ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ПИЁДАГАРД ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ОПЕЛ”, ҒОРАТИ ТЕЛЕФОН ДАР МАҲАЛЛАИ 61 ВА ДУЗДИИ НОҚИЛҲО АЗ ОШЁНАИ 15

Рӯзи 15 июл, тахминан соати 16:30 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Муртазоев Пиримқул, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Хуҷанд –   Б.Ғафуров – Ашт», дар ҳудуди ҷамоати Д.Холматов  аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ёқубов Фарҳодҷон, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати Д.Холматовол пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ххххххххххххххх

Сокини 29-солаи ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 13 июл, соати 11:30 дар назди хобгоҳи Коллеҷӣ тиббӣ, воқеъ дар маҳаллаи 61-уми ш. Душанбе бо роҳи зӯроварӣ аз дасти сокини 26-солаи ноҳияи Фирдавсӣ  1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-12»,  арзишаш 1 800 сомониро кашида гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
хххххххххххххххх

Ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Ишкошим ба он гумонбар мешавад, ки шоми 15 июл, тахминан соати 20, бо роҳи пинҳонӣ аз ошёнаи 15-ум бинои навсохтумон, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе ноқилҳои барқии медиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 17 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи «Опел-Астра»

Рӯзи 15-уми июли соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Муртазоев Пиримқул Суярқулович, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Б.Ғафуров-Ашт», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ёқубов Фарҳодҷон Лакимович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард Ёқубов Ф.Л ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 29-сола богумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 13-уми июли соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа ҳангоми дар назди хобгоҳи Коллеҷӣ тиббӣ, воқеъ дар маҳаллаи 61-ум қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-12», ки арзишаш 1 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров муроҷиат намудааст, ки санаи 15-уми июли соли 2021, тахминан соати 20:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ошёнаи 15-ум бинои навсохтумон, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзодаи шаҳри Душанбе ноқилҳои барқии медиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Ишкошим ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button