ВидеоИқтисодТоҷикистон

МО БА ГАПИ БЕГ САБУР МЕХАНДИДЕМ… ШИРКАТИ “APPLE” БА БУҶАИ ТОҶИКИСТОН 238 ҲАЗОР СОМОНӢ АНДОЗ СУПУРДААСТ

Ширкати хориҷии «Apple Distribution International Limited», ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод менамояд, рӯзи 16 июл нахустин шуда, барои семоҳаҳои I ва II соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, ба маблағи беш аз 238 ҳазор сомонӣ  ба буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз арзиши иловашударо барои ин ду семоҳаи аввали сол пардохт кардааст. Дар ин бора рӯзи 23 июл хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ширкати “Apple” тавлидкунандаи чунин молҳои серхаридоре, чун Iphone, Ipod, Ipad, MacBook мебошад, ки дар Тоҷикистон низ муштарии зиёд дорад.

Кумитаи андози Тоҷикистон дар шарҳи худ мегӯяд, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз» аз 17 декабри соли 2020, ширкатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо барои ин хидматрасониҳо ҳисоб кунанд ва ба буҷет пардохт намоянд.
“Бо ин мақсадҳо имсол аз ҷониби мақомоти андоз бо намояндагони ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ анҷом медиҳанд, якчанд маротиба видеоконфронс ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуда, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда 18 адад ширкат ба мақомоти андоз муроҷиат намуда, ба қайд гирифта шуданд”,  гуфта мешавад дар ин шарҳ.

Кумитаи андоз дар аввали соли ҷорӣ хабар дода буд, ки чанд ширкати маъруфи байналмилалӣ, аз ҷумла Google ва Facebook низ худро дар ин кумита расман ҳамчун андозсупоранда сабти ном кардаанд.

Кумитаи андоз чандин сол боз талаб дошт, ки ширкатҳои байналмилалӣ барои хидматрасониҳояшон ба шаҳрвандони Тоҷикистон бояд ба ин кишвар андоз супоранд. Мақомоти андози Тоҷикистон айни талабро аз ширкати хитоии Alibaba низ доштанд, вале маълум нест, ки оё ин ширкат талаби Душанберо пазируфтааст ё на?

Чанд сол пеш вақте Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа дар як суҳбаташ бо хабарнигорон аз соҳиби Facebook Марк Сукерберг гила мекард, ки ба буҷаи Тоҷикистон андоз намесупорад, ҳама ӯро ба масхара кашиданд, вале бо гузашти чанд сол мебинем, ки мақомоти Душанбе тавонистанд ширкатҳои бузурги дунё, аз ҷумла Facebook ва Сукербергро ба супурдани андоз ба буҷаи Тоҷикистон маҷбур кунанд.



Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button