ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ЗАН ДАР НОҲИЯИ АШТ БА ГОВДУЗДӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Як зани 34-сола дар ноҳияи Ашт ба он гумонбар мешавад, ки шаби 26 май бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Дӯстӣ, як сар чорвои калони шохдорро дуздида, ба соҳиби чорво, марди 25-солаи сокини ноҳияи Ашт 4500 сомонӣ зарар расондааст.

Нисбат ба ин зан бар асоси қисми дуюми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххххх

Сокини 30-солаи шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешвад, ки рӯзи 12 феврали соли ҷорӣ дар кӯчаи Н.Махсум бо роҳи фиреб ба боварии марди 24-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 2 мошини тамғаҳои «Мерседес Бенс” ва “Тойота-Королла»-ро ба маблағи 225 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтаааст. Вале аз ин маблағ танҳо 110-ҳазор сомониашро пардохт карда, боқимондаашро то ҳол барнагардондааст.
хххххххххххххх

Рӯзи 18 июн муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон полковник Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо намояндаи Хадамоти федеролии политсияи криминалии Олмон дар Осиёи Миёна Дитмар Эрфурт, ки муҳлати фаъолияташ ба анҷом расид, ва ҷойгузини ӯ хонум Бербэл Энгерер  мулоқот  кард. Полковник Раҳмонзода ба Дитмар Эрфурт барои ҳамкориҳои судманд дар муддати фаъолияташ дар мақоми намояндаи пулиси Олмон дар Осиёи Миёна изҳори сипос ва ба намояндаи нави ин ниҳод Бербэл Энгерер комёбӣ таманно кардааст.

 Ҷонибҳо ҳамчунин масоили амниятӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ – терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ кардаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати дуздии чорво

Ба ШВКД дар ноҳияи Ашт бо ариза марди 25-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки шаби 26-уми майи соли 2021, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Дӯстӣ, 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 34-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 24-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 12-уми феврали соли 2021, дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт, марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 2-адад автомашинаи тамғаҳои «Мерседес Бенс” ва “Тойота-Королла»-ро ба маблағи 225-ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, 110-ҳазор сомониашро пардохт карда, боқимондаашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шиносоӣ бо намояндаи навтаъини Хадамоти федеролии политсияи криминалии Олмон дар Осиёи Миёна

Рӯзи 18-уми июни соли 2021 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо намояндаи Хадамоти федеролии политсияи криминалии Олмон дар Осиёи Миёна Дитмар Эрфурт, ки муҳлати фаъолияташ ба анҷом расид ва ҷойгузини ӯ хонум Бербэл Энгерер, ки минбаъд дар хадамоти мазкур фаъолият менамояд, мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ ба Дитмар Эрфурт барои ҳамкориҳои судманд дар муддати фаъолият дар Хадамоти федеролии политсияи криминалии Олмон дар Осиёи Миёна изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуд. Ҳамзамон ба афсари навтаъини ин ниҳод хонум Бербэл Энгерер ҷиҳати фаъолияти натиҷабахш комёбӣ ва муваффақиятҳо таманно кард.

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро дар соҳаи таъмини амният, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ – терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотима ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории самаранок иброз дошта, самтҳои асосии ҳамкориҳои судманди тарафайнро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Ҷамилов Манучеҳр

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button