Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

43 ҲОЛАТИ НАВИ ГИРИФТОРӢ ВА БОЗ ДУ ҲОЛАТИ МАРГ АЗ КОРОНАВИРУС

Шумораи гирифторон ба коронавирус дар Тоҷикистон торафт меафзояд. Вазорати тандурустӣ шоми 10 июл хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 43 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ва фавти боз ду нафари дигар аз ин беморӣ сабт шуд, 31 нафар, хушбахтона, шифо ёфтаанд.

43 ҳолати ахир баландтарин рақам барои як шабонарӯз дар соли 2021 мебошад.

Дар умум аз 21 июн ба ин тараф дар Тоҷикистон расман 488 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шуда, аз аввали моҳи июл вазорати тандурустӣ алакай дар бораи марги 12 нафар хабар медиҳад. Вале дар матбуот то имрӯз исми ҳудуди 30 нафаре, ки қурбони коронавирус  ё “илтиҳоби шуш” шудаанд, нашр шудааст.

Ба ҳисоби вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 13 ҳазору 796 нафар ба корнавирус гирифтор шуда, 102 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд ва 13 ҳазору 514 нафар, ё 98,2% шифо ёфтаанд. Бино бар ин ҳисоб, ҳоло 180 нафар бо нишонаҳои коронавирус таҳти табобат боқӣ мемонанд. Вале мунтақидон мегӯянд, шумори воқеии гирифтор ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз ин арқоми расмист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button