Як зани 47-сола аз Тоҷикистон дар вилояти Ленингради Русия ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 22 июл, дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ ба шиками келини 23-солааш як зарбаи корд задааст. Келин мегӯяд, ки мехост аз шавҳараш ҷудо шавад, вале ин ба хушдоманаш хуш наомадааст.
Ин муноқиша рӯзи 22 июл дар деҳаи Рабититсии ноҳияи Волосово, воқеъ дар 100-километрии ҷанубуғарби шаҳри Санкт-Петербург рух додааст.
Бино ба гузоришҳо, соати 12:38 ба пулис аз бемористони Волосово занг зада, хабар додаанд, ки ба қабулгоҳи ин бемористон як ҷавонзани 23-солаи зодаи Тоҷикистон, ки дар деҳаи Рабититси зиндагӣ мекунад, худаш мустақилона бо захми корд аз ноҳияи шикамаш муроҷиат кардааст. Табибон ҷароҳати ӯро ҷароҳати миёна арзёбӣ мекунанд.
Ҷавонзан гуфтааст, ки ӯро хушдоманаш, ки рӯзи 22 июл ба хонаи онҳо ба меҳмонӣ омада буд, корд задааст, зеро мухолифи ҷудо шудани ӯ аз шавҳараш буд. Дар ин замина байни хушдоману келин муноқиша бархостааст ва хушдоман сари қаҳр ба шиками келинаш корд задааст.
Худи ҳамон рӯзи 22 июл кормандони пулис дар як манзил дар хиёбони Вингиссари шаҳраки Волосово хушдомани ҷавонзани ҷабрдидаро дастгир кардаанд. Ин зан 47 сол дошта, шаҳрванди Тоҷикистон аст ва бо сафари хусусӣ ба Русия омада, дар вилояти Калуга сабти номи муваққат доштааст. Келини ӯ ҳам, ки бо сафари хусусӣ ба Русия омада будааст, дар қаламрави вилояти Ленинград ё шаҳри Петербург сабти ном надоштааст.
Дар ҳоли ҳозир нисбат ба хушдоман барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия протоколи маъмурӣ тартиб дода, ӯро дар боздоштгоҳи махсус ҷой кардаанд. Масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди ӯ низ дар дасти баррасӣ қарор дорад.
Деҳаи Рабититси дар асл як деҳаи хурде бо ҳудуди 20 сокин аст, ки қариб ҳамаи сокинонаш дар фермаи чорводорӣ кор мекунанд.