ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ҒАРҚШУДА ДАР ЯК РӮЗ. ДАР СУҒД ВА ДУШАНБЕ. ЯКЕ НАҶОТ ЁФТ, ДУЮМӢ ҲАЛОК ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки  рӯзи 15 июн дар обанбори Сомғор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як ҷавони 19-соларо аз ғарқ шудан наҷот додаанд. Вале дар Душанбе як ҷавони 22-сола ҳангоми оббозӣ дар кӯли сунъии маъруф ба номи “Мехкарйер” дар маҳаллаи Чимтеппа ғарқ шуда, ҷон бохтааст.

Бино ба гузориши КҲФ, сокини 19-солаи ноҳияи Б.Ғафуров рӯзи 15 июн, соати 14:30 вақте ғарқ шуд, ки дар як макони барои оббозӣ қатъиян мамнӯъ дар обанбори истгоҳи обкашии Сомғор оббозӣ мекард.  Бино ба ин манбаъ, наҷотдиҳандагони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, ки дар обанбори Сомғор навбатдорӣ мекарданд, “шахсеро диданд, ки дар об ғарқ мешуд ва дар талошаш барои берун омадан ноком мешуд. Онҳо хеле зуд ба маҳалли ҳодиса расиданд ва писари дар ҳоли ғарқ шуданро берун кашиданд. Ба ҷабрдида ёриҳои аввалини тиббӣ расонданд, вале барои бистарӣ шудан дар бемористон майл накард.

Аммо дирӯз, боз ҳам баъд аз зӯҳр, як ҷавони 22-сола дар кӯли сунъии ба истилоҳ “Мехкарйер” воқеъ дар маҳалли Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии пойтахти кишвар ғарқ шудааст.

Ин хабар аз тариқи Шумораи ягонаи “112” ба Қисми навбатдорӣ расид ва гуфта мешуд, ки шахси ношиносе дар кӯли сунъии Мехкарйер ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади ин ҷавонро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи КҲФ.

Ин ниҳод бори дигар аз шаҳрвандон хост, дар ин рӯзҳои гарме, ки ҳама худро ба соҳили обҳо мезанад, кӯшиш кунанд танҳо дар ҷойҳое оббозӣ ва шиноварӣ намоянд, ки иҷозат дода шудаанд.

Оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ хатари зиёд ба ҷони шумо дорад”, – таъкид мекунад КҲФ.

Бино ба ҳисобҳо, аз аввали соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон беш аз 40 нафар ҷон бохтаанд. Тақрибан нисфи онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button