Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ РОҲЗАНЕ, КИ ГӮШВОРҲОИ ТИЛЛОИИ КӮДАКОНИ ХУРДСОЛРО БА ЗӮР КАНДА МЕГИРИФТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як сокини 38-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки пеш ҳам барои ғоратгарӣ суд шудааст, дар дастикам се мавриди базӯр аз гӯшҳои духтарони хурдсол канда гирифтани гӯшворҳои тиллоияшон айбдор мешавад.

Аз ҷумла, бино ба фарзияи тафтишот,  ин зани дастгиршуда моҳи марти соли ҷорӣ дар кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт ба таври ошкоро ва бо истифодаи зӯроварӣ аз гӯшҳои як кӯдаки шашсола як ҷуфт гӯшвори тиллоии арзишаш 1500 сомониро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаааст.

Инчунин, муайян карда шуд, ки номбурда моҳи августи соли 2020,  дар кӯчаи Б.Ғафуров боз ҳам бо зӯрӣ аз гӯшҳои духтараки чорсола гӯшворҳои тиллоии арзишаш 500 сомониро канда гирифтааст. Ҳамчунин, ӯ рӯзи 1 июни соли 2021, тахминан соати 14:00, дар кӯчаи Ҳисори пойтахт бо зӯрӣ аз гӯшҳои як духтараки 7-сола гӯшворҳои тиллоияшро канда гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 250 сомониро ташкил медиҳад.

Ошкор гардидани силсилағоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 58-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2021, тахминан соати 10:00, дар кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт шахсони номаълум бо тариқи ошкоро ва бо истифодаи зӯроварӣ аз гӯшҳои набераи хурдсоли 6-солааш 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 38-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда моҳи августи соли 2020, тахминан соати 12:00, дар кӯчаи Б.Ғафуров бо тариқи ошкоро ва бо истифодаи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтари хурдсоли 4-солаи сокини ноҳияи Сино, 1-ҷуфт гӯшвори тиллоӣ, ки арзишаш 500 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамзамон, номбурда 1-уми июни соли 2021, тахминан соати 14:00, дар кӯчаи Ҳисори пойтахт бо тариқи ошкоро ва бо истифодаи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарбачаи 7-солаи сокини ҳамин ноҳия, 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 250 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Ш.Шоҳин муроҷиат намудааст, ки рӯзи 9-уми майи соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар кӯчаи Соҳилии пойтахт, “Рамазон” ва “Насим” ном шахсон ӯро лату кӯб карда, бо тариқи ошкоро 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-21 С»-ро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуд 1 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо “Насим” ном шахс содир намудааст. Барои муайян ва дастгир намудани «Насим» ном шахс чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button