ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 3 НАФАР ДАР 3 САДАМА ВА ЯКБОРА ДУ КАСРО КОРД ЗАДАНИ ЯК НАВРАС

 Шаби 14 июн, соати 22:30, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Хайруллозода Азимҷон, сокини 27-солаи ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар километри 218-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати Калъачаи Калон аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Шарифов Абубакр Абдуллоевич, с.т. 2004, сокини ҷамоати  Сомони шаҳри Ҳисорро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ дар ҷойи ходиса ба ҷон додааст.

Мутаассифона, субҳи 15 июн, соати 05:40, дар 283-ум километри роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати Деҳмой дар натиҷаи бархӯрди мошини тамғаи «Мерседес», таҳти идораи Бурҳонов Мубинҷон, с.т. 1996, сокини ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, бо мошини “Портер”-и марбут ба сокини Деҳмой Қаландаров Дилшод, с.т. 1983,  ки мошинаш дар қисми рости роҳ беҳаракат меистод,  ронандаи “Портер” ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 15 июн, соати 11:00,  ронандаи «Мерседес», Сафарзода Фирӯз, с.т. 1996, сокини ҷамоати Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати Б.Бурунов, аз уҳдаи идора набаромада, мошинро чаппа намудааст. Дар натиҷа, ронанда Сафарзода Ф.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, бародараш Сафарзода Намози Аброриддин, с.т. 1998, маҷруҳ шудааст.

ххххххххх

Як ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин наврас рӯзи 15 июн, тахминан соати 11:40, бо ду ноболиғи 16-солаи сокинони пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, аз ҳиссиётӣ авбошӣ бо корди дасташ 1-маротибагӣ ба қафаси синаашон задааст.
Дар натиҷа, ҳарду ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, пас аз муоинаи тиббӣ аз беморхона ҷавоб дода шудаанд.
ххххххххххх

Як сокини 32-солаи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки соли 2016 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз як ҷавони 21-солаи сокини Душанбе 7500 доллар гирифта, ваъда додааст, ки пас аз 2 моҳ бармегардонад, аммо то ҳол барнагардондааст.
Ҳамин нафар инчунин ба он гумонбар мешавад, ки бо ҳамин роҳ соли 2018, дар кӯчаи Лохутӣ аз марди 31-солаи сокини пойтахт 42 ҳазор доллар гирифта, ба ӯ ҳам ваъда додааст, ки пас аз 2 моҳ пулашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 16 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 14-уми июни соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Хайруллозода Азимҷон Хайрулло, соли таваллудаш 1994, сокини ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар 218-ум километри роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Калъачаи Калони шаҳри мазкур аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Шарифов Абубакр Абдуллоевич, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти Сомонии шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Шарифов А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ходиса ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, рӯзи 15-уми июни соли 2021, тахминан соати 05:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Бурҳонов Мубинҷон Мухторович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар 283-ум километри роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Б.Ғафуров аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Портер», ки ба Қаландаров Дилшод Музаффарович, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Деҳмой тааллуқ дошт ва дар қисми рости роҳ беҳаракат меистод, бархурдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Портер», Қаландаров Д.М. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 15-уми июни соли 2021, тахминан соати 11:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Сафарзода Фирӯз Аброриддин, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат, бе ҳуҷҷати ронандагӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Б.Бурунов, аз уҳдаи идораи автомашинаи набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Сафарзода Ф.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири автомашинаи мазкур Сафарзода Намози Аброриддин, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.


Боздошт гардидани ноболиғи 16-сола бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 15-уми июни соли 2021, тахминан соати 11:40-дақиқа, бо ду ноболиғи 16-солаи сокинони пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, аз ҳиссиётӣ авбошӣ бо корди дар дасташ буда 1-маротибагӣ ба қафаси синаашон задааст.
Дар натиҷа, ҳардуи онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, пас аз муоинаи тиббӣ аз беморхона ҷавоб дода шудаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 20-уми сентябри соли 2016, дар хиёбони Рӯдакӣ марди 32-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7 ҳазору 500-доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки пас аз 2 моҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, номбурда бо ҳамин роҳ 21-уми ноябри соли 2018, дар кӯчаи Лохутӣ аз марди 31-солаи сокини пойтахт 42 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки пас аз 2 моҳ мабалағи гирифташро бармегардонад, аммо то ҳол, маблағашро барнагардонидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button