НАҶОТИ ЯК ҶАВОН ВА ДУ КӮДАК АЗ ҒАРҚШАВӢ ДАР СИРДАРЁ
Рӯзи 1 июн наҷотбахшони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд ҳангоми навбатдорӣ дар соҳили Сирдарё се нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки се сокини 25, 14 ва 10-солаи ноҳияи Ҷ.Расулов дар як минтақаи мамнӯъ оббозӣ мекарданд ва баногаҳ ғарқ шуданд. Ин ҳолатро корманди КҲФ, ки дар манора навбатдорӣ мекард, тавассути дурбин дида, ба гуруҳи дидбонӣ, ки он лаҳза дар дохили дарё буд, хабар додааст.
Наҷотбахшон дар байни ҳамагӣ чанд дақиқа худро ба ҷои ҳодса расонда, ғарқшудаҳоро наҷот додаанд ва ба соҳил бароварда, ба онҳо кумаки аввалия расондаанд. КҲФ мегӯяд, маҳз бо ҳарофати амали саривақти наҷотбахшон аз оқибати фоҷиабор пешгирӣ карда шуд.
Бино ба ҳисоби КҲФ, дар 5 моҳи аввали соли 2021 дар дарёҳо ва кӯлҳои Тоҷикистон алакай 36 нафар, аз ҷумла 15 кӯдаку навраси то синни 16 ҳалок шудаанд. Ин дар ҳолест ки мавсими оббозӣ дар кишвар тоза дар ҳоли авҷ гирифтан аст.
КҲФ бо назардошти ҳодисаи ахир бори дигар аз сокинон хост, ки қоидаҳои бехатариро ҳангоми обоззӣ қатъиян риоя кунанд ва аз ҷумла:
– танҳо дар маконҳои иҷозатдодашуда оббозӣ кунанд
– дар ҳолати мастӣ ба об надароянд,
– танҳо ё дар соатҳои шабона оббозӣ накунанд,
– волидон кӯдакони худро дар соҳили кӯлу ҳавзу дарёҳо беназорат нагузоранд!