ВидеоИқтисодМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

РУСИЯ ВУРУДИ МУҲОҶИРОНРО ОСОН МЕКУНАД ВА ОНҲОРО АЗ КОРОНАВИРУС ВАКСИНА МЕЗАНАД (ВИДЕО)

Ҳукумати Русия масъалаи осон кардани тартиби овардани муҳоҷирони хориҷӣ ва ҳатман аз коронавирус ваксина гирифтани онҳоро баррасӣ мекунад. Дар ин бора дар мусоҳиба ба Тина Канделаки дар барномаи «Специальный гость»  дар шабакаи телевизионии RTVi муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин хабар дод. Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко низ гуфтааст, ки барномаи ваксиназании муҳоҷиронро дар 3 ё 4 ҳафтаи оянда таҳия шуда, барои он ваксинаи якдафъаинаи «Спутник Лайт» истифода хоҳад шуд. Мурашко гуфт, дар ҳоли ҳозир сухан дар бораи ваксина задани хориҷиён ва муҳоҷироне меравад, ки дар Русия қарор доранд.

“Мо дар ҳоли ҳозир масъалаи содда кардани тартиби овардани муҳоҷирон ва ваксиназании ҳатмии онҳоро баррасӣ дорем”, — гуфт Марат Ҳуснуллин, ки бо Тина Канделаки дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург (ПМЭФ), ки рӯзи шанбе ба кори худ поён дод, суҳбат мекард. Муовини сарвазири Русия гуфт, камбуди нирӯи корӣ дар сохтмонҳо барои Русия “рискҳои хеле бузург” дорад. Ба ақидаи ӯ, ин ба маънои “забун кардани иқтисоди кишвар аст, яъне мо аз роҳи рушд берун хоҳем афтод.”

Ҳуснулллин  ба Тина Канделаки гуфт, дар шароити кунунӣ иқтисоди Русия ба сабаби сатҳи пасти тавлидотиаш наметавонад аз нирӯи кори муҳоҷирони хориҷӣ даст бикашад, зеро ба фарқ аз сокинони Русия, муҳоҷирон омодаанд, ки “дар ивази 50 ҳазор рубл ҳар рӯз то 12 соат кор кунанд”. “Мо дар як ё ду соли наздик наметавонем ба технологияҳое гузарем, ки битавонем бидуни нирӯи кори муҳоҷирон корҳои худро сомон бидиҳем”, – гуфт муовини сарвазири Русия. Ба ҳисоби Ҳуснуллин, дар давраи пандемия хароҷоти маоши коргарон то 50% боло рафт ва ин боиси дастикам 12,5% боло рафтани арзиши аслии моликияти ғайриманқул дар Русия шуд.

Вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко низ дар ҳошияи форуми Петербург дар бораи нақшаи ваксиназании муҳоҷирон суҳбат кард. Мурашко нагуфт, ки ин маърака ҳатмӣ хоҳад буд ё ихтиёрӣ. Ба гуфтаи ӯ, нақшаи ваксиназании муҳоҷирон бояд то 3 ило 4 ҳафтаи дигар омода шавад. Мурашко гуфт, барои ин маърака, қарор аст, аз ваксинаи якдафъаинаи “Спутник Лайт” истифода шуда, он муҳоҷирон ва хориҷиёне, ки алакай дар Русия қарор доранд, ба ин маъракаи ваксиназанӣ ба зидди коронавирус фаро гирифта мешаванд.

Русия дар баҳори соли 2020 марзҳои худро ба далели пандемияи коронавирус баст ва ин боис шуд, ки соли 2020 ва моҳҳои аввали соли 2021 садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ натавонистанд худро ба Русия бирасонанд. Ин боиси камбуди шадиди нирӯи корӣ, бахусус дар соҳаи сохтмони Русия шуд ва ширкатҳои бузурги сохтмонии Русия ҳатто ба ҳукумат муроҷиат карданд, то ба онҳо аз Осиёи Марказӣ овардани муҳоҷиронро иҷозат диҳад.

Президенти Русия Владимир Путин низ моҳи май дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътироф кард, ки Русия ба нирӯи кори муҳоҷирон сахт ниёз дорад.

Ба ҳисоби Маркази коркардҳои стратегии Русия, дар поёни соли 2020 ҳудуди 40 фоизи ширкатҳое, ки маъмулан муҳоҷиронро ба кор мегирифтанд, ба камбуди нирӯи корӣ дучор шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button