ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ҲАМЛАҲОИ ТОЛИБОН САБАБИ БАРКАНОРИИ ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК ШУД?

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 июл Абдуллозода Нурулло Ҳомидро бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка озод кард.

Мақомот сабаби барканории Абдуллозодаро, ки аз моҳи ноябри соли 2017, беш аз сеюним сол боз роҳбарии бахши ҷосусии Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистонро бар уҳда дошт, то ҳол шарҳ надодаанд. Вале Телеграм-канали Военный обозреватель, ки масоили ҳарбиро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, Абдуллозода барои дуруст пешбинӣ накардани самту сӯи таҳаввули вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ва ноомодагӣ ба вазъияте, ки дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба амал омад, барканор карда шудааст.

 «Маълум шуд, ки Нурулло Абдуллозода масъулияти таъмини амният дар марз бо Афғонистонро дар қисмати вилояти Хатлон (ки бо вилояти Кундуз ҳаммарз аст) ва Кӯҳистони Бадахшонро бар уҳда дошт. Яъне ҳамон ҷойҳое, ки дар чанд рӯзи охир беш аз 1300 тан аз ҳарбиёни афғон ба қаламрави Тоҷикистон гузаштанд ва инро бисёриҳо ҳамчун рахна кардани сарҳад маънидод карданд.  Чораҳои андешидашуда дар марзи Кӯҳистони Бадахшон бесамарии худро нишон доданд, қисмати марз бо Кундуз бошад фақат дар рӯи қоғаз ба марз шабоҳат дорад», –  иддао мекунад Военный обозреватель.

Мақомоти расмии Душанбе ин иддао дар бораи пешравиҳои ахири Толибон ҳамчун сабаби барканории сардори бахши разведкаи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистонро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Вале барканории Нурулло Абдуллозода билофосила баъди баррасии вазъи шимоли Афғонистон дар ҷаласаи Шӯрои Амният сурат гирифт. Қарори маълум, беш аз 900 км аз 1370 км марзи Тоҷикистону Афғонистон аз он сӯи марз дар як муддати кӯтоҳ ба дасти Толибон афтод ва дар ду ҳафтаи охир беш аз 1500 сарбози афғон зери фишори Толибон бо силоҳҳояшон ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд. Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт, рӯзҳои оянда ҳодисаҳои убури марз аз сӯи нирӯҳои давлатии Афғонистон метавонад боз идома ёбад.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон марзи ҷанубии СНГ ва ОДКБ низ ба шумор меравад ва таҳаввулоти ахир дар ин марз кишварҳои дигари Шӯравии собиқро сахт нигарон кардааст.

Рӯзи 5 июл президенти Тоҷикистон вазъ дар Афғонистон ва бахусус дар марзи кишвараш бо Афғонистонро бо роҳбарони Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия баррасӣ кард. Президенти Русия Владимир Путин, бино ба хабарҳо, ба Эмомалӣ Раҳмон кумаки ҳарбӣ пешниҳод карда, дар як гуфтугӯи алоҳидаи телефонӣ бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ ҳамин масъалаи вазъи пешомада дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ва роҳҳои кумак ба Душанбе барои тақвияти марзҳояшро баррасӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5 июл дар тамосҳои телефонӣ бо роҳбарони Русия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои амният вазъи мураккабшуда дар Афғонистонро баррасӣ карда, дар ҷаласаи Шӯрои Амният  ба вазири мудофиа Шералӣ Мирзо амр додааст, ки барои таҳкими ҳифоати марз бо Афғонистон 20 ҳазор сарбози эҳтиётиро сафарбар кунанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 км марзи мустақим дорад, ки рӯи маҷрои Амӯдарё ва Панҷ мегузарад. Ҳимояти аксари манотиқи ин марз ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш хеле мушкил аст. Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ташкили як ҷаласаи вижа аз вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бояд барои қабули дастикам 10 ҳазор гуреза аз Бадахшони Афғонистон тайёрӣ бинанд.

Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад ва ин боиси ноамниҳои бештар дар он кишвар, бахусус дар марзҳояш бо Осиёи Марказӣ шавад.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар мусоҳиба бо хабаргузории русии РИА Новости изҳор дошт, ки онҳо алакай беш аз 70 фоизи марз бо Тоҷикистонро зери назорати худ даровардаанд ва метавонанд қаламрави боз ҳам бештарро тасарруф кунанд.

Вале ӯ итминони хотир дод, ки Толибон қасди эҷоди мушкил дар марзи бо Тоҷикистони, ба таъбири сухангӯи Толибон, “дӯст”ро надорад.

“Мо тасдиқ мекунем, ки ҳатто беш аз 70; марз бо Тоҷикистонро тасарруф кардаем. Муносибатҳои мо бо кишвари дӯстамон – Тоҷикистон хеле хуб хоҳад шуд. Дар марзҳо амният барқарор мегардад ва ҳеҷ навъ дахолате рух нахоҳад дод “, – гуфтааст сухангӯи Толибон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button