло Шарипов чизе гуфта нашудааст.
Зикрулло Шарипов, молики тарабхонаи “Старый дуб” ва ширкати “Алиса” дар Маскав ва яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик дар Русия рӯзи 31 июл тарки ин дунё кард.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар як номаи таслият марги Зикрулло Шариповро даргузашти нобаҳангом номида, аз ӯ ба унвони як соҳибкори саховатпеша ва накӯкор ёд кардаст. Зикрулло Шарипов узви Шӯрои ҷамъиятие буд, ки дар сафорати Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони бонуфузи ҷамъиятҳои тоҷикони Русия ташкил шудааст.
Сафорати Тоҷикистон навиштааст, ки марҳум “дар ҳама лаҳзаҳои мушкил, махсусан замони маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи Covid-19, ҳамеша дар кӯмаки дигар ҳамватанон буд ва маҳз бо чунин хислатҳои инсондӯстӣ, миёни ҳамаи ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Россия маъруф ва соҳибэҳтиром буд. Марҳум Зикрулло Шарипов бо ҳисси меҳанпарастӣ, дарк намудани қарзи шаҳрвандӣ ва амалҳои саховатпешагӣ дар корҳои ободию созандагии Тоҷикистон низ, саҳми босазо дошт.”
Каримҷон Ёров, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ аз Зикрулло Шарипов ба ҳайси “марди боҳиммати хайрхоҳи Ватандӯст” ёд карда, навиштааст, “дар тамоми маъракаҳои тоҷикон иштирок дошту дастгирӣ мекард мардуму миллатро.”
Ҷонӣ Сафарзода, яке аз муҳоҷирони фаъоли тоҷик дар гуруҳи “Кӯлоби ман” д дар Фейсбук навиштааст, Зикрулло Шарипов ҳамеша ҳамаро бо чеҳраи пур аз хандаву табассум пешвоз мегирифту гусел мекард.
“Тамоми мардуми муҳоҷирро ӯ бо чунин табассум пешвоз мегирифт.Тарабхонаи ӯ барои ҳар як тоҷикистонӣ дастархони бепули кушода дошт. Тамоми чорабиниҳои тоҷиконро мегузаронид. Ҳамеша дастгири муҳоҷирон буд… Аммо ҳеҷ гоҳ намегузошт дар борааш нависанд”, навиштааст Ҷонӣ Сафарзода.