Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

МУЗОКИРОТИ РОҲБАРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН 6 СОАТ ДАВОМ КАРД, ВАЛЕ БЕ ИМЗО САНАД АНҶОМ ЁФТ

Музокироти байни президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) дар Қасри миллат дар Душанбе рӯзи 29 июн  беш аз 6 соат тӯл кашид. Мулоқоти рӯбарӯи онҳо соати 9:20 оғоз ёфт ва мебоист соати 11:00 ҷамъбаст мешуд. Вале ин мулоқот то соати 15:3 беш аз 6 соат давом кард. Ба гуфтаи хабарнигорон, дар давоми ин музокироти тӯлонӣ чандин дафъа ба ҳуҷрае, ки раҳбарони ду кишвар мулоқот доранд,  нақшаҳо ва харитаҳои топографиро даровардаанд. Ин табиист, чунки мавзӯи асосии музокироти Раҳмон ва Ҷабборов масоили марзӣ –мавзӯи аз ҳама ҳассос дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон аст.

Вале музокироти онҳо дар ниҳоят бидуни имзои кадом санад дар масъалаи марз анҷом ёфт.  Ҳарду раҳбар танҳо гуфтанд, ки барои идомаи музокироти ин масъалаи ҳассос талош хоҳанд кард.

Дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов танҳо 4 санад: 2 созишнома ва 2 ёддошти тафоҳум имзо шуду халос:

– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қирғизистон;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии кадрии Ҷумҳурии Қирғизистон;

– Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сиёсати ҷавонон байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон;

– Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон “Кабар”.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон  29.06.2021

Дар изҳороти муштараки худ ду президент 25 мавзӯи музокироти худро зикр карданд:

1. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бар асоси робитаҳои бисёрасраи таърихӣ ва арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва маънавӣ ташаккул ёфтаанд.

2. Роҳбарони давлатҳо бо дарки масъулияти баланд барои ҳифзи риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, тасмим гирифтанд, ки муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро батадриҷ густариш диҳанд.

3. Президентҳо таъкид карданд, ки ба пайдоиши низоъҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон роҳ дода нашавад, ба ин манзур риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро зарур донистанд.

Президентҳо изҳори азм намуданд, ки муколамаи созанда бар асоси шартҳои аз ҳар ду ҷониб пазируфташавандаро бо дарназардошти манфиатҳои ду кишвар ва ҳалли масоили бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои осоишта ва усулҳои сиёсию дипломатӣ бунёд созанд.

4. Сарони давлатҳо масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо суръат бахшидан ба музокирот ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли барои ҳар ду ҷониб пазируфташаванда дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро қайд намуданд.

Президентҳо итминон доранд, ки принсипҳои дӯстию ҳусни ҳамҷаворӣ, ки бар пояи он мардумони тоҷик ва қирғиз аз қадимулайём зиндагӣ ва бунёд мекарданд, ҷиҳати ба даст овардани натиҷаи барои ҳар ду ҷониб қобили қабул мусоидат менамоянд.

5. Роҳбарони давлатҳо идома додани кӯшишҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ роҷеъ ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайраро таъкид намуданд. Дар ин робита аҳаммияти баргузории мунтазами Мулоқотҳои машваратии Сарони давлатҳоро, ки ба ташаккули фазои нави ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат мекунанд, қайд карданд.

Ба мақсади такони нав додан ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини субот дар минтақа, омодагии худро барои мусоидати муштарак ба бастани Аҳдномаи панҷҷониба дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ дар асри XXI баён намуданд.

6. Сарони давлатҳо таъкид намуданд, ки барои рушди муколамаи байнидавлатӣ василаҳои зарурии ҳамкорӣ, пеш аз ҳама Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ таъсис дода шудаанд.

Тавофуқ ҳосил шудааст, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар нимаи дуюми соли 2021 дар Қирғизистон баргузор гардад.

7. Президентҳо муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Қирғизистонро муҳим арзёбӣ намуданд.

8. Сарони давлатҳо коҳиш ёфтани ҳаҷми тиҷорати мутақобиларо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қайд карданд. Дар ин замина, изҳор карда шуд, ки тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати истифодаи имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ андешида шаванд. Зарурати ташкили сафарҳои ҳайатҳои иқтисодии тарафайн бо супориши махсус, намоишгоҳҳо дар самтҳои авлавиятноки иқтисод ва ҳамоиши соҳибкорон таъкид гардид.

9. Президентҳо аз идомаи қочоқи мол дар минтақаҳои наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори нигаронӣ карданд. Ҷонибҳо бар онанд, ки чунин ҳолат ба муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ зиён меорад.

10. Президентҳо зарурати роҳандозӣ намудани робитаҳои байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро таъкид намуданд. Қайд карда шуд, ки минтақаҳои ду кишвар дорои имкониятҳои кофӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маҷмааи агросаноатӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва илмиву техникӣ мебошанд.

11. Ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин бо дарназардошти тамоюлҳои манфии тағйирёбии иқлим ва уҳдадориҳо дар доираи Созишномаи Париж, Сарони давлатҳо омодагиро ҷиҳати дастгирии мутақобилаи ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигар роҷеъ ба баҳрабардорӣ аз нерӯи бузурги гидроэнергетикии ду кишвар барои таъмини минтақа ва берун аз он бо энергияи қобили таҷдиди аз лиҳози экологӣ тоза, иброз намуданд.

12. Роҳбарони давлатҳо тавофуқ намуданд, ки фаъолияти гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии масъалаҳои дуҷониба роҷеъ ба истифодаи захираҳои обро барқарор намоянд.

13. Президентҳо аҳаммияти идома додани ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар самти амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатҳои интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ CASA-1000-ро таъкид намуданд.

14. Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои шаҳрвандони қирғизтабори Тоҷикистон ва шаҳрвандони тоҷиктабори Қирғизистон шароити мусоиди зист фароҳам месозанд.

15. Президентҳо бештар фаъол намудани ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарии мардумони Тоҷикистону Қирғизистонро тариқи баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, ки ба наздик гардонидани мардумони ду кишвар ва таҳкими равобити байни миллатҳо ва фарҳанги мардумони ду кишвар мусоидат менамояд, муҳим арзёбӣ намуданд.

16. Сарони давлатҳо ҷонибдори таҳкими мақоми СММ ҳамчун сохтори фарогири байналмилалӣ ва саҳнаи асосии ҳалли масъалаҳои муносибатҳои байнидавлатӣ, инчунин нақши марказии ҳамоҳангсозии он дар корҳои байналмилалӣ мебошанд.

17. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обро ҷонибдорӣ карда, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ “Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”-ро ёдоварӣ намуд.

18. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қабули қатънома зери унвони “Табиат бидуни марз: ҳамкории фаромарзӣ – омили асосии ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ”, ки бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон дар ҷаласаи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод гардида буд, ҷонибдорӣ намуд.

19. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро ҷонибдорӣ мекунад.

20. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Ҷумҳурии Қирғизистонро ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ барои солҳои 2023-2025 дастгирӣ намуд.

21. Ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё ва дигар ташкилоту форумҳои байналмилалӣ идома меёбанд.

22. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2020-2021-ро дастгирӣ намуда, аҳаммияти махсуси пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон ва татбиқи авлавиятҳоро дар соли ҷашнии ин Созмон таъкид намуд.

23. Президентҳо баргузор шудани Нахустин форуми Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказиро моҳи ноябри 2021 дар шаҳри Бишкек дар сатҳи сарвазирони Осиёи Марказӣ ва намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо бо хушнудӣ пазируфтанд.

24. Сарони давлатҳо аз вазъи кунунии ҳарбию сиёсии Афғонистон дар робита ба хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ, инчунин фаъол шудани унсурҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ, изҳори нигаронӣ карданд.

25. Роҳбарони давлатҳо бо қаноатмандӣ натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намуда, изҳори боварӣ доранд, ки музокироти  баргузоршуда ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба саҳм гузошта, такони тоза мебахшад.

Содир Ҷабборов дар оғози музокироташ бо Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, “муносибатҳо мо баъди ҳодисаҳои 28 апрел даврони сахтеро пушти сар мекунанд. Мо бояд ин мушкилро тавре ҳал кунем, ки дар оянда чунин ҳодисаҳо такрор нашаванд.”

 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов шоми 28 июн бо сафари расмии дурӯза вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.

Ин нахустин дидори рӯбарӯи президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов баъд аз муноқишаи хунини ду моҳ пеш дар марзи вилоятҳои Суғду Бодканд аст, ки аз ҳар ду тараф беш аз 50 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт. Ин муноқиша хунинтарин муноқиша дар таърихи нафақат низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ дар чанд даҳсолаи охир дониста мешавад.

Тавофуқ дар мавриди сафари  Содир Ҷабборов ба Душанбе рӯзи 30 апрел дар ҷараёни нахустин гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қирғизаш баъд аз муноқишаи хунин дар марзи Исфараву ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияҳои Бодканду Лайлаки Қирғизистон ба даст омада буд.  Комил Алламҷонов, сухангӯи собиқи президенти Ӯзбекистон он вақт навишт, ки ин гуфтугӯи телефонӣ бо миёнаравии Шавкат Мирзиёев сурат гирифтааст. Манобеи огоҳ дар Душанбе низ мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон шадидан мухолифи гуфтугӯи ҳатто телефонӣ бо Содир Ҷабборов буд ва Мирзиёев хеле талош кард, то ӯро ба зарурати ин тамоси телефонӣ мутақоид кунад.

Тибқи тавофуқе, ки дар он гуфтугӯи телефонӣ ба даст омад, қарор шуда буд, ки ҳайъатҳои ду ҷониб дар комиссияи таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз 1 май ба музокироти масоили марзӣ шурӯъ мекунанд ва  Ҷабборов алакай дар нимаи дуюми моҳи май ба Душанбе омада, бо ҳамтои тоҷикаш тавофуқоти дар ҷараёни музокироти марзӣ ҳосилшударо ниҳоӣ хоҳанд кард.

Аммо ба далелҳои ҳанӯз норӯшане ин сафар то поёни моҳи июн ба таъхир афтод. Дар ин байн дар аввали моҳи июн дар марзи ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) бо вилояти Ӯши Қирғизистон низ муноқишаи ҷиддие ба вуҷуд омад, ки хушбахтона, бидуни қурбонӣ ва тавассути музокирот ҳаллу фасл шуд.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 км тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон то имрӯз ҳамагӣ 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт бар асари тақсими об, замин, убури ғайриқонунии марз ва ихтилофоти қавмӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли 2021 рух дод, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта шуда, 154 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тоҷикистон аз кушта шудани 19 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 87 нафар хабар дод. Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани муноқишаи ахир айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button