ВидеоТоҷикистонҶомеа

БОЗПУРСИИ ПИСАР ВА ҶИЯНИ РАИСИ НОҲИЯИ ПАНҶ БО ИТТИҲОМИ ДУЗДИИ ЧОРВОИ МАРДУМ

Мақомоти милисаи ноҳияи Панҷ ахиран як гуруҳи дуздонро ошкор карданд, ки дар 26 ҳолати дуздии асосан чорвои сокинони ҷамоати Озодагон гумонбар мешаванд. Вале таҳқиқи ин парвандаи пурсарусадо хеле зуд ба сабаби шахсияти бархе аз гумонбаршавандаҳо рӯ ба кундӣ овард ва мақомот аз ҳар навъ суҳбат дар бораи ин қазия фирор мекунанд. Як фигурант ва ҳам шоҳиди асосӣ дар ин парвандаро ҳатто имкон додаанд, ки ба Русия бигурезад.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ аз ноҳияи Панҷ, ки ба шарти зикр нашудани номашон бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” суҳбат карданд,  мақомот дар аввал тақрибан як моҳ пеш Ҳиммат Шарипов ном сокини ҷамоати Озодагонро бо иттиҳоми даст доштан дар як силсила  дуздии чорвои мардум дастгир кардаанд. Шарипов дар ҷараёни бозпурсӣ иқрор кардааст, ки ӯ дар ин кор танҳо набуд, балки онҳо 5-6  нафар буданд ва аз ҷумла Суннатулло Шоев, писари раиси ноҳияи Панҷ Зарифхӯҷа Шоҳиён, соли таваллудаш 1992, ва ҳамчунин Шоев Қосим Азизович, писари бародари раиси ноҳия, ки соли таваллуди ӯ ҳам 1992 мебошад,  низ дар ин гуруҳ, ба қавли мардум, “қӯш” будаанд.

Мақомот писару ҷияни раиси ноҳия ва ҳамчунин гумонбаршавандаҳои дигар, аз ҷумла Донаев Комрон, писархолаи Қосим Шоев аз шаҳраки Панҷ, Некрӯзи Рустам ва Зоҳир Ҷӯрабековро, ки дар кумитаи замини ноҳияи Панҷ ба ҳайси котиб кор мекунад ва дар ин гуруҳи дуздон нақши ронандаро иҷро мекардаааст, дастгир ва бозпурсӣ кардаанд. Аксари ин бозпурсишудаҳо дар деҳаи Имом Машрабови ҷамоати Озодагон зиндагӣ мекунанд. Раиси ноҳия бо фарзандону хешовандонаш низ аз ҳамин деҳаи Имом Машрабов мебошад.

Ҳамсуҳбатони “Бомдод” мегӯянд, ки ин гуруҳ ба даст доштан дар дастикам 26 ҳолати дуздии асосан чорвои мардуми ҷамоати Озодагон гумонбар мешавад. Онҳо аз ҷумла ба дуздии ду буққаи Бахтиёр Сангаков, як ҷуфт ғуноҷини Ҷаҳлавов, гӯсфанди Содиқ Солиҳов айбдор мешуданд. Ҳамин тавр, ин гуруҳи дуздон, бино ба тафтишоти муқаддамотӣ, аз хонаи Кишвар арраи бензинӣ, помпаи обкашӣ ва чанд чизи дигарро дуздида,  велосипеди Аҳмад Алиевро низ бурда будаанд.

Як манбаи ба тафтиши ин қазия наздик ба “Бомдод” гуфт, кормандони милиса баъди овардан ва бозпурсӣ кардани писару ҷияни раиси ноҳияи Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер таҳти фишори шадид қарор гирифтанд ва аз ошкор кардани ин дастаи дуздон пушаймон ҳам шуданд.

Баъди чанд бозпурсии аввал тафтиши ин парванда дигар дар ҳоли муаллақ мондааст ва муфаттишон дар посух ба пурсиши ҷабрдидаҳо кӯшиш мекунанд, ки худро ба карӣ бизананд ваё дурӯғ бибофанд, ки гӯё дуздон бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ халос шудаанд. Ин дар ҳолест ки охирин афв дар Тоҷикистон соли 2019 буд ва аъзои ин даста дуздиҳои худро дар як соли охир содир кардаанд, ки шомили он афви ду сол пеш намешавад.

Зоҳир Ҷӯрабеков, ки вазифаи ронандаи дастаи дуздонро иҷро мекард, ҳоло оромона ба ҳайси котиб дар кумитаи замини ноҳияи Панҷ кор карда истодааст. Донаев Комрон, яке аз муттаҳамонро имкон додаанд, ки бидуни мамониат ба Русия сафар кунад. Бовар меравад, ки ба ин тариқ, як шоҳиди асосиро, ки метавонист дар бораи писар ва ҷияни раиси ноҳияи баёнот диҳад, гурезондаанд, то болои ин парванда сарпӯш гузоранд.

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер 5 майи соли 1964 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омада ва соли 1987 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси соҳаи обёрӣ (мелиоратор) хатм кардааст. Зарифхӯҷа Шоҳиён аз соли 2016 то 2019 раиси ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) буд. Дар тобистони соли 2019 зимни боздиди президент Эмомалӣ Раҳмон аз Сангвор ба ӯ як портрети модарашро туҳфа карданд, ки президентро сахт ба риққат овард ва ӯ ашк рехта, аз он афсӯс хурд, ки дар вақташ ба сабаби надоштани шароит ба хидмати волидони худ дуруст расида натавонист.

Дар ҳар сурат, Эмомалӣ Раҳмон ин туҳфаи Зарифхӯҷа Шоҳиёнро дар ёд гирифт ва баъди чанд рӯзи баргаштанаш аз сафари Сангвор Шоҳиёнро раиси ноҳияи хеле бузургтару муҳимтари Панҷ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон таъйин кард.

Вақтҳои охир дар бораи даст доштани писарони мансабдорон дар амалҳои ҷиноӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Ҳафтаи гузашта мақомоти милитсия расман эълони ҷустуҷӯи  Диловар Гулов, писари 25-солаи Шералӣ Гул,  вазири собиқи энергетикаву саноат ва қудои президент Эмомалӣ Раҳмонро нашр карданд. Алишер Гулов, бародари ӯ алакай дастгир шудааст. Гуловҳо дар робита ба як занозанӣ бо истифода аз корд, ки шаби 16 май дар тарабхонаи “СимСим” дар пойтахт  рӯй дод, ба авбошӣ айбдор мешаванд.

Диловар Гулов

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button