ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК КУШТА ВА 6 МАҶРӮҲ ДАР ЯК САДАМАИ САНГИН ДАР ҶАНУБИ ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 17-уми июли соли 2021, тахминан соати 14:20-дақиқа ронандаи мошини тамғаи “Тойота Кемри”, Азизов Раҳим Давлатович, соли таваллудаш 1962, сокини ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат кардан аз тарафи шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе дар 34-км, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ба самти муқобили роҳ баромада, бо мошини тамғаи  “Тойота Королла”, таҳти идораи Алимов Камол Ёрбобоевич, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш, ки бо роҳи худ ҳаракат мекард бархӯрдааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи садама мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Тойота Королла” хурдсол, Гардакова Муниса Алишеровна, соли таваллудаш 2014, ҷамоати шаҳраки Сомонии шаҳри Левакант, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин мусофирони дигари автомашинаи мазкур марди 42 ва зани 35-сола, ноболиғи 9-сола, ҳама сокинони ҷамоати шаҳраки Сомонии шаҳри Левакант, ҳамчунин марди 34-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш, ронандаи мошини “Тойота Кемри” Азизов Р.Д. ва ронандаи мошини “Тойота Королла”  Алимов К.Ё. ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button