ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ЭРОН НОМЗАДИ ТУНДРАВҲО ИБРОҲИМ РАИСӢ ҒАЛАБА КАРД (ВИДЕО)

Дар интихоботи рӯзи 18 июни раёсатҷумҳурии Эрон, 13-умин интихобот дар 43 соли гузашта аз замони таъсиси Ҷумҳурии исломӣ  раҳбари қувваи қазоияи Эрон, номзади ҷиноҳи муҳофизакорони тундрав Иброҳим Раисӣ, ки аз ҷониби раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳимоят мешуд, ғалаба кардааст.

Раиси ситоди баргузории интихобот Ҷамол Урфӣ рӯзи 19 июн тавассути телевизиони давлатии Эрон ғалабаи Раисиро эълон кард ва гуфт, аз 28 миллиону 600 ҳазор нафаре, ки дар овоздиҳӣ иштирок карданд, 17,8 миллионаш ба Раисӣ раъй додаанд.

Ба интихобот аз байни  беш аз 50 довталаб танҳо 7 номзади аксаран аз ҷиноҳи тундравон роҳ ёфта, Маҷлиси ташхиси маслиҳати низом  номзадҳои ислоҳтараб ва ҳатто тундравони муътадилро сабти ном накард. Ба ин далел ҳам ба нишони эътироз ба мушкилоти иқтисодии кишвар аз 59 миллион мардуми соҳиби ҳаққи овоз дар овоздиҳӣ танҳо камтар аз нисфи онҳо, яъне 28,6 миллион нафар иштирок карданду халос.

Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, рақиби асосии Раисӣ  –  раҳбари Маҷлиси ташхиси маслиҳати низом  ва фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Муҳсин Ризоӣ 3,3 миллион овоз ба даст оварда, аз раҳбари собиқи Бонки марказии Эрон Абдулносир Ҳимматӣ, ки ягона номзади нисбатан муътадилгаро ба назар мерасид, 2,4 миллион нафар ҳимоят кардаанд. Ба тарафдорӣ аз Амир ҳусейн Қозизода Ҳошимӣ, муовини раиси парлумони Эрон як каме беш аз як миллион нафар овоз додаанд.

Иброҳим Раисӣ, ки 60 сол дорад, соли 2019 аз ҷониби Амрико ба далели поймол кардани ҳуқуқи инсон ва қатли норозиён таҳти таҳрим қарор дода шудааст.

Президенти кунунии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ, ки баъди адои ҳарду давраи мумкини раёсаташ тарки мақом мекунад, алакай ба дафтари Раисӣ рафта, ӯро бо пирӯзӣ табрик гуфтааст. Вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф низ изҳори умедворӣ кардааст, ки Раисӣ “раиси хубе барои Эрон шавад.”

Интихоби Раисӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки Эрон ва 6 қудрати бузурги дунё мехоҳанд муомилаи соли 2015 пиромуни барномаи ҳастаии Эронро аз нав зинда кунанд.

Президент дар низоми Ҷумҳурии исломии Эрон нақши роҳбари ҳукумати иҷроияро иҷро мекунад. Нақши аввалро дар таъйини сиёсати дохиливу хориҷии Эрон роҳбари рӯҳорниаш оятулло Алии Хоманаӣ бозӣ мекунад. Раисӣ як нафари хеле наздик ба Хоманаист ва бисёриҳо бар инанд, ки интихоби ӯ ба мақоми президентӣ роҳашро барои дар оянда гирифтани мақоми раҳбари рӯҳонии Эрон ҳамвортар мекунад. Хоманаӣ низ соли 1989, аз курсии президентӣ ба ҷои Хумайнӣ раҳбари рӯҳонӣ таъйин шуд. Вале ӯ ҳоло 82 сол дорад  ва сардамдорони низом дар фикри ҷустуҷӯи вориси роҳбари аввали Ҷумҳурии исломӣ ҳастанд.

Ebrahim Raisi, head of Iran’s judiciary waves to media as he attends at the Interior Ministry to register his candidacy for the June 18 presidential elections at the elections headquarters of the Interior Ministry in Tehran, Iran, Saturday, May 15, 2021. (AP Photo/Ebrahim Noroozi)

Фаъолон тарс доранд, ки интихоби Раисӣ ба мавҷи нави таъқибот дар Эрон роҳ мекушояд.

Дар Тоҷикистон низ мунтазири натиҷаҳои интихоботи президентии Эрон ҳастанд. Душанбе ҳеҷ натавонист бо президенти қаблии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ забон биёбад ва дар натиҷа, даврони раёсати ӯ пуртаништарин даврон дар таърихи муносибатҳои Эрону Тоҷикистон шуд. Теҳрон Душанберо ба пинҳон кардани миллиардҳо доллари аз фурӯши нафт пинҳон кардаи миллардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки дар Эрон ба қатл маҳкум шудааст, гунаҳкор мекард. Душанбе ба навбати худ Теҳронро ба қатли шахсиятҳои саршинос дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар солҳои 90 ва пуштибонӣ аз оппозитсияи исломии тоҷик айбдор мекард. Ихтилофи ду кишвар ба ҳадде рафт, ки Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои муассии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳатто ба тасмими ба узвияти ин созмон пазируфтани Эрон вето гузошт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button