ВидеоТоҷикистонҶомеа

ВАҚТЕ КИ ПОЙ БА РОҲИ КАҶ РАФТ… КАЙФУ АЙШИ ЧАНДРӮЗА САЙМУМИНРО БА ЧОҲИ ҶИНОЯТ ТЕЛА ДОД (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 31 май Саймумин Муҳиддинов, сокини ноҳияи Ҷайҳунро бар асоси се банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар куштори ронандаи таксии “Як такси – 1111” бо бераҳмии махсус (моддаи 104, қисми 2), роҳзанӣ (моддаи 249, қисми 3) ва тасарруфи шиноснома (моддаи 339, қисми 2) гунаҳкор шинохта, дар умум 28 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Қиссаи ин ҷавони ҳамагӣ 20-сола, ки Нуриддин Маликзода, корманди додгоҳи пойтахти Тоҷикистон дар сомонаи ин додгоҳ нашр кардааст, нишон медиҳад, ки пойи як инсон чӣ гуна метавонад ба роҳи хатарноки ҷиноят билағжад ва ӯ чӣ қадар зуд ҳама ҳадду ҳудуди инсофу одамгариро убур кунад ва барои ҳирси молу пул ҳатто даст ба ҷони як инсони дигар бизанад.

Додгоҳ гуфт, Муҳидинов Саймумин Саймудинович, санаи таваллудаш 20 августи соли 2000,  сол, сокини деҳаи Вахши ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон,

қасдан ба ҷиноятҳои роҳзанӣ, одамкушӣ бо бераҳмии махсус ва тасарруфи шиноснома дар ҳолатҳои зерин даст задааст.

Бар асоси маводи парванда, Муҳиддинов, ки дар мағозаи падараш дар Ҷайҳун ба ҳайси фурӯшанда кор мекард, моҳи августи соли 2020 дар яке аз тарабхонаҳои маркази ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ бо “Гулӣ” ном зани сабукпои аз худаш 17 сол калон ( санаи таваллуди Гулӣ 31.12.1983 мебошад) шинос шуда, ҳар ҳафта як-ду маротиба барои ишқварзӣ аз ноҳияи Ҷайҳун ба назди ӯ ба шаҳри Бохтар мерафтааст.

Нуриддин Маликзода менависад: “Бо ин мақсад Муҳидинов С.С. аз мағозаи падараш дар ноҳияи Ҷайҳун, ки он ҷо ба ҳайси фурӯшанда фаъолият мекард, мунтазам 400 – 500 сомонӣ гирифта, ин маблағҳоро барои маъшуқааш, ки ўро бо номи «Гулӣ» мешинохтанд, харҷ менамудааст. Дар маҷмуъ, ӯ дар давоми 2-3 моҳ аз мағозаи падараш пинҳонӣ тахминан 20 000 ҳазор сомонӣ гирифта, бо Гулӣ сарф кардааст. Аз ин ҳолат падараш воқиф гаштааст, Муҳидинов С.С., бошад аз тарси падараш, санаи 12.02.2021 аз мағоза боз 600 сомонии дигар гирифта, гурехта ба шаҳри Душанбе меояд…”

Саймумин Муҳиддинов шаби 12 ба 13 февралро дар Душанбе дар хонаи ҳамдеҳааш Қирғизбеков Хуршедҷон рӯз карда, рӯзи дигар, вақте мефаҳмад, ки падараш ӯро ҷустуҷӯ дорад, ба хотири ин ки вайро аз хонаи Хуршедҷон наёбанд, бегоҳи 13 феврал либосҳояшро ҷамъ намуда, аз он ҷо баромада меравад. Ӯ то 15 феврал, се рӯз дар боғҳои Фирдавсию Рӯдакӣ ва кӯчаву хиёбонҳои Душанбе сайругашт намуда, 600 сомонӣ аз мағозаи падараш дуздиаашро низ пурра харҷ кардааст ва ба сабаби дар пойтахт надоштани манбаи таъминот дар фикри пайдо кардани пул бо роҳи роҳзанӣ меафтад.

Муҳиддинов ба ин мақсад бо худ корд гирифта, рӯзи 15 феврал дар хиёбони Сино, 126 мошини ширкати  “Як таксӣ”, тамғаи “Ҳундай-Солярис”, рақами қайди давлатиаш 84-19 ТТ 05, таҳти идораи шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ, таваллудаш – 08.08.1990-ро манъ мекунад ва ба нишастгоҳи қафо нишаста, ба ронанда амр медиҳад, ки  ба самти кӯчаи Соҳилӣ ҳаракат кунад. Ҳангоми расидан ба қафои бинои навсохт, воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ 23/20-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки ҷойи камодам мебошад, Муҳиддинов аз дохили селофан кордро бароварда, аз қафо ба гардани ронандаи таксӣ Эраҷи Эмомалӣ монда, талаб кардааст, ки ҳама пули доштаашро бароварда, ба ӯ диҳад.

Аммо, менависад Нуриддин Маликзода, “ронанда Эраҷи Эмомалӣ муқобилияти сахт нишон дода, бо мақсади муҳофизат кардани худ бо дасташ нӯги кордро медорад ва барои аз ҷинояткор халос шудан автомашинаро бо суръати баланд ба ҳаракат медарорад. Вале бинобар зери истифодаи зӯроварӣ қарор доштанаш, автомашина дар масофаи кутоҳ ба монеа бархӯрдааст. Муҳидинов С.С. ин ҳолатро дида, бо корд гардани ронандаро бурида, боз 41-маротибаи дигар ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш зарба зада, охиринро ба ҳалокат мерасонад. Пас аз қатли Эраҷи Эмомалӣ, ӯ кисаҳо ва автомашинаи номбурдаро кофта, аз дохили онҳо ҷамъ 60 сомонӣ, телефони мобилӣ ва шиносномаи миллиашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.”

Мувофиқи хулосаи экспертизаи тиббӣ-судии ҷасад, дар бадани Эраҷи Эмомалӣ ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонии халандаю буранда ёфт шудаанд, ки сабаби марги ӯ гардидаанд. Додгоҳ ин ҷиноятро одамкушӣ бо бераҳмии махсус таъбир карда, Саймумин Муҳиддиновро барои куштани ронанда ба 21 соли зиндон, барои роҳзанӣ ба 12 сол ва барои тасарруфи шиноснома ба 1 сол, дар умум ба 34 соли зиндон маҳкум карда, аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда, нисбат ба ӯ ҳамчун ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 28 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахтро таъин кард.

Саймумин Муҳиддинов вақте ба зиндон афтод, ки ҳамагӣ 20 сол дошт. Ва акнун вақте озод хоҳад шуд, ки синнаш ба 49 хоҳад расид…

28 соли маҳруми аз озодӣ барои куштори ронандаи “Як такси – 1111”, роҳзанӣ ва рабудани шиносномаи шаҳрвандӣ

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе, дар ҳайати раисикунанда Юсуфзода М.Ф., машваратчиёни халқӣ Мунаварова С. ва Зарипова С., бо котибии Завқизода Ш., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Акрамзода Ҳ., адвокат Асоев А. 31 майи соли 2021 дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори бинои суди шаҳри Душанбе, парвандаи ҷиноятиро бо айбдории:

Муҳидинов Саймумин Саймудинович, таваллудаш – 20.08.2000 сол, зодаи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, беҳизб, бекор, ихтисос надорад, пеш суд нашудааст, дар қайди шаҳри Душанбе, сокини муваққатии ноҳияи Ҷайҳун, Ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Вахш,

– дар содир кардани ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, и”, 249 қисми 3 банди “г” ва 339 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, коллегияи судӣ муайян кард.

Муҳидинов Саймумин Саймудинович қасдан ба содирнамудани ҷиноятҳои роҳзанӣ, одамкушӣ бобераҳмии махсус ва тасарруфи шиноснома дар ҳолатҳои зерин даст задааст:

Чунончӣ, моҳи августи соли 2020 Муҳидинов С.С. дар яке аз тарабхонаҳои маркази ноҳияи Ҷалолиддин Румии вилояти Хатлон бо *********** ******* ********, таваллудаш – 31.12.1983 сол шиносоӣ пайдо намуда, дар як ҳафта як ду маротиба ба ноҳияи Ҷайҳун ба наздаш ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон рафта, ишқварзӣ мекардааст. Бо ин мақсад Муҳидинов С.С. аз мағозаи падараш воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, ки он ҷо ба ҳайси фурӯшанда фаъолят мекард, мунтазам 400 – 500 сомонӣ гирифта, ин маблағҳоро бо маъшуқааш, ки ўро бо номи «Гулӣ» мешинохтанд, харҷ менамудааст. Дар маҷмуъ, ӯ дар давоми 2-3 моҳ аз мағозаи падараш тахминан 20 000 ҳазор сомонӣ пинҳонӣ гирифта, бо номбурда сарф кардааст. Аз ин ҳолат падараш воқиф гаштааст, Муҳидинов С.С., бошад аз тарси падараш, санаи 12.02.2021 сол аз мағозаи номбурда боз 600 сомонии дигар гирифта, гурехта ба шаҳри Душанбе меояд.

Ў 12.02.2021 сол як шабро дар хонаи ҳамдеҳааш Кирғизбеков Хуршедҷон Рустамҷонович, воқеъ дар шаҳри Душанбе рӯз карда, рӯзи 13.02.2021 сол, бегоҳирузӣ тариқи телефонӣ аз дигар ҳамдеҳагонаш хабардор мегардад, ки барои гумшудани маблағҳо, падараш ӯро ҷустуҷӯ дорад. Муҳидинов С.С. аз воқиф гардидани ҳолати боло, бо мақсади он ки падараш ӯро аз хонаи ҳамдеҳааш Кирғизбеков Х.Р. дарёфт накунад, худи ҳамон лаҳза либосҳояшро ҷамъ намуда, аз он ҷо баромада меравад. Муҳидинов С.С. рузҳои 13-15.02.2021 сол, дар боғҳои ба номи А.Фирдавсӣ, А.Рӯдакӣ ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе сайругашт намуда, маблағи бо худ доштаашро ба андозаи 600 сомонӣ пурра хароҷот кардааст. Бинобар сабаби дар шаҳри Душанбе надоштани шахси таъминкунандаи маблағ, бо мақсади бадастовардани маблағ дар вуҷуди ӯ содир намудани ҷиноятӣ роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тасарруфи амволи ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ меояд.

Минъбад, ӯ нақшаи ҷинояткоронаи худро таҳрезӣ карда, тахминан соати 2000-и рӯзи 15.02.2021 сол ба роҳи мошинагарди хиёбони А.Синои шаҳри Душанбе – 126, баромада, дар сари роҳ автомашинаи ширкати мусофиркашонии “Як таксӣ” тамғаи “Хундай-Солярес”, рақами қайди давлатиаш 84-19 ТТ 05, ки таҳти идоракунии шаҳрванд Эраҷи Эмомалӣ, таваллудаш – 08.08.1990 сол буд, манъ мекунад. Сипас ӯ аз рӯи нақшаи қаблан таҳрезинамудааш амал карда, дар нишастгоҳи ақиби автомашинаи номбурда аз қафои ронанда нишаста, корди қаблан бо худ гирифтаашро, ки дар дохили селофани полиэтиленӣ гузошта шуда буд, дар наздаш гузошта, ба ронанда Эраҷи Эмомалӣ фармон медиҳад, ки ба самти кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе ҳаракат кунад. Ҳангоми ба қафои бинои навсохт, воқеъ дар кӯчаи Деҳотӣ 23/20-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки ҷойи камодам мебошад, расидан, аз дохили селофан корди пештар тайёр кардаашро бароварда, бо мақсади ба моликият ва ҳаёту саломатии номбурда таҷовуз кардан, яъне роҳзанӣ батаври ҳуҷум бо мақсади тасарруф намудани амволи ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ аз қафо ба гардани ронандаи таксӣ ЭраҷиЭмомоалӣ монда, талаб кардааст, ки маблағҳои доштаашро ба ӯ бароварда диҳад.

Аммо, ронанда Эраҷи Эмомалӣ муқобилияти сахт нишондода, бо мақсади муҳофизат кардани худ бо дасташ нӯги кордро медорад ва барои аз ҷинояткор халос шудан автомашинаро бо суръати баланд ба ҳаракат медарорад. Вале бинобар зери истифодаи зӯроварӣ қарор доштанаш, автомашина дар масофаи кутоҳ ба монеа бархӯрда, ба маблағи 4284 сомонӣ зарари техникикӣ мегирад. Муҳидинов С.С. ин ҳолатро дида, бо корди дасташбуда ба саломатии ронанда Эраҷи Эмомалӣ таҳдид кардаистодааш, гардани номбурдаро бурида, боз 41-маротибаи дигар ба узвҳои ҳаётан муҳимаш зарбазада, охиринро ба ҳалокат мерасонад. Пас аз ба қатл расонидани Эраҷи Эмомалӣ, ӯ киссаҳо ва автомашинаи номбурдаро кофта, аз дохили онҳо ҷамъ 60 сомонӣ, телефони мобилӣ ва шиносномаи миллиашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи тиббӣ-судии (ҷасад), таҳти №27 аз 02.03.2021 сол дар бадани ЭраҷиЭмомалӣ ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонии халандаю бурандаи воридшаванда ва вориднашаванда дарёфт карда шудаанд, ки онҳо нисбат ба одами зинда ба зарари вазнини саломатӣ бо нишонаи хавфнок будан барои ҳаёт тааллуқдошта, сабаби марги ӯ гардидаанд.

Коллегияи судӣ маводҳои парвандаи ҷиноятиро омўхта, нишондоди судшаванда ва шоҳидонро шунида, ба далелҳои дар парвандаи ҷиноятӣ ҷамъовардашуда баҳои ҳуқуқӣ дода, ба хулоса омад, ки кирдори судшаванда Муҳидинов Саймумин Саймудиновичро бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “е, и” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, бо бераҳмии махсус ва бо нияти ғаразнок ё марбут ба роҳзанӣ, бо моддаи 249 қисми 3 банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ҷумҳурии, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои роҳзанӣ, яъне ҳуҷум бо мақсади тасарруфи амволи ғайр бо истифодаи зӯроварии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ бо расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва бо моддаи 339 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои тасарруфи шиноснома (паспорт) бо мақсади нобуд сохтани онро пешбинӣ менамояд, исботи пурра ва бебаҳсӣ худро ёфтааст.

Бо дастрасии моддаҳои 332-336, 338-339, 341-344, 347-348, 350, 357-359-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи судӣ чунин ҳукм кард:

Муҳидинов Саймумин Саймудинович бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е, и”, 249 қисми 3 банди “г” ва 339 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст.

Ба Муҳидинов Саймумин Саймудинович бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “е, и” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 21 (бисту як) сол, бо моддаи 249 қисми 3 банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 (дувоздаҳ) сол, бо моддаи 339 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) сол таъин карда шудааст.

Ба Муҳидинов Саймумин Саймудинович мутобиқи талаботи моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда, ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 28 (бисту ҳашт) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомашон сахт таъин карда шудааст.

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button