ВидеоЧеҳраҳоҶомеа

ЯК ВАЗИРИ ТОҶИК АКСИ БОЗОРРАВИАШРО НАШР КАРД: РӮЗИ БОЗОР – ДАР БОЗОР… БОЗ ОР АЗ БОЗОР!!! (АКС)

Ҷавонтарин узви ҳукумати кунунии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода рӯзи 18 июл, дар арафаи иди Қурбон дар саҳифааш дар Фейсбук як акси худро аз бозор нашр кардааст. Дар акс дида мешавад, ки Ширин Амонзода сумка дар китфа бо либоси адраси тоҷикӣ барои харид ба бозор рафтааст. “Рӯзи бозор – дар Бозор…БОЗ ОР АЗ БОЗОР!!!” – чунин ном гузоштааст Ширин Амонзода аксаш дар байни издиҳоми мардум дар дохили бозорро.

Дар акс дида мешавад, ки Ширин Амонзода бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба рӯ ниқоби тиббӣ кашидааст, вале дар байни боқӣ анбӯҳи одамон дар дохили бозор ҳамагӣ чанд нафари дигар ниқоб пӯшидаанду халос.

Фосилаи иҷтимоӣ – 2  метр – низ дар ин бозор аслан риоя намешавад ва мардум ҳама болои ҳам рехтаанд. Ин дар ҳолест ки Тоҷикистон бо мавҷи нави бемории коронавирус рӯбарӯ шудааст ва танҳо аз аввали моҳи июл дар кишвар, тибқи омори расмӣ, дастикам 20 нафар аз ин пандемия ба ҳалокат расидаанд.

Амонзода Ширин Шодӣ 5 феврали соли 1978 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1999 Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ва соли 2016 Донишгоҳи Ритсумейкани Минтақаи Уқёнуси Ором (APU) дар шаҳри Беппуи Чопонро хатм кардааст. Ихтисоси аввалаш – забонҳои англисиву фаронсавӣ ва ихтисоси дуюмаш ҳамкориҳои сиёсии байналмилалист. Соли 2004 соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ гардида, соли 2008 ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техникаро ба даст овардааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Моҳи январи соли 2020 Ширин Амонзода раиси кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва 3 ноябри соли 2020 вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъйин шуд.

Ширин Амонзода аз он аъзои ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки бо мардумгароии худ фарқ мекунад. Ӯ аз ҷумла дар моҳи аввали вазириаш дар пайи тамошои як филми мустанад ба мардикорбозори занони шаҳри Бохтар рафта, бо занони мардикор суҳбат карда буд.

Ӯ ҳамин тавр, рӯзи 3 ноябри соли 2020, баробари таъйин шуданаш ба мақоми вазирӣ ба сари гӯри модараш рафта, қасам ёд кард, ки дар ин мақом ҳалолу содиқона ба Ватан ва ба мардум хидмат хоҳад кард.

“Ин рӯзи таъинот ба рӯзи зодрӯзи модари деҳотии шаҳрнишинам (равонаш шод боду бихишти барин маъвояш) иттифоқ афтод, ки дар тарбия ва донишомӯзии ман саҳми бориз дошт. Нафаре буд дар ҳаётам хеле азиз, чунки тамоми хислатҳои неки инсониро доро буд ва мо фарзандонро дар ин руҳияиву муҳит ба воя расонидааст. Бо он ки як кӯҳистонзода буд, зани порсосифату буду подшоҳҳиммат, ғурурафкану боҷуръату пурҳиммат ва бо ин хама ниҳоят хоксор, самимӣ ва заминӣ буд. Волидони равоншодам ҳамеша талкин мекарданд, ки меҳнати ҳалолу содиқона ба мардум дар ҳисобу инобат аст. Вазифа ва мансаб пеш аз ҳама масъулият, ҷиддият ва иштирок дар инкишоф аст, хизмати ҳалолу содиқона аст”, – навишта буд Ширин Амонзода бо нашри аксҳо аз сари мазори модараш дар Фейсбук.

Вақтҳои охир намунаҳои мардумгароӣ дар байни вазирони тоҷик бештар ба мушоҳида мерасад. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон низ дар нишасти хабариаш ду корти истифода аз нақлиёти ҷамъиятии Душанберо ба хабарнигорон нишон дода, гуфт,  мунтазам аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода барад, то аз вазъи воқеии зиндагии мардум ва шароити нақлиёти шаҳрӣ ба таври мустақим хабардор шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button