ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАРИ СОАТИ ДУИ ШАБ ДАР ҒӮЛАКАНДОЗ

Шаби 23 июл, тахминан соати 02:20, ронандаи мошини боркаши тамғаи «Мерседес Бенс-Спринтер», Мирзобоев Алишер, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич, дар километри 276-уми шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд -Чанноқ, дар ҳудуди ҷамоати Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ақиби мошини боркаши тамғаи «Мерседес Бенс-Атеко», ки дар канори рости роҳ аз ҷониби ронандааш, Дадаҷонов Шарифҷон Ғуфронович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров таъмир шуда истода буд, бархӯрдааст. Дар натиҷаи бархӯрд, ронандаи «Атекодар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи « Спринтер» маҷруҳ шудааст.

ххххххххххххххх

Зани 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки аввалҳои моҳи майи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ноҳияи Файзобод даромада, аз ӯ  мошини тамғаи “Кемри-3”-ро 110 ҳазор сомонӣ нарх карда гирифтааст,  вале танҳо 50 ҳаҳор сомонӣ пули мошинро дода, 60 ҳазори боқимондаашро то ҳол надодааст.

хххххххххххххххх

Марди 37-солаи сокини ҷамоати Нурободи ноҳияи Файзобод ба он гумонбар мешавад, ки моҳи январи соли 2012, дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 60-солаи сокини ҷамоати А.Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат даромада, аз ӯ 10 ҳазору 500 доллар гирифтааст ва дигар барнагардондааст. Нисбати сокини Файзобод бар асоси моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 24 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 23-юми июли соли 2021, тахминан соати 02:20-дақиқа ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес Бенс-Спринтер», Мирзобоев Алишер Сангинович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат кардан дар км 276-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба оқиби автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес Бенс-Атеко», ки дар канори рости роҳ аз ҷониби ронандааш, Дадаҷонов Шарифҷон Ғуфронович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров таъмир шуда истода буд, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс-Атеко», Дадаҷонов Ш. Ғ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс-Спринтер», Мирзобоев А.С ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи Файзобод муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи майи соли 2021, зани 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Кемри-3”-ро ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 50 ҳазор сомониашро дода, боқимонди маблағи 60 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2012, дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нурободи ноҳияи Файзобод бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 ҳазору 500-доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button