ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҲАЛЕВАРД ВА РЕГАР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ду садамаи дигари марговар дар кишвар хабар дод.

Субҳи 24 июн, соати 9:30, ронандаи мотороллери сохти Хитой, Ҷумъаев Фурқатҷон, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳраки Балх ба самти ҷамоати Ҳалевард ба қафои дучархарон, Холов Дӯстмурод, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати Ҳалевард, бархӯрда, баъдан ба муқобили самти ҳаракат баромада, ба мошини тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Соҳибназаров Қаюмҷон , соли таваллудаш 1974, низ сокини Ҳалевард, бархӯрдааст. Дар натиҷа, дучархарон Дӯстмурод Холов ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, шоми 23 июн, соати 20:20, ронандаи квадросикл» Акрамов Ғолиб, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати Регари шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Ҳақиқати ҷамоати Т.Тӯйчиев ба самти муқобили роҳ баромада ба мошини тамғаи “Ҳундай-Соната”, таҳти идораи Назиров Шокирҷон, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати Навобод бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи квадросикл Ғолиб Акрамов бар асари  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button