ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 31 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими душанбе, 31 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ХУДКУШИИ ФИРӮЗ ЁРОВ БАЪДИ ҚАТЛИ ЗАНУ ДУ ДУХТАРАШ ДАР ШЁЛКОВО

ҚАТЛИ МОДАР АЗ ДАСТИ ПИСАРИ НОХАЛАФ

Ӯ АЛАКАЙ ДАР РУСИЯ НЕСТ, ДАР ТОҶИКИСТОН БИҶӮЕД. ПОСУХИ МАЪНИДОРИ ВКД РУСИЯ БА “ГУРУҲИ 24”

МАРЗБОНҲОИ ТОҶИК ЯК ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИНИ ҚИРҒИЗИСТОНРО СУҚУТ ДОДААНД

ДУ ДОДСИТОНИ МУТТАҲАМ БА ҚАЛЛОБӢ  БО ҶАРИМА ХАЛОС ШУДААНД

ЧОЙНИКИ МАҲМАДАЛӢ ҲАИТРО БАРМЕГАРДОНАНД,  ВАЛЕ РАДИОЯШРО НЕ

ПАДАРИ “ҚАҲРАМОН”-И ВИДЕОИ “ДАРРО АЗ БЕРУН ПӮШ”-РО ҶАЗО ДОДАНД

НАҶОТИ МОДАРИ ДУ ФАРЗАНД ДАР ШАҲРИТӮС ВА ДУ ҒАРҚШУДА ДАР СУҒД

НАХУСТИН ҲАВОПАЙМО АЗ КӮЛОБРО ДАР ФУРУДГОҲИ ОМСК “ОБШАПАК” КАРДАНД  

ҲАЛОКАТИ МУСОФИР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ДУ МОШИН ДАР ШАҲРИСТОН

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Рӯзи 30 май аз як манзил дар қабати даҳуми як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Шёлковои вилояти Маскав ҷасади 4 нафар– ду духтари синнашон 11 ва 17 ва падару модари онҳоро пайдо кардаанд. Бино ба фарзияи муқаддамотӣ, падари ин хонавода Фирӯз Ёров, ки 42 сол дошта, зодаи Тоҷикистон аст, ҳанӯз дар поёни моҳи апрел дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ аввал ҳамсари 40-солааш Юлия ва сипас ҳарду фарзанди ноболиғашро бо корд зада куштааст ва баъди чанд рӯз худкушӣ кардааст.

Ҳамсояҳо бо гузашти чанд ҳафта аз самти ин хона омадани бӯи бадро ҳис карда, ба мақомот хабар додаанд. Пулис маҷбур шуд, ки дари хонаро зада бишиканад, чунки онро аз дарун қуфл зада буданд. Дар бадани модару ду духтараш захмҳои зиёди корд дида мешуд, вале дар бадани мард ягон захм мушоҳида нашудааст. Танҳо дар паҳлуи ҷасади Фирӯз Ёров шишаи холии уксус (сирко) пайдо кардаанд. Зоҳиран ӯ сирко нӯшида, худкушӣ кардааст.

Бино ба иттилои Telegram-канали LIFE SHOT,  ин оила аз лиҳози молиявӣ оилаи серу пур буд. Фирӯз Ёров  дар як ширкати мухобиротӣ дар мақоми баланди сардори департаменти рушд кор мекард, Ёровҳо соли 2010 шаҳрвандии Русияро ба даст оварда, баъди чанд соли иҷорашинӣ дар Маскав зимистони соли ҷорӣ қарзи ипотека гирифта, дар Шёлково манзили худро хариданд. Ҳарду духтари ӯ дар хона таҳсил мекарданд ва ҳамсараш Юлия ягон ҷо кор намекард.

Ҳамин сабаб шудааст, ки ғайб задани як оилаи иборат аз 4 нафарро дар тӯли чанд ҳафта касе пай набурдааст.

Гумон меравад, ки як сабаби қатли бераҳмонаи аъзои ин оила метавонад қарзҳои Фирӯз Ёров бошанд. Ба иттилои LIFE SHOT, Ёров дар қимори бозиҳои варзишӣ пули калон мегузошт ва қарздор шуда буд. Ба ин далел байни ӯву ҳамсараш зудзуд муноқишаҳо рух медод, ки охиринаш бо қатли ҳамсар анҷом ёфт. Зоҳиран Ёров сари қаҳр фарзандонашро ҳам зада куштааст.

Бовар меравад, ки Фирӯз Ёров баъди қатли зану ду духтараш чанд рӯз дар ҳамон хона ҳамроҳи ҷасадҳо истодааст. Аз ин сигори зиёде, ки ӯ кашидааст, шаҳодат медиҳад. Боқимондаи сигорҳоро бо шишаи холии уксус аз назди кати хоби Фирӯз Ёров пайдо кардаанд.

Олга Врадий, сухангӯи раёсати тафтишоти вилояти Маскав гуфт, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

ххххххххххххххххх

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як сокини 22-солаи сокини ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав бо иттиҳоми қатли модараш дастгир шудааст. Бино ба гузориши ВКД, ин ҷавон рӯзи 28 май, тахминан соати 18:00 “дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо модараш, зани 53-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол карда, бо дастонаш ӯро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.”
ВКД дар бораи ин ҳодиса ва сабабҳо даст ба ҷони модар задани фарзандаш дар Шаҳринав тафсилоти дигар надодааст ва танҳо гуфтааст, ки “аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад”.

Даст бардоштан ба сари падару модар, чӣ расад ба қатли онҳо, амали нангинест, ки дар ҷомиаи суннатии Тоҷикистон шадидан маҳкум мешавад ва падаркушу модаркуш, сарфи назар аз онки чӣ далеле доштанд, радди маърака эълон мешаванд. Вале бо ин вуҷуд ҳар сари чанд вақт аз Тоҷикистон дар бораи қатли волидон бо дасти фарзандони онҳо хабарҳо ба даст мерасанд.

Аз ҷумла Абдуллоев Олимҷон, соли таваллудаш 1985, сокини  қаблан ҳам судшудаи ноҳияи Ашт, рӯзи 23 январи соли 2015  “бо санг ба сару рӯи модараш Абдуллоева Тиллобибӣ, с.т. 1948, якчанд маротиба мезанад, ки дар натиҷа модараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.»

Соли 2017 додгоҳи минтақаи Кӯлоб сокини деҳаи Қайнар аз канори шаҳри Сарбанд Тағоймурод Мировро бо ҷурми  одамкушӣ бо бераҳмии махсус ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Миров ба он айбдор дониста шуд, ки модараш Садафмоҳ Нуроваро бо бел зада ва сипас дар манзили иҷорааш дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара зери хок кардааст. Ҳамин тавр, як марди 42-солаи сокини ноҳияи Ашт рӯзи 21 ноябри соли 2017  падари 86-солаашро бо як зарбаи асо кушт.

Моҳи сентябри соли 2017 сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Нарзуллоев Некбахт, соли таваллудаш 1992, падари 47-солааш Ғайрат Нарзуллоевро бо бел зада кушт. Вазорати дохила гуфт,  майзада будани падар сабаби ин куштор шудааст.

Ҳамин тавр, гузориш шуда буд, ки як марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварз рӯзи 13 сентябри соли 2017,  падари 65-солаашро бо 5 зарбаи корд ба ҳалокат расонд.

хххххххххххххх

ВКД Русия дар посухи расмиаш ба роҳбари ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар хабар дод, ки намояндаи ин созмон дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳанӯз рӯзи 18 май қаламрави Русияро тарк кардааст. ВКД Русия ба “Гуруҳи 24” тавсия додааст, ки барои ҷустуҷӯи ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

“Гуруҳи 24” қаблан хабар дод, ки намояндааш дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон аз нимарӯзии 18 май дар Маскав бедарак шудааст.  Ҳамсафонаш тарс доштанд, ки мақомоти Русия ӯро мисли бисёри дигар аз фаъолони оппозитсияи тоҷик ба Тоҷикистон супурдаанд.

Посухи расмии ВКД Русия ва бавижа тавсияаш ҷиҳати муроҷиат ба мақомоти Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи Раҳматҷони Маҳмадҷон баёнгари он аст, ки  ин фаъоли “Гуруҳи 24” ба эҳтимоли ғолиб алакай ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба таври расмӣ ё ғайрирасмӣ ин қазияро шарҳ надодаанд.

Раҳматҷони Маҳмадҷон 31 сол дорад. Ӯ соли 2014 , ба  “Гуруҳи 24” пайваст ва баъди аз Русия ва дигар кишварҳои СНГ ба Аврупо ҳиҷрат кардани бахши аъзами тарафдорони “Гуруҳи 24” дар Русия монда, чанд соли охир намояндаи ин гуруҳ дар Русия буд.

Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳамроҳи чанд узви дигари “Гуруҳи 24” 24 июни соли 2020 алайҳи иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради Ғалаба дар Маскав раҳпаймоии эътирозӣ доир карда буданд. Ӯ ва Шобудин Бадалов, боз як узви фаъоли “Гуруҳи 24” баъди он эътироз як моҳро пушти панҷара ба сар бурда, танҳо рӯзи 24 июл пурра озод шуданд.

Шобудин Бадалов 1 сентябри соли 2020 дар шаҳри Нижний Новгороди Русия дигарбора аз тарафи афроди номаълум боздошт шуд. “Гуруҳи 24” рӯзе баъд эълон кард, ки Бадаловро алакай ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Вале то ҳол мақомоти Тоҷикистон истирдоди Бадаловро расман тасдиқ ё рад накардаанд ва сарнавишти ин узви “Гуруҳи 24” ҳамчунон номаълум боқӣ мемонад.

хххххххххххххх

Марзбонҳои тоҷик шаби 30 ба 31 май дар фазои деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон як ҳавопаймои бесарнишин (дрон)-и Қирғизистонро бо тири силоҳ зада, аз байн бурдаанд. Дар ин бора дар Фейсбук  блогери муқими Чоркӯҳ Исматулло Тағоев, ки бисёр вақт мақомоти қудратии мустақар дар марзи Исфара хабарҳои марбут ба вазъи сарҳадро тавассути ӯ нашр мекунанд, хабар дод.

Тафсилоти дигар дар бораи ин ҳодиса оварда нашудааст. Мақомоти расмӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Ин хабар дар ҳолест, ки ҳамагӣ як моҳ пеш, дар рӯзҳои поёнии моҳи апрел дар марзи се ҷамоати Чоркӯҳ, Ворух ва Сурхи Исфара бо ноҳияи Бодканд ва дар марзи ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон задухӯрдҳои мусаллаҳонае сурат гирифт, ки дар ҷараёни он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта ва 154 нафар захмӣ гардида, аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 нафар маҷруҳ шуданд. Ин задухӯрдҳо пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ шумурда мешавад.

Ҳоло вазъ дар марз нисбатан ором шудааст, вале ҳафтаи гузашта дар бораи боздошти дастикам 5 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон гузориш шуд. Аз ҷумла се сокини Хоҷаи Аълоро замоне дастгир карданд, ки онҳо дар минтақаҳои баҳсии марз чорвои гумшудаи худро ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳамаи ин 5 нафарро дар натиҷаи музокирот бо мақомоти қирғиз озод карданд.

ххххххххххххххх

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҷазои ду додситонро, ки ба “қаллобӣ ба миқдори калон” айбдор мешуданд, бо ҷарима ба маблағи наздик ба 200 ҳазор сомонӣ иваз карда, аз ҷавобгарӣ озод намудааст.  Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Сайфиддин Баҳриддинзода, муфаттиши собиқи додситони ноҳияи Шоҳмансур ва Манучеҳр Аҳмадзода, додситони пешини шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар мавриди ноболиғон дар вилояти Суғд охири моҳи феврал ба қаллобӣ айбдор шуданд.

Сайфиддин Баҳриддинзода то замони ҳукми додгоҳ дар боздошт буд, аммо Манучеҳр Аҳмадзода бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор дошт. Ҳоло ҳарду озод шудаанд.

Аҳмадзода ба он айбдор мешуд, ки ҳангоми дар додситонии ноҳияи Рӯдакӣ кор карданаш бо сӯуистифода аз ваколат заминҳои кишоварзии ноҳияи Рӯдакиро ба сокинон фурӯхтааст. “Баъдан, ҳуҷҷати чанд сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки замин барои манзили зист гирифта буданд, қалбакӣ баромад. Онҳо гуфтанд, ки барои гирифтани замин ба Аҳмадзода пул додаанд”, — гуфтааст як манбаи Радиои Озодӣ.

Падари ӯ Музаффар Аҳмадзода, полковники адлия ва аз моҳи майи соли 2020 муовини аввали раиси Агентии  мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аст.

Сайфиддин Баҳриддинзода моҳи январи соли ҷорӣ ёвари додситони ноҳияи Шоҳмансур таъин шуд ва аз ин пеш дар додситонии ноҳияи Фирдавсии Душанбе кор мекард, Ба гуфтаи мақомот, нисбат ба ӯ замоне парванда боз шуд, ки нафаре бо номи Давлатшоҳ Гиёев, сокини Душанбе, бо гумони талаби “пора” аз як тоҷир боздошт шуд. Гиёев шоҳидӣ додааст, ки ӯ бо супориши Баҳриддинзода аз он тоҷир “доля” талаб карда буд.

Дар солҳои охир мавридҳои ҳамчун қаллобӣ корбаст кардани парвандаҳои порагирии мансабдорон ва  бо ҷарима халос хӯрдани ин мансабдорон дар Тоҷикистон хеле зиёд шудааст. Коршиносон бар инанд, ки бо чунин шеваи бархӯрди “раҳмдилона” нисбат ба мансабдорони порахӯр Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ наметавонад бар коррупсия, ки дар ин кишвар ба як марази фарогир табдил ёфтааст, ғолиб биояд. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар радифи 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад.

xxxxxxxxxxxxx

Генерал Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 29 май Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари сиёсатмадори зиндонӣ Маҳмадалӣ Ҳаитро ба ҳузур пазируфта, аз се дархости оқои Ҳаит танҳо якеашро пазируфтааст.

Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ),  ки соли 2016 ба ҳабси умрбод маҳкум шуд а, ҳукмашро дар боздоштгоҳ ё СИЗО №1 Душанбе адо мекунад,  дар 6 моҳ танҳо ба як мулоқот бо наздиконаш ҳақ дорад. Рӯзи 22 май дар дидори охирин бо наздикон ӯ хостааст, то чанд арзашро ба раиси идораи зиндонҳо бирасонанд.

Сиёсатмадори зиндонӣ аз ҷумла хостааст, то ӯро аз як маҳбусе, ки бо ҷурми куштори чанд зан адои ҳукм мекунад, ҷудо кунанд ва бо бо зиндониёни дигар, аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ, нигоҳ доранд.  Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамчунин гуфтааст, масъулони зиндон чойники обҷӯшонии ӯ ва ҳам радиояшро ба ин сабаб, ки радиои Озодиро гӯш мекунад, гирифтаанд.

Вале генерал Умаров, ба гуфтаи Савринисо Ҷӯрабекова гуфт, рӯзи шанбе аз ин се дархост танҳо якеро пазируфта, ваъда додааст, ки чойники обҷӯшониро ба Маҳмадалӣ Ҳаит бармегардонанд.

“Дар мавриди радио гуфт, дар долонҳои зиндон баландгӯякҳои радио фаъоланд ва зиндониён метавонанд, онро гӯш кунанд, кофӣ аст. Дархости иваз кардани ҳамҳуҷраашро ҳам рад карда, гуфт, вақте одам дар зиндон афтод, ҳамроҳи одамкушу террорист ва ҷинояткорони дигар адои ҷазо мекунад ва ин хилофи қонун нест”, – гуфт Ҷӯрабекова ба Радиои Озодӣ.

Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамеша, аз ҷумла дар додгоҳ парвандаи худро сирф сиёсӣ номида, муътақид аст, ки ӯро барои фаъолиятҳои оппозитсиониаш зиндонӣ кардаанд.

Маҳмадалӣ Ҳаит 20 октябри соли 1957 дар деҳаи Ғиждалободи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, соли 1980 риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст. Ӯ солҳои 80 дар Афғонистон дар саффи ГРУ, идораи ҷосусии ҳарбии Артиши Шӯравӣ хидмат карда, соли 1992 мудири радиои Тоҷикистон буд.

Соли 2018 Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал ҳукми Маҳмадалӣ Ҳаитро ғайриқонунӣ баровард ва аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ӯро озод кунад. Вале мақомоти Тоҷикистон аз иҷрои ин тавсияи Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал даст кашиданд.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

РВКД Душанбе хабар дод, ки “қаҳрамон”-и видеои пурсарусадои аз синф пеш кардани муаллимаро дастгир карда, волидони ӯро ба ҷавобгарӣ кашондааст.

Рӯзи 30 май журналист Мирзоҷони Фархорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр кард, ки чӣ гуна як хонандаи мактаб “Дарро аз берун пӯш!” гуфта, муаллимаашро аз синфхона берун мекунад ва ҳамсабақонаш ин амали ӯро бо хушиву шодӣ истиқбол мекунанд. Ин видео мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овард ва аксарият аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорати маориф талаб доштанд, ки ин хонандаи бетарбияро ҷазои сазовор бидиҳанд.

РВКД Душанбе гқфт, алакай баъди як соат шахсияти “қаҳрамон”-и видеоро муайян карданд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки ин амал аз ҷониби ноболиғ Ф.М. санаи таваллудаш 30.03.2004 сокини кӯчаи Н.Қарабеви хонандаи синфи 11 «А» МТМУ №76 ноҳияи Фирдасӣ содир гашта, бо як беэҳтиромӣ муаалимаи фанни алгебра шаҳрванд Ф.М.-ро аз синфхона берун мекунад”, – хабар дод маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Бино ба ин манбаъ, кормандони милитсия бо нисбати ноболиғ Ф.М. ва ҳамсабақонаш суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида, дар робита ба ин қазия нисбат ба падари вай шаҳрванд Лиқоев Некрӯз Фармонович, санаи таваллудаш 07. 04. 1972, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд бар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардаанд. Ба Лиқоев бар асоси ин банди қонун  огоҳӣ ваё ҷарима ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 180 то 300 сомонӣ) таҳдид мекунад.
 Дар ҷомиаи Тоҷикистон иззату эҳтиром ба омӯзгор яке аз арзишҳои суннатӣ ба шумор рафта, дар абёти шоирони классики тоҷик ҳатто ҷойгоҳи устод аз ҷойгоҳи падару модар низ боло гузошта мешавад. Дар ҷомиа ҳар навъ бадрафторӣ нисбат ба муаллим шадидан маҳкум карда мешавад, вале ҳолатҳои бадрафтории шогирдони бетарбия нисбат ба омӯзгорон гоҳо ба чашм мерасад.

ххххххххххххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи ҷумъа, 28 май  дар кишвар се ҳодисаи ғарқ шудани одамон сабт шудааст.

Дар як ҳолат дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритӯс модари ду фарзандро наҷот додаанд, вале дар вилояти Суғд як навраси 15-сола ва як ҷавони 19-сола ҷон бохтаанд.

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, рӯзи 28.05.2021 як сокини 26-солаи деҳаи Лубиёкори ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритӯс, модари ду фарзанд ҳангоми убур аз пули деҳа ба дарёи Кофарниҳон афтодааст. Сокинони ҷамоати Тахти Сангин тавонистаанд сари вақт ба кумаки ин зан расида, ӯро аз дарё бароранд ва наҷот диҳанд. КҲФ гуфт, ба ин зан дар ҷои ҳодиса ёрии аввалини тиббӣ расонида, баъдан ӯро барои идомаи ташхиси вазъи саломатӣ ва муолиҷа ба беморхонаи ноҳиявӣ интиқол додаанд.

Ва аммо ду мавриди дигари ғарқшавии шаҳрвандон дар рӯзи 28 май чунин фарҷоми хуш надошт. Тибқи маълумоти Раёсати Кумита дар вилояти Суғд,  рӯзи 28 май, тахминан соати 15:30 наҷотдиҳандагони дастаи махсуси наҷоти шаҳри Хуҷанд ба мавзеъи Истак, ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон, ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар гардиданд. Бино ба хабари дарёфтӣ, як навраси 15-сола дар ҷойи барои оббозӣ мамнӯъ оббозӣ карда, баногаҳ ғарқ шудааст.

Бо роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ҷасади ӯро аз дарё берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор таслим намуданд. 

Бегоҳии ҳамин рӯз, тахминан соати 18:00 хабари дар дарё ғарқ шудани як шаҳрванди 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Суҷина, деҳаи Суҷинаи шаҳри Панҷекат расид. Ӯ низ дар ҷойи мамнӯъ барои оббозӣ вориди об шудаву туғёни азим ва талотуми мавҷ ин ҷавонро ба коми дарё кашидааст. Наҷотдиҳандагони бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ҷасади ӯро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Дар 5 моҳи аввали соли 2021, бино ба омори КҲФ, дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дастикам 36 нафар, аз ҷумла 15 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шудаанд.

ххххххххххххххххх

Рӯзи 29 май дар фурудгоҳи шаҳри Омски Русия нахустин ҳавопаймо аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон омад. Дар хатти нишасти фурудгоҳи Омск ҳавопаймои ширкати S7 Airlines (“Сибирь”)-ро ду мошини сӯхторхомӯшкунӣ истиқбол гирифта, аз ду тараф ба сӯи ҳавопаймо фаввораи обро сар доданд. Дар натиҷа ҳавопаймо бо мусофиронаш аз зери “арки обӣ”гузашт, ки хеле хотирмон буд.

Хадамоти матбуоти фурудгоҳи Омск бо нашри аксу видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, бо “салюти обӣ” ё “душ” пешвоз гирифтани ҳодисаҳои муҳим ва ҳамчунин нахустин парвозҳо аз ин ё он шаҳр дар бисёре аз фурудгоҳҳои дунё ба ҳукми анъана даромадааст ва бо анҷоми ин анъана умед мебанданд, ки парвоз дар ин ё он хатсайр дер давом кунад ва поянда бошад.

Парвозҳои чартерии ширкати S7 Airlines  бо хатсайри Кӯлоб — Омск то 26 июн пешбинӣ шудаанд. Идомаи ин парвозҳо ва ҳамчунин имкони парвозҳо аз Омск ба Кӯлоб низ дар дасти баррасӣ қарор дорад ва аз муваффақияти парвозҳои аввал аз Кӯлоб ва ҳамчунин аз тасмимҳои баъдии мақомоти ду кишвар дар бобати пандемияи коронавирус вобаста аст.

Русия аз 1 апрел ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Барои анҷоми парвозҳои мунтазам ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Ютэйр” иҷозат ба даст оварданд ва барои парвозҳои чартерӣ 4 ширкати русии “Северный ветер”, “Сибирь”, “Уральские авиалинии” ва “Ямал”.

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 17 май “Северный ветер” ва “Сибирь”-ро ба боло бурдани нархи чиптаҳояш айбдор кард ва аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум кард. “Сибирь” рӯзи 21 май аз нав барои анҷоми парвозҳо иҷозат гирифт, вале ба “Северный ветер” дигар иҷозати парвоз надоданд.

Мардум аз мақомот норозигӣ мекунанд, ки ду моҳ боз наметавонанд нархи парвозҳо ба Русияро пойин биоранд. Нархи парвозҳо  ҳоло аз 700 доллар то 1200 доллар барои як тараф аст, ки ин назар ба парвозҳо аз  Ӯзбекистон ва Қирғизистон чанд маротиба (!!!) гаронтар аст.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Рӯзи 29 май, тахминан соати 12:10, бар асари бархӯрди ду мошини тамғаи «Тойота-Королла» ва “Мерседес Бенс” дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Чаноқ-Душанбе», дар ҳудуди мавзеи “Қумбел”-и ноҳияи Шаҳристон мусофири “Тойота Королла”, Ҷумъаев Содир, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи “Тойота” Одилзода Баҳром, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати Гули Сурх ва мусофири дигараш Сироҷиддинов Аслиддин, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд. ВКД гуфт, садама бо айби ронандаи “Тойота” рӯй додааст, ки бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба “Мерседес”-и  таҳти идораи Шермирзоев Юнусалӣ, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Бохтар, бархӯрдааст.
хххххх

Сокини 30-солаи Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки тахминан соати якуними шаби 26 ба27 май пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии сокини 43-солаи ҷамоати Навобод шуда, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф) ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

Сокини 25-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 24 май, тахминан соати 15:30  аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати Зиракӣ як сар чорвои калони мутааллиқ ба сокини 40-солаи Зиракиро дуздида, ба соҳиби гов 6 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

Сокини 25-солаи Конибодом ба он гумонбар мешавад, ки шаби 29 май, тахминан соати 01:20, аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «С.Турсуной»-и ҷамоати Пӯлотон як сар чорвои калонро дуздида, ба соҳиби чорво – сокини 32-солаи Пӯлотон 7 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button