ВидеоТоҷикистонҶомеа

САМОСУД (ҶАЗОИ ХУДСАРОНА)-И РАИСИ МАҲАЛЛА БАРОИ РОБИТАИ ИШҚӢ БО ЯК ЗАНИ ШАВҲАРДОР

Шоми 6 июн ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” чанд сабти видеоии лаҳзаҳои боздошту бозпурсӣ ва бо як шакли таҳқиромез худсарона ҷазо додани Н. ном раиси як маҳалла аз деҳаи Отчапари ҷамоати ба номи Кабуд Сайфиддинови ноҳияи Панҷ расид.Идораи “Бомдод” ба далелҳои ахлоқӣ аз нашри ин видеоҳо, ки моломоли лаҳзаҳои зӯровариву ташқир ва дашномҳои қабеҳ мебошанд, худдорӣ мекунад.

Дар видеоҳо як гуруҳи мардон мегӯянд, ки Н. ва як зани маҳаллиро дар берун аз деҳа шабона дар вақти мулоқоти ошиқонаашон дастгир кардаанд. Аз сабтҳо бармеояд, ки додаршӯи зан чанде пеш аз маҳбас раҳо шуда, янгаашро ба хиёнат нисбат ба бародари худ гумонбар шуда, аз пайи ӯ афтодааст ва билохира бо раиси маҳалла дастгираш кардааст.

Н., ки сару рӯяш  зоҳиран бар асари латтукӯб пур аз хуну варам  буд, бо як чеҳраи сахт тарсхӯрда зери фишори нафарони ӯро дастгиркарда даст доштанаш дар зиноро гӯё эътироф мекунад.

Баъди ин он мардҳо ӯро ба як ҷои беодам бурда, мавриди таҳқир қарор медиҳанд. Онҳо ба гардани Н. арғамчин андохта, ӯро мебанданд ва дар ҳамин ҳолат фармонаш медиҳанд, ки хаму рост шуда, машқи варзишӣ, яъне “отжимание” кунад. Вақте ки Н.  амри онҳоро иҷро карда, “отжимание” мекунад,  он мардон изҳори норозигӣ мекунанд, ки вай ин корро чандон дуруст ва аз таҳти дил накард, бояд аз сар анҷом диҳад.

Тафсилоти дигари ҳодиса рӯшан нест. Ин ҳам маълум нест, ки сарнавишти минбаъдаи Н. ва он зане, ки ҳамроҳи вай дастгир шуд, чӣ шуд?

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои худсарона ҷазо додани занону мардоне, ки ба зино гумонбар мешаванд, зиёд шудааст. Қонунгузории Тоҷикистон барои зино ва хиёнат ба зану шавҳари шаръиву қонунӣ ҷазое пешбинӣ накардааст ва зинову хиёнати оилавиро ҷиноят намешуморад. Вале дар ҷомиа зино ва хиёнат, ба хусус хиёнати зан ба шавҳан шадидан маҳкум карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button