ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАҲОИ АЙНӢ ВА ТУРСУНЗОДА ЭЪЛОН ШУДАНД

Нависандагон Қодири Рустам ва Абдуғаффори Абдуҷаббор, адабиётшинос Муртазо Зайниддинов, шоирон Абдуҷаббори Суруш, Хайрандеш ва Толиби Луқмон, мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барандагони Ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода гардиданд. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки нависанда Қодири Рустам барои тарҷумаи романи “Бозгашт ба Панҷрӯд”-и нависандаи рус Андрей Волос, Абдуғаффори Абдуҷаббор барои тарҷумаи романи “Сад соли танҳоӣ”-и Габриэл Гарсиа Маркес, Муртазо Зайниддинзода барои силсилаи мақолаҳояш доир ба адабиёти муосир барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидаанд.

Шоир Хайрандеш барои девони ғазалиёти “Ҳамешабаҳор”, Абдуҷаббори Суруш ва Толиби Луқмон барои силсилаи ашъор ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барои силсилаи мақолоташ доир ба нақди шеъри муосир сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода шуданд.
Соли равон ба ин ду ҷоизаи Иттифоқи нависандагон носирон Давлатшоҳи Тоҳирӣ ва Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод низ пешбарӣ шуда буданд, ки ноком гардиданд.

Мавриди ёдоварист, ки ин ду ҷоизаи адабӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибон дода мешавад.

Манбаъ: Pressa.tj

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button