ВидеоҲуқуқи инсон

АДВОКАТИ ЗИНДОНӢ САИДНУРИДДИН ШАМСИДДИНОВ БА ҲАМКОРӢ БО “ГУРУҲИ 24” АЙБДОР ШУД (ВИДЕО)

Ба зидди Саиднуриддин Шамсиддинов, як адвокат ва судиҷрочии собиқ аз вилояти Хатлон, ки дар поёни соли 2020 ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуда буд, парвандаи нав кушодаанд. Радиои Озодӣ хабар дод, ки Шамсиддиновро ин дафъа ба ҳамкорӣ бо “Гуруҳи 24”, як ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ айбдор мекунанд.

Парвандаи ӯро додситони ва раёсати КДАМ вилояти Хатлон таҳқиқ мекунанд, вале мақомот дар борааш шарҳи зиёд намедиҳанд.  Танҳо як муфаттиш аз додситонии вилояти Хатлон гуфтааст, парванда 16 апрел шурӯъ карда шуд ва тафтишаш шояд то миёнаҳои июн давом кунад. Ӯ гуфт,  Саиднуриддин Шамсиддиновро барои анҷоми корҳои тафтишотӣ бояд акнун ба боздоштгоҳи Бохтар биоранд. Шамсиддинов, ки бар асоси 7 банди Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла барои харидуфурӯши замин ва қаллобӣ маҳкум ба зиндон шуд, дар Душанбе дар маҳбаси собиқ кормандони мақомоти қудратӣ, воқеъ дар наздикии раёсати БДА ҳукми худро адо мекунад.

Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, рӯзи 7 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотӣ аз ӯ дар бораи ҳамкории бародараш бо “Гурӯҳи 24” пурсидаанд. “Муфаттиш маводро аз Ютюб ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ дар назди ман гузошт ва гуфт, Саиднуриддин моҳи январи имсол дар бораи парванда ва норозигияш аз ҷараёни тафтишот ба “Гурӯҳи 24” ва “Паём.нет” муроҷиат кардааст. Дар ҷавоб гуфтам, ки дар бораи тафтишот ва ҳукми додгоҳ танҳо Радиои Озодӣ навишта буд. Ба ҳарфҳоям бовар накарду гуфт, ҳоло ҳамаи маводро меомӯзад ва дубора даъват мекунад”, — нақл кард ӯ.

Файзи Олӣ, вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов, мегӯяд, зерҳимояаш тавассути телефони маҳбас ба ӯ тамос гирифта, гуфтаст, ҳеч гоҳ ба “Гурӯҳи 24” муроҷиат накардааст. Вай афзуд, зерҳимояаш танҳо бо имзои “Саиди Садр” дар бораи беадолатӣ дар додгоҳҳои минтақа ба сомонаи президенти Тоҷикистон аризаву мақола менавишт. Саиднуриддин Шамсиддинов рӯзи 25 декабри соли гузашта дар сухани охирини худ гуфта буд, иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти ғалатро намепазирад. Ӯ қаблан шикоят карда буд, ки пас аз муроҷиат ба сомонаи президенти Тоҷикистон масъулони Додситонии ноҳияи Вахш ӯро “чап гирифтаанд” ва ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам медонанд. Ӯ мегуфт, “чунин коре накардааст”.

Вакилу судиҷрочии зиндониро ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” муттаҳам кардаанд

Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ


Як вакилу судиҷрочии собиқ дар вилояти Хатлон, ки пештар ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум шуда буд, бар илова ба “ҳамкорӣ бо гуруҳҳои ифротгаро” муттаҳам шудааст.

Парвандаи Саиднуриддин Шамсиддиновро Додситонӣ ва Раёсати амният дар вилояти Хатлон таҳқиқ доранд. Мақомот шарҳи бештар намедиҳанд. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ ба ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24”, як созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, гумонбар аст, вале онро беасос мешуморанд.

“Дар бораи ҳамкории ӯ бо “Гурӯҳи 24″ пурсиданд”

Саиднуриддин Шамсиддиновро охири соли 2020 бар асоси ҳафт банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла харидуфурӯши замин ва қаллобӣ ба ҳабс маҳкум карданд, ҳарчанд наздиконаш қазияро ба танқидҳои пайвастаи ӯ аз беадолатӣ рабт медиҳанд.

Ӯ дар зиндони кормандони маҳкумшудаи ниҳодҳои қудратӣ дар Душанбе нигоҳдорӣ мешавад. Парвандаи нав ба зиддаш бар асоси моддаи 307 (замимаи 1)-и Кодекси ҷиноӣ боз шудааст.

Ин банди қонун “Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм” ном дошта, аз се то панҷ соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

Як муфаттиши Додситонии вилояти Хатлон рӯзи 7-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дархости онҳо, Раёсати амният дар ин вилоят тафтишотро пеш мебарад. Ӯ афзуд: “Парванда рӯзи 16-уми апрел боз шуда, таҳқиқи он то миёнаҳои моҳи июн идома хоҳад кард. Барои тафтишоти ҳамаҷониба Шамсиддинов аз маҳбаси пойтахт ба боздоштгоҳи муваққатии Бохтар оварда мешавад.”

Мусоҳиби мо шарҳ надод, ки Шамсиддинов ба чӣ кор муттаҳам аст. Қамариддин Шамсиддинов, бародари Саиднуриддин Шамсиддинов, рӯзи 7-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти тафтишотӣ аз ӯ дар бораи ҳамкории бародараш бо “Гурӯҳи 24”, як созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, пурсидаанд.

“Муфаттиш маводро аз Ютюб ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ дар назди ман гузошт ва гуфт, Саиднуриддин моҳи январи имсол дар бораи парванда ва норозигияш аз ҷараёни тафтишот ба “Гурӯҳи 24” ва “Паём.нет” муроҷиат кардааст. Дар ҷавоб гуфтам, ки дар бораи тафтишот ва ҳукми додгоҳ танҳо Радиои Озодӣ навишта буд. Ба ҳарфҳоям бовар накарду гуфт, ҳоло ҳамаи маводро меомӯзад ва дубора даъват мекунад”, — нақл кард ӯ.

“Гурӯҳи 24”, ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Раҳбарону пайравонаш дар хориҷ аз кишвар қарорро сиёсӣ медонанд.

“Саиди Садр” кист?

Файзи Олӣ, вакили мудофеи Саиднуриддин Шамсиддинов, мегӯяд, зерҳимояаш тавассути телефони маҳбас ба ӯ тамос гирифта, гуфтаст, ҳеч гоҳ ба “Гурӯҳи 24” муроҷиат накардааст. Вай афзуд, зерҳимояаш танҳо бо имзои “Саиди Садр” дар бораи беадолатӣ дар додгоҳҳои минтақа ба сомонаи президенти Тоҷикистон аризаву мақола менавишт.

Парвандаи нав дар ҳолест, ки Саиднуриддин Шамсиддинов рӯзи 25-уми декабри соли гузашта дар мурофиаи охирини худ гуфта буд, иттиҳомҳои пешина, аз ҷумла харидуфурӯши замин, қаллобӣ ва паҳн кардани маълумоти ғалатро намепазирад.

Саиднуриддин Шамсиддинов, ки дар гузашта ҳамчун судиҷрочӣ ва солҳои охир ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият дошт, се сол пеш дар бораи қазияаш ба Радиои Озодӣ муроҷиат карда буд.

Дар номааш навишта буд, ки пас аз муроҷиат ба сомонаи президенти Тоҷикистон масъулони Додситонии ноҳияи Вахш ӯро “чап гирифтаанд” ва ба фурӯши ғайриқонунии замин муттаҳам медонанд. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, “чунин коре накардааст”.

Додситону додраси парванда борҳо ба ба ҳақ будани худу тафтишот таъкид карда, гуноҳҳои Шамсиддиновро собитшуда хондаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button