ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

14 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН БО ҶУРМИ ПЕДОФИЛИЯ. Ӯ МЕГӮЯД, ТУҲМАТАШ КАРДААНД

Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Тюмен як марди 56-солаи зодаи Тоҷикистонро дар бадрафтории ҷинсӣ нисбат ба ду духтари угайи хурдсолаш гунаҳкор шинохт ва ба 14 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Хадамоти матбуоти додгоҳи вилояти Тюмен  хабар дод, ки додгоҳ мардро ба фоидаи  яке аз кӯдакони таҷовузшуда 500 ҳазор рубл товон ҳам бастааст.

Бино ба маводи парванда, ин марди солхӯрда соли 2013 ба Тюмен ба мардикорӣ омада, дар инҷо бо як зани маҳаллӣ шинос шудааст. Ӯ дар хонаи ин зан истиқомат мекард. Зан ду духтари он вақт 9 ва 10-сола доштааст.

«Аз набудани модарашон истифода бурда, мард дар тӯли солҳои 2013—2014 духтарчаҳоро таҷовуз мекард ва нисбат ба онҳо ҳаракатҳои шаҳвонӣ анҷом медод. Кӯдакони ҳаросхӯрда метарсиданд, ки дар бораи ҷиноятҳои падарандарашон ба модари худ гап зананд. Онҳо фикр мекарданд, ки модарашон ба онҳо бовар нахоҳад кард. Марди золим кӯдаконро бо шланг мезад ва соли 2015 модарашонро буғӣ карда, таҳдиди куштан кардааст. Зан ба қароре расид, ки аз ин мард ҷудо шавад. Вақте ки духтаронаш ба вай асли гапро гуфтанд, зан ба пулис муроҷиат кард», – гуфта мешавад дар иттилоияи додгоҳ.

Марди зодаи Тоҷикистонро баъди шикояти зану фарзандонаш дастгир карданд, вале ӯ дар ҷараёни тафтишот иттиҳомоти эълоншударо қатъиян рад мекард ва мегуфт, танҳо мехост, ки фарзандони ҳамсарашро тарбия кунад. Ӯ ҳамчунин иддао мекард, ки вақте аз он зан ҷудо шуд, зан бо духтаронаш забон як карда, барои интиқомҷӯӣ ба ӯ туҳмат заданд.

Вале хадамоти матбуоти додгоҳи вилояти Тюмен иддао дорад, ки “ба тафтишот муяссар шуд, ки се ҳолати истифодаи зӯроварӣ, се ҳолати бадрафтории шаҳвонӣ нисбат ба яке аз кӯдакон, ду мавриди таҷовузи хоҳари ӯ ва ҳамчунин таҳдиди куштани модари онҳоро исбот кунад.”

Ҳукми шаҳрванди Тоҷикистон ҳанӯз қувваи иҷро нагирифтааст. Ӯ метавонад аз ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят барад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button