ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ДАР ЯК ШАБОНАРӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН 21 ҲОЛАТИ НАВИ ОЛУДАШАВӢ БА КОРОНАВИРУС ОШКОР ШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар кишвар боз 21 ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ошкор шуда, 7 нафар дар як рӯзи охир аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, аз аввал дар Тоҷикистон 13 392 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, аз ин шумор 13 243 нафар шифо ёфта, 90 нафар ҷон бохтаанд ва 59 нафар феълан таҳти табобат қарор доранд.

Вазорати тандурустӣ аз аввал соли 2021, дар тӯли қарим 6 моҳ сарсахтона пойфишорӣ мекард, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави олудашавӣ ба коронавирус ошкор карда нашудааст. Ин вазорат гузоришҳо дар бораи ба ин вирус гирифтор шудан ва ҳатто фавтидани сокинонро рад мекард ва мегуфт, онҳое, ки гӯё бо гумони коронавирус бистарӣ шудаанд, дар асли ба иллати истеъмоли яхмос ва оби хунук гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, ба мисли илтиҳоби шуш ё зуком шудаанд, на коронавирус.

Вале ба ин афсонаи “яхмосу оби хунук” дигар касе бовар намекард.  Хусусан баъди расонаӣ шудани хабари марги чанд нафари шинохта, аз ҷумла муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Ва билохира рӯзи 21 июн Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус расман тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд.

Аз 21 июн ба ин тараф вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи 84 мавриди нави гирифторӣ ба коронавирус хабар дод. Аз ин шумор 59 нафараш то ҳол таҳти табобат қарор дошта, 25 нафар дар байни ҳамагӣ чор рӯз гӯё шифо ёфтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button