ВарзишВидеоНомаҳо ба президент

ЖУРНАЛИСТ ДАР “ҚАФАС”: АЗ ГИРЕБОНАШ КАШОЛА КАРДА, БУРДАНД… (ВИДЕО)

Исматулло Абдуллоев 

Ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Tajikistan Football Federation , муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Аз рӯзи 3-юми июл то 7-уми июли соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи CAFA миёни духтарони то 17 сола баргузор шуд. Банда ҳамчун журналисти дорои акредитатсия инъикосгари ин мусобиқа будам.

Аз рӯзи аввал дар ҳамаи бозиҳо иштирок доштам. Қоидаҳои пешгирӣ аз коронавирусро риоя карда рисолаи кории худро анҷом медодам.

Дар рӯзи охир ҳангоми ҷоизасупорӣ мо иҷоза доштем, ки то назди лентаи зард рафта аз онҷо навор ва акс гирем. Аммо муҳофизон ба мо иҷозаи аз панҷараҳои оҳанин баромаданро надоданд. Дар ҳоле ки наворбардорони ТВ Варзиш ва инчунин якчанд нафари дигар ки бо телефонҳояшон наворбардор доштанд, бе ягон мамониат дар майдони футбол кори худро карда истода буданд.

Хостем, ки ин рӯз ба хушиву хурсандӣи гузарад ва аз қафои ҳамон панҷараҳои оҳанин навор гирифтанӣ шудем. Аммо муҳофизон пеши навори моро гирифта буданд. Аз онҳо хоҳиш кардем, ки ҳадди ақал як тараф истанд то мо кори худро аз қафои ҳамин панҷараҳо анҷом диҳем. Аммо онҳо бо лафзи қабеҳ гуфтанд наворбардорӣ мумкин нест. Хостам бо телефонам наворбардорӣ кунам, омада телефонамро аз дастам гирифтанд ва маро кашола карда ба берун бароварданд.

Баъд аз анҷоми мусобиқа хостем ба маркази матбуотии CAFA шикоят барем, онҳо низ ҳангоми бо телефон сӯҳбат кардан телефонро дар рӯи мо қатъ карданд.

Ҳодисае ки маро ба фикр кардан водор кард.

Назди сардори муҳофизон рафтем, ба ӯ фаҳмонидем ки тибқи моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳо ҳақ надоранд, ки ба фаъолияти журналист монеъ эҷод кунанд. Сардори муҳофизон ба мо гуфт: “Инҷо қонуни Тоҷикистон кор намедиҳад”.

Ман ҳайрон ки аз кай боз дар дохили Варзишгоҳи Марказӣ қонунҳои Тоҷикистон дахлнопазир мешаванд.

Агар наворбардорӣ мумкин набошад, пас чаро ба мо акредитатсия доданд?

Чаро журналистон дар паси панҷараи оҳанин, вале чанд нафаре ки онҷо ҳатто ягон масъулият доштанашон маълум набуд, дар назди майдон сайругашт доштанд?

Агар барои пешгирии пандемия бошад, ин нафарони дар акс буда чаро иҷозати вурудро доранд? Дар ҳоле ки мо аллакай ваксина гирифтем ва гувоҳинома низ дорем.

Чӣ тавре ки сардори муҳофизон гуфт, “ин ҷо қонуни Тоҷикистон кор намедиҳад”. Хоҳишан боз агар ҳаст ҷойҳое ки қонунҳои Тоҷикистон, хусусан моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахлнопазир аст, ба мо гӯед, то донем дар куҷо аз қонунҳо истифода барем.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки нисбати ин кор чораандешӣ кунед. Вагарна фазои журналистон дар соҳаи варзиш ҳам рӯз ба рӯз танг мешавад.

Эзоҳ: Моддаи 162. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон

1) Дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ў барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зўроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурўғи бофтае ё фош намудани дигар таҳсилоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист,-

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2 )Ҳамин кирдор, агар:

а) бо зўроварӣ;

б) несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,-

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Nurangez Rustamzoda 

Ба Рустами Эмомали, раиси Tajikistan Football Federation ва

ҳамкорони журналистам

Журналист дар “қафас”, аз гиребонаш кашида мебаранду мепартоянд, фарзанди директори стадиони “Фрунзе” дар бари падараш:

Ин шом Мусобиқоти #CAFAU17 миёни бонувон ба поён расид.

Ба ҳамаи он мушкилоте, ки пеш аз ин рӯзҳо мо, як гурӯҳ рӯзномангорон дучор омада будем, чизе нагуфтем.

Вале имрӯз ҳолат тамоман аз чаҳорчӯба гузашт. Аз сабаби #COVID19 барои рӯзноманигорон анҷом додани корашон имконнопазир будасту аз сабаби ин, ҳамкорам Исматулло Абдуллоев ро аз гиребонаш кашолакунон ба беруни стадион ва Бахтиёр Рахматуллоев ро аз болояш қулф заданд, ки то баромада, аксбардорӣ (яъне, кораш, ки бояд иҷро кунад) накунад. Чан далел аз ҷойи ҳодиса:

#АКСИ 1: Соати 22:45, ҳангоми маросими сарфарозгардонии ғолибони мусобиқа гирифта шудааст. Бубинед, дар акс Директори стадиони “Фрунзе”, дар рӯбарӯйи саҳна, бо писараш дар ду курсича бо ҳам нишаста, дар телефонашон маросимро наворбардорӣ мекунанд. Бисёр саҳнаи зебои падарҷону писарҷон. Вале, вақте журналистонро аз сабаби ковид намондаанд, ки ҳатто аз дур ҳам бошад маросимро ба навор гиранд, ин саҳна ғайриоддӣ нест? Ба журналисте, ки аккредитатсия дорад, мумкин не корашро кунад, вале писарҷони директор дар бари падараш), бошад, қабул. Ҳамзамон, бубинед, ду касе, ки дар пеши банди зард кор мекунанд: онҳо аҳли қалами #ФФТ. Онҳо ковид шуда наметавонанд, вале мо дигар журналистон метавонем сироят кунем. Ин ҷо онҳо қайд мекунанд, ки ҳатман мо тест насупоридаем. Мо ҳам месупоридем, ва асос ин, ки мо ваксина гирифтаем.))

#АКСИ 2: Ин акс, ҳолате аст, ки Исматулло Абдуллоев ро аз гиребон кашида бароварданду Бахтиёр Рахматуллоев -ро аз болояш махкам карданд. Ҳарду ҳам маска доштанд. Он касе, ки бо рахи сафед нишон дода шудааст, ронандаи ТВ Варзиш, аки Хуршед аст. Ин даромадгоҳи асосӣ аст, ки мо журналистонро намонданд аз ин ҷо ҳатто гашту гузор кунем. Ва мо аз дарҳои иловагӣ медаромадем. Бошад, вале чаро барои ҳама ин қонунҳои #CAFA , ковид ЯКХЕЛ кор намекунанд. Яъне, журналист ҳатто баробари ронандаи шабакаи варзишӣ ҳақ надорад, ки корашро анҷом диҳад?

#АКСИ 3: Ин акс дар ҳолате, гирифта шуд, ки Исматуллоро кашида аз гиребонаш мебурданд. Ман дар болотар нишаста будам. Мутаасифона, аз ҳолати бурданашон акс гирифта натавонистам. Вале дар акс аён аст, ки чӣ гуна ҳама ба сӯйи он муҳофиз нигоҳ доранд, ки журналистро кашида мебарад. Меҳмонони хоричӣ аз кори муҳофизон дар ҳайратанд. Ва боз як чиз, аз рӯйи қоидаҳои #CAFA ва ковид, ин ду марду як кӯдак умуман дар ин ҷо бояд набошанд. Вале бубинед, бе ягон мамоният наворбардорӣ доранд.

Дар навор маълум аст, ки чӣ гуна Исматуллоро сарзаниш мекунанд. Савол: барои чӣ? Барои он, ки журналисти дар “қафас” буда аз Директори муҳофизони чорабинӣ хоҳиш мекунад, ки пеши камераашро нагирифта, каме яктарафтар истанд. Дар натиҷа, директор ғазабӣ мешавад ва як муҳофиз Исматуллоро гирифта аз дари стадион, он вақте, ки журналист истода корашро бикунад, бароварда мепартотояд. Дар вақти ҷоизасупорӣ. Ҳамкорон хуб медонанд, ки ин лаҳзаҳо чӣ гуна муҳиманд.

Банда ин ҳолатро дида, ба сухангӯйи федератсия занг задам. Хостам, ки ин ҳолат баррасӣ шавад: миёни мо журналистону муҳофизон. Вале дар ҷавоб чӣ шунидам: “Э дод наза сни ма, бра” телефон хомӯш шуд. “Бахшиш” акаи медиа-офитсер, ки барои иҷрои вазифаву уҳдадориатон шуморо ғам додам. Боз ба наздатон рафтам, ки яку якбора ҳамаи муҳофизу директору дигару дигар ба сари мо дод задаву ронданд. Бо овози баланд, гуфтем, ки ба Рустами Эмомали муроҷиат мекунем. Ва ёдрас кардем, ки барои монеъ шудан ба кори журналистӣ ҷавобгарӣ дар пеши қонун ҳаст. Чунин ҷавоб буд: “Брен каседа мефора гуфтан гирен, иҷа қонунҳои хдша дора”!.

Ғайр аз ин зиёд суханҳои қабеҳ аз тарафи муҳофизон нисбати мо гуфта шуд. Барои гуфтани он суханҳо даҳон намеравад. Вале агар вохӯрии рӯ ба рӯ шуд, ҳатман мегӯем!

Муҳтарам, Рустами Эмомали, аз шумо таҳлили ин қазия ва ба ҷавобгарӣ кашидани ин гуна афродро интизорем, ки ба кори журналистон монеъ шуда, аз “ҳичка наметарсан”.

Худ қоидаҳоро иҷро намекунанд, вале аз дигарон талаб мекунанд. Аз вазифаҳои худ суъистифода мекунанд. Вақте мебинанд, ки зан ҳастӣ мегӯянд: “Шавай бра хонат корои хоната бкн”….

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button