ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЯК РӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН ҶАСАДИ 5 КӮДАКУ НАВРАСРО АЗ ОБ БЕРУН КАШИДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки танҳо дар як рӯзи 4 июл аз кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ҷасади 5 нафари ғарқударо берун кашидаанд. Ҳамаи онҳо ҷавон буда, аз 7 то 18 сол син доштаанд. Бино ба ҳисобҳо, аз аввали сол дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон алакай беш аз 50 нафар ғарқ шудаанд. Тақрибан нисфи  ин ғарқшудаҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла рӯзи 4 июл як кӯдаки 11-сола аз деҳаи Шарифии ҷамоати Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Қаратоғ ғарқ шуд.Наҷотбахшон ҳамроҳи аҳолӣ ҷасади ӯро  соати 11:50 аз соҳили  дарё пайдо карда, ба наздиконаш супурдаанд.

****   ***   ***

Духтарчаи 7-сола аз деҳаи Адири ҷамоати Ҷ. Раҳмони шаҳри шаҳри Турсунзода бо сабабҳои номаълум дар канали Заркамар  ғарқ шудааст. Ҷасади ӯро дар масофаи 2,5 км аз ҷойи ҳодиса пойинтар пайдо карда ва ба пайвандонаш супурдаанд.

****   ***   ***

Баъд аз зуҳри 4 июл як духтари ноболиғи дигар аз деҳаи Саховати ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми шиноварӣ дар канали  Кӯктош аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст. Имдодгарони Маркази наҷот ҷасади ӯро аз соҳили канал пайдо  кардаанд.

****   ***   ***

Боз ҳам баъд аз зуҳри 4 июл, дар дохили  сарбанди нерӯгоҳи ВарзобГЭС ҷасади  як зан рӯи об баромадааст. Ҷасадро соати 18:30 берун кашидаанд. Баъд аз ташхис маълум гардид, ки ӯ як сокини 18-солаи деҳаи Қулпистаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст. Сабаби марги ӯ маълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита парванда боз кардаанд ва тафтишот идома дорад. 

****   ***   ***

Як ҷавони 17-сола, сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи  03.07.2021, тахминан соати 15:30 дақиқа ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон,  ғарқ шуд. Ҷасади ӯро рӯзе пас 500 метр поинтар аз макони ҳодиса пайдо карда, ба мақомот супоридаанд.

****   ***   ***

Ҳамчунин ҷасади як марди ба тахмин 40-50 сола дар кӯчаи  ба номи М.Назрибекови шаҳри Душанбе пайдо шудааст. Ин мард дар наздикии як гараж фавтидааст ва сабаби марги вай номаълум аст.Бо даъвати навбатдори ШКВД ноҳияи Фирдавсӣ гурӯҳи имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади марди ношиносро ба кормандони милитсия супурданд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button